03:52:54 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

“Сангчарх”-и бародарон чоп шуд

Нашриёти “Адиб” романи “Сангчарх”-и бародарон Шарифбек ва Ҳокими Азизро аз чоп баровард. “Сангчарх” романи детективӣ буда, пайгири як ришта ҷиноятҳои муташаккил дар деҳоти дурдасти кӯҳистон аст. Муаллифон бо офариниши саҳнаҳои хотирмони ҷиноӣҷасорат ва дониши фасеҳ доштани кормандони милитсияро нишон идодаанд. 

sangcharkh-454545Шарифбек Азизӣ ҳуқуқшинос аст ва солиёни зиёде корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будааст. Аммо аз хеле замонҳо ба навиштани қиссаву ҳикоя ва повестҳои детективӣ машғул шуда, то ҳадде комёб ҳам шудааст. Қаҳрамонҳои офаридаи ӯ аз ҳаёти воқеъӣ гирифта шудаанд, вай кӯшидааст кордониву матонати кормандони хадамоти махсусро либоси бадеият пӯшонад ва муборизаи хайру шарро дар тимсоли онҳо нишон диҳад.

Шарифбеки Азиз муаллифи қиссаву романҳои “Ҷосус”, “Дурахши алмос”, “Пораи қанд”, “Порикоб”, “Бо навои борон”, “Сангҳои сари роҳ”  мебошад.

Ҳокими Азиз бошад, рӯзноманигор ва хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. То ин замон китобҳои пажуҳишиву илмии ӯ бо номҳои “Нақши хаёл ва ороишоти ҳунарӣ дар шеъри Мавлоно”, “Гуфтугӯ бо Лоиқ”, “Қалам аз пайи қадам”, “Сӯҳбати мардона”, “Дар меҳмонии адиб” интишор ёфтаанд. Дар айни замон сармуҳаррири маҷаллаи илмии “Илм ва инноватсия” мебошад. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi