01:44:00 01-уми Июли 2025 сол

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Евгений Сисоев

Дирӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Сисоев Евгений Сергеевич вохӯрӣ доир намуд.

MVD_VKD_214556.jpgВазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода меҳмонро ба муносибати таъйин гаштанаш ба вазифаи масъулиятнок табрик намуда, ба ӯ дар корҳояш комёбиҳо таманно намуд. Зикр гардид, ки Вазорати корҳои дохилӣ омода аст, дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои амнияти минтақа ҳамкорӣ намояд.

Дар ин самт бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳои аъзои СҲШ як зумра созишномаҳои дахлдор ба имзо расонида шудаанд. Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории мақомоти дахлдор дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар доираи ҷаласаҳои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ, Мушовараи якҷояи ВКД Федератсияи Русия ва Тоҷикистон мавриди баррасӣқарор дода шуданд.

Дар вохӯрӣҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла муқобилият бо терроризм, экстремизм ва сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, амнияти иттилоотӣ, мубодилаи хабару иттилоот ва ғайра табодули назар шуд.

Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Сисоев Евгений Сергеевич ба вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои қабули самимона миннатдорӣ намуда, изҳори умед кард, ки ҳамкории дуҷониба минбаъд низ тақвият хоҳанд ёфт.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ