09:43:53 06-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Таъиноти кадрӣ дар Вазорати мудофиа, ВКД, КДАМ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшуда дар вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадиро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Kasri-millat-112545656.jpgБо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов Фарҳод Камолович-муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Файзуллоев Изатулло Ҳабибуллоевич-муовини аввали сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Шомуддин Ҳасанович-сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон ва Худойбердиев Муродалӣ Раҷабалиевич-сардори раёсати тайёрии ҷангии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ҳамчунин намояндаҳои вазорати мудофиа ва вазорати корҳои дохилӣ дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва вобастаҳои низомӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон таъин гардиданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда, онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиву забондонӣва тарбияи кадрҳои ҷавонро дар мадди аввал гузошт.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi