22:19:18 24-уми Августи 2025 сол
Таъхири дигарбораи мурофиаи Тутубалина ва Иттиҳодияҳои эҷодӣ 21.10.2013 17:42 827
Мурофиаи додгоҳии иттиҳодияҳои эҷодӣ ва Олга Тутубулина аз сабаби ҳозир нашудани даъвогарони асосӣ бори дигар ба таъхир андохта шуд. Намояндаи ваколатдори сарварони Иттиҳодияҳои эҷодӣ Рустам Устобев гуфтааст, ки тибқи қонун онҳо ӯҳдадор нестанд ба мурофиа ҳозир шаванд.
“Сангчарх”-и бародарон чоп шуд 21.10.2013 17:40 896
Нашриёти “Адиб” романи “Сангчарх”-и бародарон Шарифбек ва Ҳокими Азизро аз чоп баровард. “Сангчарх” романи детективӣ буда, пайгири як ришта ҷиноятҳои муташаккил дар деҳоти дурдасти кӯҳистон аст. Муаллифон бо офариниши саҳнаҳои хотирмони ҷиноӣҷасорат ва дониши фасеҳ доштани кормандони милитсияро нишон идодаанд.
«Оинаи беҷило» дар Корея 21.10.2013 17:38 1019
Дар миёни 299 филм аз бештар аз 70 кишвари олам, ки дар фестивали байналмилалии шаҳри Пусани Кореяи Ҷанубӣ пешкаш шуда буд, «Оинаи беҷило»-и коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саидов низ роҳ ёфт. Дар суҳбат бо хабаргузориҳо Носир Саидов аз истиқболи гарми бинандагон аз «Оинаи беҷило» изҳори хушнудӣ кардааст ва гуфтааст, ки ....
ЮНЕСКО “Ҷараёни озод”-ро нашр кард 21.10.2013 17:35 849
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Президенти кишвар ЮНЕСКО дар Тоҷикистон китоби мусаввареро бо номи «Ҷараёни озод» интишор додааст, ки ба натиҷаҳои Конфронси имсолаи байналмилалӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об бахшида шудааст.
Ҳоҷиёни тоҷик озими Душанбе мешаванд 19.10.2013 11:35 909
Шаби 19-ум ба 20-уми октябр аввалин гурӯҳи ҳоҷиён аз Арабистони Саудӣ ба Душанбе меоянд. Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикэйр», рӯзи 19-уми октябр ба мо гуфт, аввалин гурӯҳи 210 нафараи ҳоҷиён бо ҳавопаймои Боинг 757-200 аз ширкати «Тоҷик эйр» соати 23-20 дақиқа ба вақти маҳаллӣ озими Душанбе мешаванд.
Шаби эҷодии Темур Зулфиқоров дар Маскав 18.10.2013 10:21 1059
Шоми 11 октябр Маркази омӯзиши осори Лев Толстой, воқеъ дар шаҳри Маскав шаби эҷодии адиби шуҳратманд ва нависандаи оламшумули тоҷик Темур Зулфиқоровро бо ширкати ҷамъе аз ҳаводорони осораш, намояндагони хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, созмонҳои тоҷикон, аҳли фарҳанг ва адабиёти рус ва муҳоҷирони корӣ баргузор гардид.
Зинда ба зинда сӯхтани 13 муҳоҷир дар дохили мошин 13.10.2013 15:33 1075
Бар асари як садамаи ҳалокатбор дар вилояти Самараи Русия 13 муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла аз Узбакистону Тоҷикистон, дар дохили мошин сӯхта, ҳалок шудаанд.Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба масъулини сафорат дастур додааст, то ҳарчӣ зудтар дақиқ кунанд, ки оё дар байни қурбониёни садамаи Самара шаҳрвандониТоҷикистон будаанд ё хайр?
Сӯхтор дар бешазори деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод 12.10.2013 22:52 1198
Тибқи иттилои Абдураҳим Раҷабов, директори ташкилоти ҷамъятии Маркази пасткунии хавфи ҳолатҳои фавқулода, ки соати 19-и бегоҳии рӯзи 12-уми октябр бо идораи сомонаи «Рӯзгор» аз наздикиҳои ҷои ҳодиса дар тамос шуда буд, дар ҷангали атрофи деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод...
Боздошти як раҳбари Толибон ва сафари Ҷон Керрӣ ба Кобул 12.10.2013 09:41 864
Як сухангӯи вазорати дифои Амрико рӯзи ҷумъа аз боздошти Латиф Маҳсуд, аз раҳбарони баландпояи Толибони Покистон хабар дод.
Интишори маҷаллаи нав дар кишвар 10.10.2013 12:15 1010
Кино - чунин унвон дорад маҷаллаи нави илмӣ-оммавӣ ва баеиву публитсистӣ, ки ахиран бо кӯшиши КВД кино ва видеои "Тоҷиккино" дар шаҳри Душанбе чоп шуд. Муассисон дар сармақолаи он навиштаанд, ки ғояи таъсиси маҷаллаи ихтисосие бо забони тоҷикӣ солҳои пеш ба миён омадаву акнун имкони амалӣ гаштани он пайдо шудааст.
Таҷлили "Рӯзи фалак" дар Тоҷикистон 10.10.2013 12:02 1219
Имрӯз, 10-уми октябр ба унвони "Рӯзи фалак" дар Тоҷикистон эътироф шудааст ва ба ин муносибат маҳофили идона дар марказҳои фарҳангӣ дар шаҳру навоҳии кишвар баргузор мешавад.Манасим Мадёров, сардори раёсати санъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки омодагиҳо барои таҷлили "Рузи Фалак" ...
"Мехоҳем дар бораи фаъолияти дафтари ҲНИТ ва бинои он маълумот дошта бошем" 10.10.2013 11:59 829
Додситонии шаҳри Хуҷанд дафтари вилоятии Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистонро дар Суғдро мавриди тафтиш қарор додааст.Нуъмонҷон Очилов, раиси бахши шаҳрии ҲНИТ дар Хуҷанд 10-уми октябр ба мо гуфт, ки муфатиши Додситонии Хуҷанд ӯро рӯзи сешанбе даъват кард ва дар мавриди мақсаднок истифода шудани ...
Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли "харобаҳои Хоруғ" 10.10.2013 11:53 757
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими гузоштани хишти аввали сохтмони бинои 9 ошёна дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ширкат кард. Манбаъи мо мегӯяд, хишти аввали сохтмони бинои 9 ошёнаи истиқоматӣ тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳузури сохтмончиёну сокинони шаҳри Хоруғ гузошта шуд.
Оғози сафари Раҳмон ба вилояти Бадахшон 08.10.2013 13:15 928
Субҳи рӯзи сешанбе раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми сафаре корӣ ба вилояти Бадахшон, дар шарқи ин кишвар, сафар кард. Бар асоси иттилоъи сойти расмии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафари серӯзаи худ ба Бадахшонро аз ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз оғоз кардааст.
Кашмакаши ходимони пулис ва БДА дар Хоруғ 05.10.2013 17:37 934
Як хизматчии нирӯҳои дохилии Вазорати дохилии Тоҷикистон дар Бадахош ба гумони авбошӣ ва баҳамзадани тартиботи ҷамъиятӣ бозпурсӣ мешавад. Манобеи Раёсати корҳои дохилаи Бадахшон мегӯянд, ки асноди зарурӣ барои оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи як афсари нирӯҳои дохилии ин вазорат бо ҷурми авбошӣ...