00:28:54 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

"Мехоҳем дар бораи фаъолияти дафтари ҲНИТ ва бинои он маълумот дошта бошем"

Додситонии шаҳри Хуҷанд дафтари вилоятии Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистонро дар Суғдро мавриди тафтиш қарор додааст.

nahzati-islom-459889Нуъмонҷон Очилов, раиси бахши шаҳрии ҲНИТ дар Хуҷанд 10-уми октябр ба мо гуфт, ки муфатиши Додситонии Хуҷанд ӯро рӯзи сешанбе даъват кард ва дар мавриди мақсаднок истифода шудани дафтари ҲНИТ дар вилоятро мавриди пурсиш қарор дод.

Вай гуфт, муфатиш аз ӯ пусридааст, ки бинои дафтари ҳизби онҳо оё мақсаднок истифода мешавад ва ё ба кадом масъалаҳои дигар низ машғул аст? "Ман баёнот навистам ва шарҳ додам, ки таи 8 сол ин бинои бахши вилоятии ҳизб аст ва тибқи Оиномаи он фаъолият дорад», афзуд ҷаноби Очилов.

Нуъмонҷон Олчилов меафзояд, ки имрӯзҳо барои ҷамъоварии имзо машғул ҳастанд, лекин бо ин давъатҳо онҳоро гирифтори масъалаҳои дигар мекунанд ва намегузоранд вазоифи ҳизбиашонро иҷро кунанд.

Ба нақли вай бинои дафтари ҲНИТ дар гузашта мағозае бо номи «Фарангис» будааст ва як нафар 10 сол қабл онро харидорӣ карда ҳамчун иҷора ба ихтиёри наҳзати исломӣ додааст.

Очилов гуфт, «Ман дар баёнотам ҳамаи таърихи гузаштаи ва имрӯзаи биноро навиштам ва ба дасти муфатиш додам, лекин ин бори чандум аст, ки дафтари моро тафтиш мекунанд».

Дар ҳамин ҳол Абдумуннон Зоҳидов, муфатиши Додситонии шаҳри Хуҷанд ба мо даъвати масъули шаҳрии ҲНИТ ба додситниро тасдиқ кард ва гуфт, ки мо фақат мехоҳем дар бораи фаъолияти дафтар ва бинои он маълумот дошта бошем.

Ҷаноби Зиҳидов, гуфт даъвати намояндаи ҳизхби наҳзати исломӣ на ба хотири фишор ба ҳизб ва на барои интихобот аст, "мо баёнотро гирифтем ва ҷавоб додем, лекин агар зарур донем боз даъват мекунем», зикр кард Абдуманнон Зоҳидов.

Намояндагони бахши вилоятии ҲНИТ мегӯянд, ки дар соли гузашта бо ҳамин роҳ фаъолияти дафтарро тафтиш намуданд ва ҳудуди 8 ҳазор сомонӣҷарима баста буданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi