02:16:17 18-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

"Абу Холиди Кӯлобӣ" дар Сурия кушта шудааст Иҷтимоъ 12.07.2015 23:12 1398
Ҷангии тоҷик Нусрат Назаров, маъруф ба Абу Холиди Кӯлобӣ дар Сурия кушта шудааст ва ин хабарро наздикон, мақомот ва ҷонибдорони гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” тасдиқ карданд.
Шералӣ Хайруллоев барои таҳқиқи муноқишаи марзбонон ба Исфара рафт Иҷтимоъ 07.07.2015 12:50 1139
Як комиссияи босалоҳияти мақомоти қудратии Тоҷикистон бо роҳбарии Шералӣ Хайруллоев барои таҳқиқи муноқишаи марзбонони қирғизу тоҷик, ки як кушта бар ҷой гузошт, ба Исфара рафтааст.
Вазир: Гимназияи исломӣ ҳаққи хонандагонро нақз кардааст Иҷтимоъ 07.07.2015 12:48 1327
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки Гимназияи исломӣ баста нашудааст, вале ба далели рӯбарӯ шудан ба бӯҳрони молӣ, дигар имкони нигаҳ доштани бинои феълии мактабро надорад.
Ривояти як духтари навҷавон аз ғуломдории ҷинсии ДИИШ Равзана ба ҷахон 07.07.2015 12:46 1472
Як духтари навҷавон аз таҷовузи гурӯҳии неруҳои минтақаи ишғолии Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ), ки замоне дар асорати онҳо буд, нақл кардааст. Ӯ мегӯяд, ки агар ба тақозоҳои ҷинсии онҳо ҳамроҳӣ намекард, бо шаллоқ мавриди зарбу лагад қарор мегирифт ва ҳатто бо оби ҷӯш пойҳояшро месӯзонданд.
Сӯҳроб Рауфов: Дар кори Шабакаи аввал ҳатман тағйирот мешавад Иҷтимоъ 07.07.2015 12:44 1439
Дар пайи тағйироти кадрии 6 июл, Сӯҳроб Рауфов раҳбари нави Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Самариддини Айниддинро иваз кардааст ва мегӯяд, ки бо омаданаш дар кори шабака тағйирот хоҳад кард.
100000 доллар дар ивази "мусоидат" ба хусусӣ кардани як клуб дар Ашт Иҷтимоъ 07.07.2015 12:43 1502
Оҷонсии зидди фасоди молӣ аз боздошти як мутахассиси идораи кишоварзии вилояти Суғд хабар дод, ки барои мусоидат ба хусусӣ кардани як клуб дар ноҳияи Ашт сад ҳазор доллар талаб намудааст.
Модар баъд аз "се талоқ" шудан худу се кӯдакашро ба дарё андохт Иҷтимоъ 07.07.2015 12:41 1369
Як сокини ноҳияи Ёвон, ки тайи чанд соли охир дар Душанбе сукунат дошт, худу се фарзандашро ба дарё андохтааст. Дар натиҷа, зан аз об зинда берун оварда шуд, аммо се фарзандаш ба ҳалокат расидаанд.
С. Давлатзода: «Бо мақсади танзими маросим беш аз 10 ҳазор санҷиш гузаронидем» Хабар 07.07.2015 12:39 801
Дар нимсолаи аввали соли равон аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷараёни баргузории маъракаҳо дар маҷмўъ 10413 санҷиш гузаронида шудааст.
Боздиди мудири минтақавии хазинаи СММ аз Парлумони Тоҷикистон Хабар 07.07.2015 12:38 822
Густариши равобити Тоҷикистон, аз ҷумла Маҷлиси намояндагон бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) зимни мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ -муовини раиси Маҷлиси намояндагон бо Карл Кулесса, мудири минтақавии хазинаи нуфуси СММ дар Душанбе матраҳ гардид.
Таҳсили ғайрирасмии беш аз се ҳазор шаҳрванди кишвар дар хориҷ Хабар 07.07.2015 12:37 866
3360 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷ аз кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамояд, -гуфт раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода имрӯз дар нишасти матбуотии кумита ба хабарнигорон.