01:32:13 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Зинда ба зинда сӯхтани 13 муҳоҷир дар дохили мошин

Бар асари як садамаи ҳалокатбор дар вилояти Самараи Русия 13 муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла аз Узбакистону Тоҷикистон, дар дохили мошин сӯхта, ҳалок шудаанд.

sukhtor-pazhar-455454Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба масъулини сафорат дастур додааст, то ҳарчӣ зудтар дақиқ кунанд, ки оё дар байни қурбониёни садамаи Самара шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд ё хайр? Сухангӯи сафорат Муҳаммади Эгамзод дар номаи хиттие ба мо дар ин робита навишт, "зеро хабарҳои расонаҳо дар ин мавзӯъ мухталифанд.Айни замон, консулгарӣ бо мақомоти расмӣ ва сохторҳои қудратии ин минтақаи Русия дар тамосанд ва ҷузъиёти бештарро муайян мекунанд. Агар худо накарда, дар байни баҳалокарасидагон шаҳрвандони мо бошанд, сафорат ҳуввияти эшонро муайян ва дар интиқоли ҷасади онҳо ба Ватан мусоидат хоҳад намуд."

Бино ба гузориши сомонаҳои русӣ, садама шаби 12 ба 13 октябр, соатҳои тақрибан 23:50, дар километри 132-юми шоҳроҳи Самара – Болшая Черниговка (шоҳроҳи мавсум ба М32), дар ҳудуди ноҳияи Болшая Черниговка  рух додааст. Гуфта мешавад, як мкроавтобуси тамғаи Toyota  бо 14 мусофир ба иллати кафидани чархаш ба самти муқобили роҳ баромада, бо мошини боркаши Merсedes бархӯрдааст. Бар асари бархӯрд балони газ дар дохили микроавтобус таркида,  доманаи оташ дар як они воҳид толори онро мепечонад ва ҳеҷ кадоме аз мусофирон худро берун кашида наметавонад.

Бар асари ин садамаи муҳлик 13 нафар аз мусофирони микроавтобус ҳалок шуда, ронанда ва танҳо мусофиреро, ки аз ин садама ҷон ба саломат бурдааст, дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол додаанд. Микроавтобусро як сокини вилояти Нижний Новгороди Русия ва мошини боркаши Merсedes-ро як шаҳрванди Қазоқистон ронандагӣ мекардаанд.

Бино ба хабарҳо, дар дохили микроавтобус ба ҷуз аз ронанда, дар маҷмӯъ 14 нафар – 11 шаҳрванди Узбакистон, 2 шаҳрванди Тоҷикистон ва  якеи дигар аз Озарбойҷон – сафар доштаанд. Пулис сабабҳои садамаро таҳқиқ мекунад.

Хабарнигори шабакаи русии "Россия24" аз маҳалли ҳодиса гузориш дод, ки мусофирони микроавтобус зоҳиран ба самти марзи Қазоқистон сафар доштанд, то дар гузаргоҳи марзӣ ба шиносномаи худ муҳри вуруди дубора ба қаламрави Русия бизананд. Тибқи қонунҳои Русия, муҳоҷирони хориҷие, ки дар ин кишвар ҷои кору иқомати доим надоранд, бояд дар зарфи 90 рӯз Русияро тарк кунанд.  Хабарнигори "Россия 24" мегӯяд, микроавтобус замоне дучори садама шуд, ки то марзи Қазоқистон ҳамагӣ 60 километри дигар монда буд.

Наворе ки "Россия24" аз маҳалли садама нашр кард, нишон медиҳад, ки бар асари таркиши балони газ боми микроавтобус комилан канда шуда, баъди сӯхтор аз ин мошин танҳо як тӯда оҳани сӯхта мондааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi