23:31:51 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Фирори ду шаҳрванди Тоҷикистон аз дасти пулиси Туркия

Ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми истирдод аз Туркия ба Душанбе аз дасти пулис раҳо шуданд ва ба Сурия фирор карданд.

gurez-az-pulis-545665Ду ҷавони тоҷик 19-уми августи соли ҷорӣ аз сӯи кормандони Хадамоти муҳоҷирати Туркия дар марзи ин кишвар бо Сурия дастгир шуда, аммо зимни муҳокимаи додгоҳии истирдод ба Тоҷикистон, фирор кардаанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 5 октябр бо тасдиқи ин хабар дар сӯҳбат ба мо, гуфтанд, ки ин ҷавонон яке аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва дигаре сокини ноҳияи Рӯдакӣҳастанд.

Як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилӣ бидуни зикри номаш  гуфт, ки “ду ҷавони тоҷик бо ҳамроҳии ду нафари дигар дар таърихи 19-уми август, ҳангоме дар марзи Туркия боздошт шудаанд, ки мехостанд ба қаламрави Сурия гузаранд.”

Ба гуфтаи ин манбаъ яке аз инҳо Боймурод Холов, сокини 21-солаи деҳаи Оқмазори ноҳияи Ҳамадонӣҳамроҳ бо як ҷавони тоҷик ва ду нафари дигар аз кишварҳои мухталиф, тариқи худрав аз Русия то ба Туркия сафар карданд. Дар бораи ҷавони дуюм, ки дар Туркия ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон шиносоӣ шуд, маълумоти дақиқ дар даст нест.

Ин манбаъ афзуд, мақомоти интизомии Туркия ҳангоме Боймурод Холовро боздошт карданд, ки ӯ бо худ ягон шиноснома надошт надоштааст. Баъдан маълум шудааст, ки ҳуҷҷатҳои Боймурод, аз ҷумла шиносномааш дар дасти нафароне будааст, ки ин ҷавононро барои “ҷиҳод” ба Сурия мебурдаанд.

Боймурод Холов, ки дар соли чоруми Донишгоҳи технологии шаҳри Воронежи Русия таҳсил мекард, қабл аз пайвастан ба Давлати Исломӣ номашро иваз кардааст ва ӯ ба худ исми Аҳмадро гирифтааст. 

Ба иттилои пайвандонаш Боймурод аз аввалҳои августи соли ҷорӣ аз Русия ғайб зад ва ҳудуди 20 рӯз бо хонаводааш дар дар тамос набуд. Сабдарг Эшмуродова, модари Боймурод Холов, ки мегӯяд вақте писараш 20 рӯз бо онҳо тамос нашуд, онҳо аз нопадид шудани ӯ ниҳодҳои зирабти Тоҷикистонро огоҳ карданд. Пас аз ин Боймурод дар марзи Туркия бо Сурия боздошт шуда ва мақомот низ волидайнашро аз пайдо шудани ӯ дар ҷараён гузоштаанд. 

Ба гуфтаи Садбарг Эшмуродова, Боймурод, пештар ҳар ҳафта занг мезад ва волидонашро аз аз ҳолу аҳволаш огоҳ мекард. Аммо дар моҳи август ба якборагӣ тамосаш қатъ шуда ва волидайн низ муддати се ҳафта натавонистанд, бо ӯ иртиботи телефонӣ дошта бошанд. Модари Боймурод гуфт, “мо ба мақомот муроҷиат кардем, то писарамон мабодо ба Сурия наравад, аммо боз ҳам дер кардем“.

Бо он, ки мақомот волидайни Боймуродро аз ҳузури ӯ дар Сурия огоҳ кардаанд, аммо Садбарг Эшмуродова мегӯяд, онҳо намедонанд, ки фарзандашон дар кадом шаҳри Сурия аст.

Ин зан мегӯяд, агарчӣ онҳо талош кардаанд, ки Боймуродро ба ватан баргардонанд, аммо ҳамаи талошҳо бар бод рафт. Онҳо ҳамин қадар медонанд, ки ӯҳангоми интиқол аз боздоштгоҳ ба толори мурофиа фирор кардааст. 

 Садбарг Эшмуродова мегӯяд, ки писараш "андешаҳои озод дошт ва монеъи таҳсили хоҳаряш нашуд, ӯ кор ҷустуҷӯ мекард, ояд ваъдаи кор доданд ба писарам ва надониста рафтааст."

Ин зан аз писараш хоҳиш дорад, ки ба Тоҷикистон баргардад, аммо маълум нест,ки ин даъват ба гӯши ӯ кай мерасад. Боймурод Холов дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа дорад, аммо бародараш мегӯяд, ки ӯ баъди 5 август дигар ба шабакаҳо ворид нашудааст.

 Бино ба иттилои расмӣҳудуди 36 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз “Давлати исломӣ”аз Сурияву Ироқ ба ватан баргаштанд ва даҳҳо нафари дигар ҳангоми қасди сафар ба “ҷиҳод” дар хоки Тоҷикистону Туркия боздошт шуданд.

Тибқи оморҳои расмӣ, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ҳудуди Ироқ ва Сурия меҷанганд, беш аз 500 нафар буда, мақомот мегӯянд, то имрӯз даҳҳо нафари онҳо кушта шудаанд. 

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi