АЗОБИ ДӮЗАХ ВА ПӮСТИ ИНСОН
Дар яке аз кишварҳои исломӣ конфронсе дар бораи эъҷози Қуръони карим барпо гардида буд. Дар ин конфронс дар баробари донишмандони исломӣ донишмандони машҳуре, ки ба Ислом имон надоштанд, аз тамоми гӯшаву канори олам даъват шуда буданд.
Аллома аш-Шаъровӣ аз рафти ин конфронс достонеро ин гуна ривоят мекунад: "Проффессори тайландӣ Тогосот Тогосин, ки аз бузургтарин донишмандони ҷаҳон дар заминаи илми ташреҳ аст, дар ин конфронс дар бораи асабҳои инсон суханронӣ меронд. Суханронии ӯ бештар рӯйи ин меҳвар мутамарказ буд, ки асабҳои ҳиссӣ мустақиман дар зери пӯсти инсон қарор доранд, ба мисле ки агар пӯсти инсон бисӯзад дигар эҳсоси дард ҳам тамоман аз байн меравад.
Дар ин вақт яке аз донишмандони қуръоншинос аз ҷойи худ бархоста, ояти 56-уми сураи "Нисо"-ро, ки Худованд дар он аз азоби аҳли дӯзах сухан мегӯяд, тиловат кард: "Ба зудӣ касонеро, ки ба оятҳои мо куфр варзидаанд, дар оташи сӯзон дарорем, ки ҳаргоҳ пӯстҳояшон бирён гардад, (бисӯзад) пӯстҳои дигареро бар ҷояш ниҳем, то азобро бичашанд. Оре, Худованд тавонову ҳаким аст".
Сипас гуфт: «Худованди пок ба мо мегӯяд, ки азоби дӯзах барои кофирон азоби доимӣ ва бардавомест, ки ҳаргиз таваққуф намепазирад. Худованди доно, ки офаринандаи инсон аст, медонад, ки вақте пӯсти инсон бисӯзад, эҳсоси дард аз байн меравад, пас дар ин оят моро ба ин ҳақиқат огоҳ сохтааст, ки пӯсти бадани дӯзахиён ҳамин ки бисӯзад дубора ба фармони Худо(ҷ) пӯсти наве ҷойнишини он мегардад, то эҳсоси онҳо ба азоби илоҳӣ пайваста боқӣ бимонад».
Чун ин оят ба профессор Тогосот Тогосин тиловат гардид, ӯ гуфт: "Оё ба ростӣ, ин сухан чаҳордаҳ қарн пештар гуфта шудааст аст?" Гуфтанд: Оре. Гуфт: охир ин ҳақиқатест, ки илм тоза ба он пай бурдааст. Бинобарин мумкин нест, ки гӯяндаи он башаре бошад ва яқинан ин калом каломи Худои пок аст. Донишмандони азиз, инак вақти он фаро расидааст, ки ман дар назди шумо ба ин ҳақиқат гувоҳӣ диҳам, ки: "Худое ба ҷуз Худованди ягона нест ва Муҳаммад (с) фиристодаи ӯст". Онгоҳ бо нидои баланд шаҳодатайнро такрор кард".
Тасаввур кунед, ки агар Худо(ҷ) доимӣ будани азоби дӯзахиёнро ба дақиқтарин шеваи илмӣ барои мо баён намекард, чӣ иттифоқе меафтод? Яъне ин ҳақиқати илмӣ, ки асабҳои ҳиссӣ мустақиман дар зери пӯсти инсон қарор дорад ва чун пӯст бисӯзад эҳсоси дард аз байн меравад, кашф мешуд, аммо Куръони карим барои мо чӣ гуна доимӣ будани азобро баён намекард, он вақт нуктагирон аз Қуръон мегуфтанд: акнун илм мушкилии моро бо азоби Худои шумо ҳал кард.
Зеро пӯсти бадани мо дар дӯзах дар кӯтоҳтарин вақт месӯзад ва баъд аз он дигар мо ҳеҷ дарду ранҷеро эҳсос намекунем. Пас ҳамаи мабонии дини шумо бар асоси чунин пиндорҳое бино ниҳода шудааст ва шумо то кунун пайиҳам аз азоби ҷовидона сухан мегуфтед ва ҳоло илм омаду ин ҷовидонагии шуморо ботил кард. Ҳоло дигар мо бе парвотар аз ҳамеша бар роҳи куфрамон роҳ мепаймоем!?
Дар инҷо воқеан миёни Қуръони карим ва ҳақиқати илмӣ тасодум (бархӯрд)-и бузурге мешуд. Худованд дар оятҳои 74-75-уми сураи "Зухруф" мефармояд: "Бе гумон муҷримон дар азоби ҷаҳаннам мондагоранд. Азоб аз онҳо тахфиф намеёбад ва онҳо дар онҷо ноумедонанд". Қуръон, ки китоби Худованд(ҷ) аст, пас дар он кӯчактарин нуктагирие рост намеояд, аз ин рӯ дар ояти 56-уми сураи "Нисо" омадааст, то ин аломати истифҳомро барои ҳамеша аз миён бардорад.
Nahzat.tj
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/gunchahoiumed/4363-azobi-duzakh-va-pusti-inson.html
-
23.06.2026 13:36
1510
Пешвои сулҳ ва меъмори ваҳдат
-
05.05.2026 00:04
467
«Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи қонунгузории миллӣ»
-
22.03.2026 15:28
521
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
06.05.2026 14:20
423
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
438
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
519
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
310
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
1042
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1085
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
17.01.2026 11:47
952
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
759
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1444
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
11.07.2026 11:55
267
“Зи андоз аст гулгашти мусалло!”
-
10.07.2026 11:18
169
“Қонунгузориҳо вобаста ба истифодаи қувваи барқ!”
-
10.07.2026 11:12
165
“Қонунгузорӣ дар самти наклиёт назорат мешавад!”
-
18.05.2026 19:35
234
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
-
18.05.2026 19:15
284
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
419
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
22.12.2025 20:26
1041
Таърихи ташаккули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва аҳамияти созишномаи нави байниҳукуматӣ
-
10.12.2025 16:56
945
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1260
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
28.02.2025 13:34
2362
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2425
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3448
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
574
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1936
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2078
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
18.06.2026 23:00
1440
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1154
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21.11.2025 11:56
1037
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
10.07.2026 11:21
164
Ҷоми ҷаҳон 2026: Ноадолатӣ ба Эрон?
-
10.07.2026 11:01
162
Натиҷаи бозиҳои даври 1/4 ниҳоӣ – 9 июл
-
09.07.2026 11:55
205
Ноадолатӣ ба Миср ё таъсири сахти VAR?
-
10.07.2026 11:09
161
Роботи ҷарроҳ: Оё роботҳо метавонанд ҷони моро наҷот диҳанд?
-
09.07.2026 11:51
175
Телефони оянда: Смартфонҳое, ки аз шиша сохта шудаанд?
-
08.07.2026 12:48
390
Либоси ҳушманд: Чӣ тавр AI ҷомашӯиро ба таърих месупорад?










































