10:54:27 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Оинаи беҷило» дар Корея

Дар миёни 299 филм аз бештар аз 70 кишвари олам, ки дар фестивали байналмилалии шаҳри Пусани Кореяи Ҷанубӣ пешкаш шуда буд, «Оинаи беҷило»-и коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саидов низ роҳ ёфт. Дар суҳбат бо хабаргузориҳо Носир Саидов аз истиқболи гарми бинандагон аз «Оинаи беҷило» изҳори хушнудӣ кардааст ва гуфтааст, ки онро барои ширкат дар фестивали байналмилалии синамо, ки дар шаҳри Ченнаи Ҳиндустон доир мегардад, даъват кардаанд. 

oinai-bejilo-4555Филми "Оинаи беҷило» аз рӯи сненарияи Бахтиёр Каримов рӯи кор омадааст ва нахустнамоиши он авали моҳи октябр дар кинотеатри ба номи Ҷомии пойтахти кишвар баргузор шуда буд. Мусиқии филм аз ҷониби бастакор ва сарояндаи шинохтаи кишвар Далер Назаров навишта шуда, дар он ҳунармандони шинохтае аз қабили Муҳаммад Алӣ Маҳмадов, Аловуддуин Абдуллоев ва Моҳпайкар Ёрова нақшҳо офаридаанд. 

Сужаи филм оғозе ба масали филмҳои ҳиндӣ дорад. Ятимбача Ромиш қаҳрамони асоси ин филм Шаҳзодро ба қатл мерасонад ва аз қазо дили Ромишро бо дили Шаҳзоди қатлшуда иваз мекунанд. Вақте падари марҳум инро мефаҳмад, ба хашм меояд ва мехоҳад ӯро бикушад. Вале тадриҷан аз фикраш мегардад ва ӯро мебахшад. Ин аст, ки мегӯянд филм дар жанри драмаи психологӣ иншо шудааст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi