02:54:21 06-уми Июни 2025 сол

Мухолифони Асад дар Сурия аз дахолати Русия норозиянд

Мухолифони Сурия тасмим гирифтанд, ки аз ширкат дар музокироти сулҳ барои ҳалли бӯҳрони амиқи сиёсиву низомӣ дар ин кишвар ба далели мудохилаи Русия ба ин даргирӣ даст кашанд.

mukholifoni-asad-878778Дар ин бора рӯзи якшанбеи 11 октябр Эътилофи миллии нерӯҳои мухолиф ва инқилобии Сурия хабар додааст. «Қатъи ҳуҷуми Русия» ба Сурияро мухолифони режими Асад шарти азсаргирии ин музокирот номидаанд.

Намояндагони мухолифони суриягӣ иддаъо  мекунанд, ки зарбаҳои ҳавоии Русия бештар на ба террористони «Давлати исломӣ», балкӣ ба зидди исёнгароне равона шудаанд, ки бо нерӯҳои раиси ҷумҳур Башор Асад меҷанганд.

Президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо шабакаи телевизонии «Россия-1” рӯзи яшанбе таъкид кард, ки ҳадафи амалиёти низомии кишвараш дар Сурия “тақвияти ҳукумати қонунӣ ва фароҳам кардани шароит барои ҳамгироии сиёсӣ мебошад”.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854