04:10:56 04-уми Июни 2025 сол

Хазина аз

Дар Петербург нахустин фурӯшгоҳ барои бехонумонҳо боз шуд Хабар 12.10.2015 22:42 980
Бо талоши созмони хайриявии «Паноҳгоҳ» ва мағозаи хайриявии «Сипос!»-и Петербург дар ин ҷо барои овораҳо фурӯшгоҳе боз шуд, ки ба он ҷо сокинони шаҳр либоси дасти дуи худро ба он меоваранд.
Филми қирғизӣ ба рӯйхатти даъвогарони ҷоизаи «Оскар» ворид гашт Хабар 12.10.2015 22:41 1000
Филми коргардони қирғиз Мирлан Абдикаликов «Сутак» («Кӯчманчигии осмонӣ») ба феҳрасти даъвогарони ҷоизаи «Оскар» дар бахши «Беҳтарин филм ба забони хориҷӣ» ворид шудааст.
Дар Симферопол фаъоли тотор Эскандер Небиев боздошт шуд Хабар 12.10.2015 22:40 946
Шоми 9 октябр дар Қрим собиқ наворбардори шабакаи телевизионии тоторҳои Қрим ATR Эскандер Небиев боздошт шуд.Вай ҳамзамон писари гумонбар ба ҳамла ба истгоҳи ёрии таъҷилӣ дар Симферопол Бекир Набиев мебошад.
Барои маълумот дар бораи ҳамлагар ба хабарнигор дар Алмаато ҷоиза дода мешавад Хабар 12.10.2015 22:37 1160
Соҳибкори қазоқ Ерлан Нурпеисов барои маълумот дар бораи нафаре, ки журналист ва блогнавис Ботогоз Жумановаро дар Алмаато латукӯб кард, ҷоиза эълон кард. Вай дар сафҳаи худ дар шабакаи Facebook навишт, ки барои чунин иттилоъ 100 000 тенге медиҳад ва аз тоҷирони дигар даъват кард, ки «барои иттилоъ ба хабардиҳанда ҷоизаро ....
Дар Москва аз «амали нави террористӣ ҷилавгирӣ шудааст» Хабар 12.10.2015 22:35 990
Даҳ шаҳрванди Осиёи Марказӣ дар Москва ба гумони омода кардани амали террористӣ боздошт шуданд. Дар ин бора «Интерфакс» ба нақл аз ниҳодҳои интизомӣ хабар додааст. Аз боздоштудагон таҷҳизоти тарканда бо иқтидори қариб панҷ килограмм тротил мусодира шудааст.
Мухолифони Асад дар Сурия аз дахолати Русия норозиянд Хабар 12.10.2015 22:33 977
Мухолифони Сурия тасмим гирифтанд, ки аз ширкат дар музокироти сулҳ барои ҳалли бӯҳрони амиқи сиёсиву низомӣ дар ин кишвар ба далели мудохилаи Русия ба ин даргирӣдаст кашанд.
Эътирози интихобкунандагони норозӣ дар Минск Хабар 12.10.2015 22:31 927
Дар Минск шоми якшанбе баъд аз анҷоми раъйдиҳӣ дар интихоботи раиси ҷумҳур даҳҳо нафар дар назди бинои ҳукумати Белоруссия даст ба гирдиҳамоӣ заданд.
Дар Ӯзбекистон ду муаллимаи макатаб бо шабномаҳои ДИ боздошт шуданд Хабар 12.10.2015 22:29 978
Ду муаллимаи мактаби миёнаи №4 дар шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон ба гумони паҳн кардани шабномаҳои «Давлати исломӣ» боздошт шудаанд. Ба гуфтаи намояндаи бахши маорифи шаҳр муаллимаҳо 8 октябр дар пайи як амалиёти вижаи ниҳодҳои амниятии Ӯзбекистон ва дар телефонҳои мобилии онҳо ошкор шудани маводи талиғотии ДИ боздошт шудаанд.
Тошканд ва Ашхобод аз вазъ дар Афғонистон нигаронанд Хабар 12.10.2015 22:27 883
Вазъ дар Афғонистони ҳамсоя мавзӯъи асосии дидори раисони ҷумҳури Ӯзбекистон ва Туркманистон Ислом Каримов ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 8 октябр дар Тошканд буд.
Гурӯҳи генерал ва адмиралҳои Амрико ба Тоҷикистон сафар мекунад Хабар 12.10.2015 22:26 891
Гурӯҳи генерал ва адмиралҳои тозатаъини амрикоӣ тибқи барномаи омӯзишии «CAPSTONE» ба Тоҷикистон сафар кардаанд, хабар медиҳад сафорати ИМА дар Душанбе.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854