21:39:47 22-уми Августи 2025 сол

Тошканд ва Ашхобод аз вазъ дар Афғонистон нигаронанд

Вазъ дар Афғонистони ҳамсоя мавзӯъи асосии дидори раисони ҷумҳури Ӯзбекистон ва Туркманистон Ислом Каримов ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 8 октябр дар Тошканд буд.

berdimuhamedov-karimov-5454.jpgҶонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҳамкории ниҳодҳои ду кишварро барои ҳимояти марз бо Афғонистон тақвият диҳанд. Каримов бо ишора ба ҳаводиси ахир дар шаҳри Кундуз, ки аз сӯйи ҷангиёни ҷунбиши Толибон ғасб шуда буд, зикр кард, ки ин ҳаводис «наметавонад мояи нигаронии кишварҳои ҳамсоя набошад».

Раиси ҷумҳури Туркманистон дар навбати худ таъкид кард, ки ҳамкорӣ дар заминаи муқобала бо тундгароӣ, терроризми байналмиллалӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва ҳалли «ҳамаи даргириҳо ва ихтилофт бар пояи роҳҳои дипломатӣ ва сиёсӣ» муҳим аст.

Бердимуҳаммадов дар Ӯзбекистон бо даъвати Каримов аз 7 то 8 октябр сафари расмӣ анҷом дод.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ