10:23:23 14-уми Июли 2026 сол

Устод Пайванд - пайвандгари наслҳо буданд

Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта - рафта чарх оламгир кард.

120302120935 tj gulmurordzoda 304aИн сатрҳо дер боз дар зеҳнам нишаста буд, вале ба маънояш он қадар сарфаҳм намерафтам. Ҳамакнун дарк мекунам, ки устод рӯшангари роҳи зиндагии ҳар яки мову шумост. Устод ягона шахсест, ки шабу рӯз нахобида, хуни дил хӯрда, ба мо, шогирдон, дарси одаму одамгарӣ, фарҳангу адаб ва илму маърифатро меомӯзонад, баду некро аз ҳам фарқ мекунонад...

Имрӯз дарк карда истодаам, ки:

Ҳар ки бе устод кард оғози кор,

Кору бори ӯ надорад эътибор.

Қаҳрамони мо устоди зиндаёд, рӯзноманигори варзида, олими шинохта, донишманду омӯзгори пуркори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шодравон Пайванд Гулмуродзода низ аз зумраи чунин шахсоне ҳастанд, ки баҳри ободиву сарсабзии Тоҷикистони соҳибистиқлол талош варзидааст ва бо меҳнати ҳалолу заҳмати беандоза соҳиби эҳтироми аҳли ҷомеа гаштаву ҷаҳони маънавиро мунаввар сохтааст.

Устод Пайванди Гулмурод (Пайванд Гулмуродзода) 20 - уми июли соли 1956 дар деҳаи тоҷикнишини Ӯхми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Соли 1973 дар зодгоҳаш мактаби тоҷикии рақами 14 - и ба номи Садриддин Айниро ба итмом расонда, ҳамон сол ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуд ва соли 1978 онро бо ихтисоси филолог - журналист хатм намуд. Баъди итмоми донишгоҳ чанд муддат дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба сифати муҳаррир кор кард ва аз соли 1980 то лаҳзаи вопасини умр ба ҳайси аспирант, муаллими калон, дотсент дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт ва ҳамзамон таи чанд соли охир дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Устод Гулмуродзода соли 1986 ба ҳайси муҳаққиқи коромӯз, сипас чун аспиранти кафедраи "Назария ва амалияи матбуоти шӯравӣ" - и факултети рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносови Россия ба омӯзиши публитсистикаи солҳои 20 - уми садаи 20 - и тоҷик машғул гардида, соли 1989 бори аввал дар Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 10.01.10 - журналистика дар мавзӯи "Ташаккули публитсистикаи шӯравии тоҷик" рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.

Ӯ дар сафи устодони некному накӯкораш Воҳид Асрорӣ, Мукаррама Қосимова, Абдусаттор Нуралиев, Иброҳим Усмонов ва чандеи дигар дар роҳи таъсису ба по мондани шуъбаи журналистика, факултети журналистика ва баъдан факултети журналистика ва тарҷумонии ДМТ талошу заҳматҳои зиёде ба харҷ додааст. Дар бунёд ва рушди минбаъдаи ин факултет низ заҳмати шодравон устод Пайванд Гулмуродзода хеле назаррас мебошад. Агар устодон Воҳид Асрорӣ, Иброҳим Усмонов, Абдусаттор Нуралиев ва чанде шогирдони онҳо бо чӣ талошу кашокашҳо, соли 1992 факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) - ро сохтанд, шогирди вафодори онҳо Пайванд Гулмуродзода бо ҳамкорони ҳамраъйаш факултетро ба даргоҳи бузурги тарбияи кадрҳои журналистикаи муосир табдил доданд.

Номбурда аз соли 1992 то соли 1996 ба ҳайси муовини декан оид ба илм фаъолият намуда, бори якум таи солҳои 1996 - 2001 ва бори дуюм солҳои 2005 - 2006 декании факултети журналистика ва тарҷумониро ба зимма дошт ва содиқона баҳри ободиву рушди ин даргоҳи маърифат хидмат кард. Баъдан аз соли 2006 то лаҳзаи охирини ҳаёт (соли 2013) дар кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ ба ҳайси дотсент фаъолияти пурсамар дошт.

Дар давраи роҳбарии устод Пайванд Гулмуродзода дар факултет нақшаҳои нави таълимии таҳсили бакалавр ва магистр таҳия гашта, шуъбаи журналистикаи байналмилалӣ кушода шуд. Нақшаи мукаммали таълим ва барномаҳои фанҳои таълимӣ мураттаб гардид.

Бо ташаббуси устод Пайванд Гулмуродзода соли 1997 дар назди кафедраи матбуоти факултети журналистика ва тарҷумонӣ (ҳоло факултети журналистика) нашрияи таълимӣ барои донишҷӯён бо номи "Қалам" таъсис ёфт, ки мавсуф аз соли 1997 то соли 2001 сардабирии онро бар ӯҳда дошт. Баҳори ҳамон сол устоди зиндаёд бо мақсади "сарсабзии бӯстони фарҳанги тоҷик ва роҳнамоии мардуми илмдӯсту фарҳангпарвар ба ин бӯстон" фаслномаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии "Гули мурод" - ро таъсис дод.

Агар дар “Рӯзи матбуоти тоҷик” ёдовар нашудан аз заҳматҳои устоди зиндаёд Пайванд Гулмуродзода барои мо, шогирдон носипосие беш нест. Зеро устод дар тарбия ва ба камолрасии шогирдон, ки аксари онҳо имрӯз дар ВАО - и Тоҷикистон бо муваффақият фаъолият доранд, саҳми намоён гузоштаанд. Таҳти роҳбарии устод 5 нафар муҳаққиқони ҷавон рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд. Маҳз бо талошу заҳматҳои устод Пайванд Гулмуродзода 11 - уми март ба унвони “Рӯзи матбуоти тоҷик” эътироф гардида ва ҳар сол ин санаи муҳими таърихиро Тоҷикистон таҷлил мекунад.

Ёд дорам, бори аввал соли дуюми донишҷӯӣ устод Пайванд Гулмуродзода ба мо дарс мегузаштанд. Устод аз зумраи мударрисоне буданд, ки ҳам сахтгиру ҳам ғамхор. Вақте дарсҳо ба итмом расиду давраи имтиҳонсупорӣ оғоз ёфт, устод як - як донишҷӯёнро қабул ва саволу ҷавоб намуда, баҳо мегузоштанд. Навбати ман расид ва ман ассалому алейкум гӯён ба синфхона ворид шудам. Устод бо чеҳраи кушод вале бо сиёсат ба саломам алек гирифтанд ва чанд саволе пешниҳод карданд. Аммо ман дар он вақт шояд ҳаяҷон пахш кард, ё ба гуфте дасту по хӯрдам, ба саволҳо ҳарчанд омода будам, ҷавоби пурраву қаноатбахш дода натавонистам. Аз чунин ранг гирифтани кор хиҷолат кашида, ранги рӯям дигар шуд. Ин лаҳза устод вазъиятро зуд тағйир дода, суханро ба дигар ҷониб кашида, аз зодгоҳ, обу ҳавою зебогии деҳа пурсон шуданд. Доир ба водии Зарафшон, шаҳри Панҷакент, деҳаҳои Ғӯйтану Рукнобод ва мавзеъҳои таърихии ин шаҳри қадима суҳбат кардем. Ин маврид ман бараъло эҳсос мекардам, ки устод Гулмуродзода мехостанд маро аз вартаи хиҷолат берун кашанд.

Сипас, сухан дар бораи яке аз наздикону хешу пайвандони оилаи мо, устод Фотеҳ Абдулло (тахаллусашон Ардамеҳр) оғоз шуд. Устод Гулмуродзода бо як эҳтироми хоса ва қалби пур аз самимият дар бораи ин нависанда ва рӯзноманигори соҳибқаламу соҳибмактаб сухан мекарданд. Инчунин устод Пайванд дар бораи як ҳамкурсашон бо номи Мисбоҳиддин Дӯстмуродов дар бораи донишҷӯиҳояшон ҳарф заданд, ки зодаи деҳаи Ғӯйтан мебошад.

Суҳбати мо бо устод Гулмуродзода ҳамагӣ чанд дақиқае давом ёфт ва дар интиҳо устод илова карданд, ки "ба эҳтироми ин шахси бароям хеле азиз устод Фотеҳ Абдулло ба Шумо баҳои "4" мегузорам". Ин маврид чи гуфтанамро намедонистам. Лаҳзае дар ҳайрат шуда, хомӯш мондам. Зеро, худ аз ҷавоби додаам розӣ набудам, аммо, устод аз рӯи эҳтиром ба дӯст ва боварӣ ба шогирд бароям баҳои "хуб" гузоштанд.

Устод Гулмуродзода синчакорона ба чеҳраам назар карданду бо нармӣ гуфтанд: писарам, баҳои "5" намегузорам, агар ҳоло "аъло" гузорам, фикр мекунам, дигар кӯшиши хондан намекунед. "4" ҳам баҳои бад нест, вале ман кӯшишу талоши шуморо дар роҳи илму донишандӯзӣ бештар дидан мехоҳам. Минбаъд дарсҳоро нағз хонеду аз худ кунед ва ҳамеша аз ҳама фан барои гирифтани баҳои “аъло” сазовор бошед.

Қисмати дигари фаъолияти устоди зиндаёд Пайванд Гулмуродзода таъмини толибилмон бо адабиёту маводи зарурии таълимӣ буд. Китобҳои "Мунозара", "Шӯриши Восеъ", "Оила ё худ вазоифи хонадорӣ" - и Абдуррауфи Фитрат, маҷмӯаи мақолаҳои "Маслаки мо ҳақ" - и публитсисти шинохтаи тоҷик Сайидризо Ализода, намунаҳо аз баҳси матбуоти тоҷик дар солҳои аввал ва бистуми садаи гузашта дар масъалаи забони тоҷик ва тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна таҳти унвони "Забон ва худшиносии миллӣ" аз ҷумлаи асарҳоеанд, ки ҳар кадоме бо сарсухани муфассали устод нашр шудаанд.

Яке аз фозилону хирадмандони давр Аҳмади Дониш беҳуда нафармудааст: "Баъд аз вуҷуд хайри одамӣ дар илму маърифат бошад". Ин ҳикмат ба он ҳидоят мекунад, ки ҳар инсон дар зиндагӣ ба илму маърифат фоидаовар бояд бошад.

Мероси гузоштаи устод Пайванд Гулмуродзода ва таҳқиқоту пажӯҳишҳои нуктагири ӯ барои муҳаққиқон ва илму адаби тоҷик хеле пурқиммат аст. Устод Гулмуродзода ба таҳқиқотҳое даст заданд, ки то кунун дар гӯшаҳои фаромӯшӣ буд. Самараи кори таҳқиқии мавсуф назари дигар муҳаққиқонро боз намуд ва даст ба кор шуданд. Устод Пайванд ҳамчун муҳаққиқи матбуоти тоҷик доир ба таъсиси нашрияҳои даврии ибтидои садаи ХХ пажӯҳишҳои илмӣ ба анҷом расонида, тариқи таҳқиқу таҳлил, омилҳои пайдоиш ва баъзе вижагиҳои нахустин нашрияи тоҷикии “Бухорои шариф” (“Маснади тараққихоҳон”), нашрияҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ - “Самарқанд” - у “Оина” (“Дур будан аз илму ирфон то ба кай?”), ҳафтаномаи “Шуълаи инқилоб” (“Як сабаби баста шудани “Шуълаи инқилоб” аз назари устод Айнӣ”, “Қаламу алам”), маҷаллаи “Раҳбари дониш” (“Донишу биниши тоҷикон”) - ро муайян намудааст. Ҳамчунин устод Пайванд Гулмуродзода аз пажӯҳишгарони таърихи матбуоти тоҷикест, ки нусхаҳои ағлаби нашрияҳои садаи ХХ, аз қабили “Бухорои шариф”, “Самарқанд” ва “Ҳуррият” - ро дар шакли заррафилм дар даст дошт.

Устод Пайванд Гулмуродзода муаллифи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, дастуру воситаҳои таълимӣ ва 220 очерку мақолаҳои публитсистӣ аст. Ӯ дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Алмаато, Бишкек, Москва, Машҳад, Нишопур, Теҳрон, Кобул ва дар ҳамоишҳои донишгоҳию ҷумҳуриявӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Кӯлоб, Хоруғ иштирок ва маърӯзаву суханронӣ кардааст.

Натиҷаҳои пажӯҳишҳои илмии Пайванд Гулмуродзода дар рисолаҳои алоҳида, маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва мақолаҳои маҷаллавӣ низ мунъакис шудааст, ки "Журналистикаи советии тоҷик" (соли 1989, ҳаммуаллиф), "Жанрҳои таҳлилии матбуот" (соли 1996, ҳаммуаллиф), "Ҳамосаи инсони кор" (соли 1997, ҳаммуаллиф), "Қуллаи мурод" (соли 1997), "Нахли пурбор" (соли 1997, ҳаммуаллиф), "Сеҳри сухан" (соли 1998), "Публицистика и время" (соли 2005), "Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон" (соли 2006), "Матбуоти тоҷик ва масоили гендерӣ" (соли 2007, ҳаммуаллиф), “Биё, биншину бишнав рози тоҷик” (соли 2007), "Раҳнамои хатмкунанда" (соли 2009) ва ғайраҳо мебошад.

Устод Пайванд Гулмуродзода муҳаққиқи варзидаи публитсистикаи ибтидои садаи ХХ - и тоҷик мебошад. Дар пажӯҳишҳояшон масъалаҳои мактабу маориф, фарҳангу адаб, худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷойгоҳи хоса дорад.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки устод Гулмуродзода ба таҳқиқи масъалаҳои маорифпарварӣ сари кор доштанд, андешаҳояшон маорифпарварона буд ва ин ҷиҳат дар навиштаҳояшон низ мақоми вижа касб кардааст.

Пажӯҳишҳои илмии устод Пайванд Гулмуродзода ба истиснои “Публицистика и время”, ки рисолаи номзадии устод мебошад, ки ҳама дар сурати мақолаҳои алоҳида ва ё маҷмӯаҳои ҷудогона шакл гирифтаанд. Нигоштаҳои илмии устод дар назари аввал аз ҳамдигар ҷудо намоянд ҳам, аммо ағлаб аз нигоҳи мавзуъ ва муҳтаво ба ҳам тавъам мебошанд, зеро мундариҷаи аксари онҳоро масъалаҳои ислоҳи мактабу маориф, баланд бардоштани сатҳи маърифати умум, густариши илмҳои замонавӣ ва амсоли ин ташкил медиҳанд. Мавсуф осори рӯзноманигору адибонеро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад, ки дар як замон ва муҳит умр ба сар бурдаанд, маслаки ягона доштанд, ба қавли худашон “дар ҳалли мушкилоти мардум қаламро алам карда, бо сухани гирову шево ва бурро ба дарди ҷомеа даво меҷустанд”.

Чанд сол пеш аз ҷониби Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) барои беҳтарин матолиб дар жанри пажӯҳишҳои журналистӣ ҷоиза ба номи устод Гулмуродзода таъсис дода шуд. Ин ҷоиза ба шарафи устоди фақиди риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ Пайванд Гулмуродзода, ки дар густариши жанри таҳқиқоти журналистӣ саҳми муҳим доштанд, номгузорӣ шудааст.

Ҷоизаи мазкур ҳар сол 3 - юми май, дар “Рӯзи байналмилалии озодии баён” дар ҳамоиши журналистони Тоҷикистон ба муаллифи мақолаи беҳтарин дар жанри пажӯҳишҳои журналистӣ тақдим мегардад. Ҷоиза ба онҳое дода мешавад, ки пажӯҳиши фарҳангие анҷом додаанд ва кори эҷодии онҳо дар ҷомеа вокуниши ҷиддӣ ба миён оварда, масъулияти касбиро ҳамаҷониба рӯнамоӣ кардааст.

Устод Гулмуродзода аъзои Иттифоқҳои нависандагону журналистони Тоҷикистон буда, барои хидматҳояшон дар рушду нумӯи адабиёту фарҳанг ва журналистикаи тоҷик бо чандин ифтихорномаву медалу унвонҳо сарфароз гардидааст. Аз ҷумла, барандаи ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, дорандаи нишонҳои сарисинагии "Аълочии матбуоти Тоҷикистон", "Аълочии фарҳанги Тоҷикистон", "Аълочии маорифи Тоҷикистон", "Аълочии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон", медали "Хизмати шоиста" (соли 2001), ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад.

Устод Пайванд Гулмуродзода 8 - уми апрели соли 2013 дар синни 56 - солагӣ бар асари бемории сактаи қалб даргузаштанд ва дар оромгоҳи деҳаи Нишони Ленини ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон ба хок супурда шуд.

Устод 13 сол мешавад, ки дар байни мо нестанд, агар умр вафо мекард, имсол 70 - сола мешуданд.

Ёди устоди зиндаёд Пайванд Гулмуродзода аз дида ба дилҳо рафт ва албатта, гуфтору амали некашон то абад дар хотираи пайвандону шогирдону ҳамкорону дӯстони бешуморашон маъво мегирад.

Равонатон шоду ёдатон ба хайр, манзили охирататон ободу ҷойгоҳатон дар биҳишт бод, устоди азиз Гулмуродзода.

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,

Ном чу ҷовид монд, мурданаш осон куҷост...

Шервони Умриддин, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ