10:47:42 24-уми Майи 2025 сол

Дар Брюссел муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардиданд

Дар шаҳри Брюссел 15 феврали соли равон вохӯрии дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид баргузор гардид.

Taj_IA_12455656.jpgЗимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориро муҳокима карда, доир ба масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон изҳори назар намуданд.

Мусоҳибон муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баланд арзёбӣ намуда, доир ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки баргузории он 16 феврали соли равон дар назар аст, мубодилаи афкор намуданд.

Ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ таҳти раисии вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд Берт Кендерс баргузор хоҳад шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов роҳбарӣ мекунад.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ