14:54:50 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Интишори маҷаллаи нав дар кишвар

Кино - чунин унвон дорад маҷаллаи нави илмӣ-оммавӣ ва баеиву публитсистӣ, ки ахиран бо кӯшиши КВД кино ва видеои "Тоҷиккино" дар шаҳри Душанбе чоп шуд. Муассисон дар сармақолаи он навиштаанд, ки ғояи  таъсиси маҷаллаи ихтисосие бо забони тоҷикӣ солҳои пеш ба миён омадаву акнун имкони амалӣ гаштани он пайдо шудааст. Шоҳҷон Абдурасулов, сардабири нашрия дар сӯҳбат бо "Рӯзгор" ҳадафи таъсиси маҷаллаи ихтисосиро ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум ва афзудан ба донишҳои онҳо дар мавриди санъати кино номид.

kinoi-tojik-457889Дар нахустиншумораи он ёде аз коргардон ва ҳунарманди чирадасти тоҷик Комил Ёрматов, ки баъди иштибоҳот дар мавриди қадршиносӣ нашудани ҳунари волояш ба Узбакистон рафтаву дар рушди санъати кинои кишвари ҳамсоя хизматҳои арзишманд кардааст, мақолаи хондании киношинос Тиллои Некқадам чоп шудааст. Дар бахши дигар аз Марат Орипов ва Рӯдакии ӯ ёд кардаанд. Шералӣ Мустафоқулов навиштааст, ки "Тоҷиккино" ва "Тоҷикфилм"-ро мардум аз ҳам фарқ намекунанд.

Нашрия ҳамчунин дар бораи ҳунарманди шинохта Борис Кимёгаров  мақолаи доктори илмҳои фалсафа, фарҳангшинос Саъдулло Раҳимовро таҳти унвони "Ӯ парчамбардори фарҳанги тоҷик буд" интишор додааст. Муаллиф дар поёни мақола навиштааст, ки баъди вафоти ӯ дар таърихи 15 апрели соли 1979 синомои тоҷик то кунун дар он поя филми ҳамрадиф наёфаридааст. Ва муаммо ин ҷо на танҳо набудани маблағу имконоту васоит аст. Балки дар он аст, ки чунин филмҳоро эҷодкори асилу  нотакрор бо илҳому меҳри саршор ба тоҷикон ва фарҳанги онон сохтааст".

Нависанда Умари Шерхон бошад оид ба ҳаёт ва фаъолияти ҳунарманди шинохта Маҳмадсаид Пиров, ки ҳамакнун мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аст, матлаби хондание навиштааст. Таҳиягарони маҷалла бахши синамои хориҷиро ҳам дар он ҷо додаанд ва дар охир солрӯзи ҳунармандон ва киносозони тоҷикро овардаанд. 

Шоҳҷон Абдурасулов ба "Рӯзгор" гуфт, ки муассисон ният доранд ин маҷалла ҳармоҳа бошад, вале имконоти молиявии он боз ҳам бастаи фурӯши он аст, чун ҳазинаи дигаре барои чопи он дар даст нест.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi