08:45:20 06-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Роҳбарони раёсатҳои минтақавии гумрук бо розигии Президент таъйин мегарданд

Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси гумруки Ҷумҳури Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи тағйирот ба қисми 1-и моддаи 492-и Кодекси мазкур минбаъд роҳбарони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ (РРМГ) бо розигии Президенти кишвар ба вазифа таъйин карда мешаванд.

parlumon_4587451212.jpgТоҳир Ҷобирзода - вакили Маҷлиси намояндагон зимни шарҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди вакилони Парлумон гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо таҳия шудааст. Тибқи ин тағйирот талаботи моддаи 4 -и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонида шуда, моддаи 4 дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.

Т. Ҷобирзода афзуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ, моддаи 148 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешниҳод гардида, мутобиқи он мақомоти гумрук тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатномаи мутахассиси барасмиятдарории гумрукиро муайян менамояд. Моддаи пешниҳодгардида ба талаботи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (Киото), ки онро 1 октябри соли 2015 палатаи поёнии Парлумони кишвар ба тасвиб расонида буд, ҷавобгӯст.

Ҳамзамон бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо моддаи 360 -и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон -усули эҳтиётии муайян намудани арзиши гумрукӣ дар таҳрири нав таҳия гардид.

Инчунин барои муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар мақомоти гумрук ба моддаи 462 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 13 илова карда шуд.

Бо мақсади мутобиқ намудани талаботи Кодекси гумруки кишвар ба талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 394-и Кодекси гумрук қисми 8 ворид карда шуд, ки тибқи он мақомоти гумрук метавонад ба пардохткунанда дар муҳлати 5 сол аз рӯзи ба анҷом расидани баррасмиятдарории гумрукии мол оид ба пардохти маблағи боҷи гумрукӣ, андоз ва фоизҳо даъво пешниҳод кунад.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi