21:39:54 22-уми Августи 2025 сол

Эътирози интихобкунандагони норозӣ дар Минск

Дар Минск шоми якшанбе баъд аз анҷоми раъйдиҳӣ дар интихоботи раиси ҷумҳур даҳҳо нафар дар назди бинои ҳукумати Белоруссия даст ба гирдиҳамоӣ заданд.

protest-minsk-323223.jpgДар атрофи ширкаткунандагони гирдиҳамоии ғайриқонунӣ маъмурони ниҳодҳои амниятӣ ва ҳамчунин афроди мулкии дар даст таҷҳизоти мухобиротӣ дошта қарор доранд. Ҷонибҳо ба зидди ҳамдигар ҳеҷ аъмоле анҷом намедиҳанд.

Дар интихоботи раиси ҷумҳури ин кишвар қариб 82% интихобкунандагон ширкат карда, тибқи  натиҷаҳои пешакӣ Аляксандр Лукашенка 84% овоз гирифтааст. Сергей Гайдукевич каме бештар аз панҷ фоиз, Татяна Короткевич қариби панҷ фоиз ва Николай Кулахович қариби 1.5% овозҳоро соҳибӣ кардаанд. Зиёда аз ҳафт дарсади интихобкунандагон «зидди ҳама» раъй додаанд.

Лукашенка, ки аз соли 1994 раҳбари Белоруссия мебошад ва бори панҷум раиси ҷумҳур мешавад.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ