11:29:26 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли "харобаҳои Хоруғ"

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими гузоштани хишти аввали сохтмони бинои 9 ошёна дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ширкат кард. Манбаъи мо мегӯяд, хишти аввали сохтмони бинои 9 ошёнаи истиқоматӣ тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳузури сохтмончиёну сокинони шаҳри Хоруғ гузошта шуд.

dar-khorugh-544546Ба гуфтаи ин манбаъ ин бинои 9 ошёна дар маҳалли "охирин нишонаҳои харобаҳои шаҳри Хоруғ" бунёд мешавад. Қабл аз ин раиси ҷумҳур Маркази мубориза бо бемориҳои силро ифтитоҳ карда ва  дар ҷамъомади ба истифодадиҳии хобгоҳ барои афсарон ширкат кард. Ҳамакнун қарор аст то чанд лаҳзаи дигар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ дар Боғи фарҳангу фароғати маркази вилояти Бадахшон сурат бигирад.

Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Хоруғ дар ҳоле ҷараён дорад, ки Кумииссиюни Марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯзи гузашта номзадии Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар интихоботи президентӣ расман сабти ном кард. Пас аз амалиёти нерӯҳои давлатӣ ба шаҳри Хоруғ дар тобистони соли гузашта, ин дуввумин сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба маркази вилояти Бадахшон аст.

Рӯзи 24 июли соли 2012, нирӯҳои давлатии Тоҷикистон бо талаби ба мақомот супурдани гумонбарони қатли раиси идораи амнияти вилояти Бадахшон генерал Абдулло Назаров амалиёти вижа алайҳи гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ дар шаҳри Хоруғро шурӯъ карданд. Ин амалиёт, ки даҳҳо кушта ба ҷо гузошт, танҳо чанд рӯз баъд бо эъломи оташбас миёни тарафҳои даргир бо миёнҷигии як гурӯҳи созмонҳои ғайридавлатӣ бо номи Гурӯҳи 20 ба поён расид.

Додситонии кул расман эълон дошт, ки дар ин амалиёт 22 мулкӣ ва 23 низомӣ кушта шудаанд. Мақомот мегӯянд, аз миёни мулкиён танҳо ду нафар ба гурӯҳҳои мусаллаҳ тааллуқ надоранд, аммо дар гузориши созмонҳои ҳуқуқи башар, наздикони онҳо гуфтаанд, ки пайванди онҳо ба ин гурӯҳҳо робитае надоштанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi