18:15:40 02-уми Июни 2025 сол

Моҳи апрел интихоботи миёнадаврӣ баргузор мегардад

10 апрели соли равон дар ду ҳавзаи интихоботии кишвар -ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1 ва Ҷаббор Расулов №16 интихоботи миёнадаврии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда баргузор мегардад. Дар ин росто бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар барои гузаронидани интихоботи миёнадаврии вакилони Маҷлиси намояндагон ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил шуданд.

Parlumon_1265451212.jpgБояд зикр кард, ки дар интихоботи парлумонии соли 2015 аз ҳавзаҳои интихоботии Фирдавсӣ №1 ва Ҷаббор Расулов №16 Маҳмадалӣ Ватанзода ва Комил Салимзода ба ҳайси вакилони Маҷлиси намояндагон интихоб гардида буданд. Моҳи январи соли равон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Фармони Президенти кишвар ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854