Сад фарди маъруф
2. Сад арбоби маъруфи давлатию сиёсии тоҷик
Давлатмардони тоҷик дар ҷомеъа ҳамеша мақоми баланд доштанд, вале нуфузу эътиборашон баъди ташкили кишваре бо номи Тоҷикистон (соли 1924 ҳамчун ҷумҳурии худмухтор ва соли 1929 чун ҷумҳурии иттифоқии ҳайати СССР) афзуд. Тоҷик дар ин давра зимоми давлатдориро ба даст гирифт ва дар чаҳорчӯби қавонини шӯравӣ бовуҷуди баъзе маҳдудиятҳои сиёсӣ тақдирашро худ ҳал мекард. Ба рӯихат нафароне ворид шудаанд, ки вазифаҳои баланди роҳбарӣ (котибони КМ ПК Тоҷикистон, раисони Совети Олӣ ва муовинони онҳо, раисони ҳукумати ҷумҳурӣ ва муовинони онҳо, роҳбарони собиқадори вилоятӣ ва пойтахт) заҳмат кашида, ба нафъи халқу Ватан корҳои муфид зиёд анҷом додаанд ва миёни мардум аз эътибори хос бархурдоранд.

1.Зардушти Испитамон (630-553 то мелод), арбоби давлатӣ, асосгузори дини қадими мардуми эронинажод.
2.Курӯши Кабир (вафот 530 то мелод), асосгузори давлати Ҳахоманишиниён.
3.Исмоили Сомонӣ (848-907), поягузори давлати империатории тоҷикон.
4.Балъамӣ Абуфазл (вафот 940), сиёсатмадори вақт.
5.Низомулмулк (1017-1092), вазири султонҳои Эрон.
6.Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) (1881-1938), арбоби давлатӣ (1924-1933 раиси КИМ-и Тоҷикистон).
7.Ҷаҳонгирова Саломат (1881-1964), арбобзани давлатию ҷамъиятӣ, муборизи баланд бардошатани мақоми зани тоҷик.
8.Муҳиддинов Абдуқодир (1891-1949), арбоби давлатӣ (1924-1926 Раиси СКХ РАССТ).
9.Зокиров Ҷӯра (1894-1929), арбоби давлатӣ, яке аз ташкилкунан дагони Ҳукумати Советӣ дар шимоли Тоҷикистон.
10.Раҳимбоев Абдулло (1896-1938), арбоби давлатӣ (1933-1937 раиси СКХ-и Тоҷикистон).
11.Имомов Чинор (1888-1938), арбоби ҳизбӣ, яке аз роҳбарони аввалини КМ ПК Тоҷикситон.
12.Мавлонбеков Аҳмадбек (1897-1937), арбоби ҳизбию давлатӣ, яке аз ташкилкунандагони РСС Тоҷикистон.
13.Хоҷаев Мӯъмин (1897-1938), арбоби ҳизбӣ, яке аз аввалин роҳбарони ҳизбии ҷумҳурӣ (1924-1928).
14.Додобоев Бобо (1898-1967), арбоби ҳизбӣ, яке аз ташкилкунанда гони ҳизбӣ дар ҷумҳурӣ (1924-1929).
15.Муҳаммадиев Содиқ (1898-1963), арбоби ҳизбӣ, яке аз ташкил кунандагони ҳизбӣ дар ҷумҳурӣ (1924-1929).
16.Қурбонов Ҳалим (1898-1968), арбоби давлатӣ (1946-1958 ҷонишини Раиси Президуми Совети Олии Тоҷикистон).
17.Абдуллоев Сайфулло (1899-1938), арбоби ҳизбӣ, (1932-1934 котиби КМ ПКТ, 1936-1937 Котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон).
18.Шоҳтемур Шириншоҳ (1899-1938), арбоби давлатӣ (1933-1937 Раиси КИМ-и Тоҷикистон).
19.Шоҳгадоев Мунаввар (1898-1974) арбоби давлатӣ (1938-1950 Раиси Президиуми Совети Олии Тоҷикистон).
20.Хоҷибоев Абдураҳим (1900-1938), арбоби давлатӣ (1926-1933 Раиси СКХ-и Тоҷикистон).
21.Исмоилов Иброҳим (1901-1939), арбоби ҳизбӣ (1931-1934 котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон).
22.Искандаров Ҷӯрабек (1902-1979), арбоби ҳизбию давлатӣ (1937-1938 котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон,1951-1956 ҷонишини Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон).
23.Ашӯров Урунбоӣ (1903-1938) арбоби ҳизбӣ (1934-1936 котиби дуюми КМ ПКТ, 1937 котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).
24.Шарифов Манзар (1903-1981), арбоби ҳизбӣ (1939-1940; 1945-1948 котиби КМ ПК Тоҷикистон).
25.Ашӯров Неъмат (1904-1989), арбоби ҳизбӣ (1947-1951 котиби КМ ПК Тоҷикистон).
26.Исоев Тоҷиддин (1904-1971), арбоби ҳизбӣ (1938-1940 котиби КМ ПКТ, 1941-1945 котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон).
27.Саъдуллоев Муллоҷон (1904-1978), арбоби давлатӣ (1957-1965 ҷонишини Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон).
28.Қурбонов Маҳмадалӣ (1905-1976), арбоби давлатӣ (1937-1946 Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон).
29.Ҷалилов Раҷабалӣ (1905- 1989), арбоби ҳизбӣ (1936-1938 котиби КМ ПК Тоҷикистон).
30.Пӯлодов Тоҳир (1905-1979), арбоби ҳизбӣ (1945-1954 котиби КМ ПК Тоҷикистон).
31.Абдуллоев Пӯлод (1907-1986), арбоби ҳизбӣ (1946-1951 котиби КМ ПК Тоҷикистон.
32.Гадолиев Кубоншо (1908-1987), арбоби ҳизбӣ (1940-1944 котиби КМ ПК Тоҷикистон).
33. Ғафуров Бобоҷон (1908-1977), арбоби ҳизбӣ (1946-1956 котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).
34.Тошмуҳаммадов Мастибек (1908-1989), арбоби низомӣ, аввалин генерали тоҷик (1962).
35. Асроров Аҳмадҷон (1909-1978), арбоби давлатӣ (1941-1953 ҷонишини Раиси Президуми Совети Олии Тоҷикистон).
36.Нарзиқулов Ибодулло (1909-1973), арбоби ҳизбӣ (1956-1957 ҷонишини Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон).
37.Саломатшоев Зариф (1909-1983), арбоби давлатӣ (1946-1949 ҷонишини Раиси Советии Вазирони Тоҷикистон).
38.Имомов Алиқул (1910-1986), арбоби ҳизбию давлатӣ (1946-1955 котиби КМ ПК Тоҷикистон, ҷонишини Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон).
39.Ҷалилов Тошмад (1910-1987), арбоби давлатӣ (1941-1945 ҷонишини Раиси Президуми Совети Олии Тоҷикистон).
40.Холиқова Саида (1911-1981), арбобзани ҳизбӣ (1947-1956 котиби КМ ПК Тоҷикистон).
41.Қаҳҳоров Абулаҳад (1913-1984), арбоби давлатӣ (1961-1973 Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон.
42. Расулов Ҷаббор (1913-1982), арбоби ҳизбию давлатӣ (1961-1982 котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).
43.Қосимова Мунаввара (1914-1962), арбобзани давлатӣ (1959-1963 ҷонишини Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон).
44.Раҳматов Мирзо (1914-1998), арбоби давлатӣ (1956-1961 Раиси Президиуми Совети Олии Тоҷикистон).
45.Алиев Ғулом (1915-2008), арбоби ҳизбӣ (1962-1973 котиби КМ ПК Тоҷикистон).
46.Додхудоев Назаршо (1915-2000), арбоби давлатӣ (1950-1956 Раиси Президиуми Совети Олии Тоҷикистон, 1956-1961, Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон).
47.Ӯлҷабоев Турсун (1916-1989), арбоби ҳизбӣ (1956-1961 котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).
48.Қосимов Алибой (1916-1981), арбоби ҳизбӣ (1958-1961 котиби КМ ПК Тоҷикистон).
49.Абдуллоев Наҷмиддин (1917-1982), арбоби ҳизбӣ.
50.Осимӣ Муҳаммад (1920-1995), арбоби ҳизбию давлатӣ (1962-1965 котиби КМ ПК Тоҷикистон, баъдан ҷонишини Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон).
51.Ҳасанов Абдувоҳид (1920-1988), арбоби давлатӣ (1954-1959 Раиси Совети Олии Тоҷикистон).
52. Холов Маҳмадулло (1920-1989), арбоби давлатӣ (1961-1984 Раиси Президуми Совети Олии Тоҷикистон).
53.Раҳимова Ибодат (1922-2009), арбобзани ҳизбӣ (1966-1978 котиби КМ ПК Тоҷикистон).
54.Зарифова Низорамоҳ (1923), арбобзани ҳизбию давлатӣ (1956-1966 Котиби КМ ПК Тоҷикистон).
55.Каримова Махфират (1923-2012), арбозани давлатӣ (1961-1974 ҷонишини Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон).
56.Юсуфбеков Рустамбек (1923-2006), арбоби давлатӣ (1974-1984 ҷонишини Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон).
57.Давлатқадамов Хушқадам (1924-1996), арбоби ҳизбию давлатӣ.
58.Ҳоҷиев Рифъат (1925-1999), арбоби ҳизбию давлатӣ.
59.Бобоев Мирзо (1926), арбоби ҳизбию давлатӣ (1973-1983 котиби КМ ПК Тоҷикистон, 1983-1987 ҷонишини Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон).
60.Назаршоев Моёншо (1929-1994), арбоби ҳизбию давлатӣ (1992-1994 ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон).
61.Паллаев Ғоибназар (1929-2001) арбоби давлатӣ (1984-1990 Раиси Президуми Совети Олии Тоҷикистон).
62.Эргашев Султон (1929-1973), арбоби ҳизбӣ (1966-1973 котиби КМ ПК Тоҷикистон).
63.Ҳасанов Усмон (1930), арбоби давлатӣ (1975-1984 Раиси Совети Олии Тоҷикистон).
64.Набиев Раҳмон (1930-1993), арбоби ҳизбию давлатӣ (1973-1982 Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон 1982-1985 котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон, 1991-1992 Президенти Тоҷикистон).
65.Додобоев Абдураҳмон (1931), арбоби ҳизбию давлатӣ (1978-1985 котиби КМ ПК Тоҷикистон).
66.Бобосодиқова Гулҷаҳон (1937), арбобзани ҳизбӣ (1978-1985 котиби КМ ПК Тоҷикистон).
67.Назаров Талбак (1938), арбоби давлатӣ (1985-1990 ҷонишини аввали Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон, 1994-2006 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон).
68.Насриддинов Ҳикматулло (1938), арбоби ҳизбӣ, (1983-1986 котиби КМ ПК Тоҷикистон).
69.Додхудоева Бозгул (1939), арбобзани давлатӣ (1994-1999 ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон).
70.Мирзоев Акбар (1939), арбоби давлатӣ (1992-1993 Сарвазири Тоҷикистон).
71.Мирхолиқов Темурбой (1938-2001), арбоби ҳизбӣ (1980-1985 котиби КМ ПК Тоҷикистон).
72.Назриев Мунавваршо (1939-1995), арбоби давлатӣ (1992-1995 ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон).
73.Воҳидов Ваҳҳоб (1940), арбоби давлатӣ (1985-1990 ҷонишини аввали Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон).
74.Ғиёсов Қадриддин (1940-2009), арбоби давлатӣ (1992-1997 ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон).
75.Усмонов Усмон (1940), арбоби давлатӣ (1984-1989 ҷонишини Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон, 1989-1990 ҷонишини Раиси Президиуми Совети Олии Тоҷикистон).
76.Кенҷаев Сафаралӣ (1942-1999), арбоби давлатӣ (1991-1992 Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон).
77.Раҳимова Бихоҷал (1942), арбобзани давлатӣ (1990-1991 ҷонишини Раиси Совети Вазирони СССР).
78.Шабдолов Шодӣ (1943), арбоби ҳизбӣ ( 1986-1991 котиби КМ ПК Тоҷикистон).
79. Оқилов Оқил (1944), арбоби давлатӣ (1999-2013 Сарвазири Тоҷикистон).
80. Тӯраев Сайфиддин (1945), арбоби давлатӣ (1991-1992 ҷонишини Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон.
81. Достиев Абдулмаҷид (1946), арбоби давлатӣ (1992-2006 ҷонишини аввали Раиси парлумони Тоҷикистон).
82.Миралиев Амиршоҳ (1946), арбоби давлатӣ (аз соли 2009 ҷонишини аввали Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон).
83.Хайруллоев Сайдулло (1946), арбоби давлатӣ (1999-2008 Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон).
84.Азимов Яҳё (1947), арбоби давлатӣ (1996-1999 Сарвазири Тоҷикистон).
85.Аслонов Қадриддин (1947-1992), арбоби ҳизбию давлатӣ (1986-1989 котиби КМ ПК Тоҷикистон, 1990-1992 Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон).
86.Савриддинова Гулафзо (1947), арбобзани давлатӣ (1994-1999 ҷонишини Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон).
87.Сафаров Сафар (1947), арбоби давлатӣ ( 2006-2009 ҷонишини аввали Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон).
88.Қоимдодов Қозидавлат (1949), арбоби давлатӣ (1992-1997 ҷонишини Раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, 1997-2003 ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон).
89.Самадов Абуҷалил ( 1949-2005), арбоби давлатӣ (1990-1993 ҷонишини Сарвазири ҷумҳурӣ, 1993-1995 Сарвазири Тоҷикистон).
90.Азимов Абдураҳмон (1950), арбоби давлатӣ (1996-1999 ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон).
91.Давлатов Матлубхон (1950), арбоби давлатӣ (аз соли 2010 ҷонишини аввали Сарвазири Тоҷикистон).
92.Зуҳуров Саидамир (1951), арбоби давлатӣ (1999-2005 ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон).
93.Искандаров Акбаршо (1951), арбоби давлатӣ (1992 Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Тоҷикистон).
94. Мансуров Ҷамолиддин (1951), арбоби давлатӣ (1995-1999 ҷонишини Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон).
95.Раҳмон Эмомалӣ (1952), арбоби давлатӣ (аз соли 1992 Президенти Тоҷикистон).
96.Убайдуллоев Маҳмадсаид (1952), арбоби давлатӣ (аз соли 1999 Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон).
97.Ғуломов Асадулло (1954-2010), арбоби давлатӣ (1995- 2010 ҷонишини аввали Сарвазири Тоҷикистон).
98.Зуҳуров Шукурҷон (1954), арбоби давалатӣ (аз соли 2009 Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон).
99.Раҷабов Сафаралӣ (1955-2011), арбоби давлатӣ (1995-1999 Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон).
100.Алимардонов Муродалӣ (1960), арбоби давлатӣ (аз 2006 муовини Сарвазири Тоҷикистон).
P.S. Ҳамчунин Нусратулло Абулҳақов, Аловиддин Бобоев, Мирзо Бекматов, Давлат Гадоев, Муҳиддин Зоиров, Наим Ёқубов, Инъом Икромов, Аҳмадҷон Исмоилов, Шарифҷон Қаландаров, Абдукарим Қосимов, Лақай Қармишев, Адолат Қосимова, Худойназар Маҳмадназаров, Рамазон Мирзоев, Султон Мирзошоев, Меҳрубон Назаров, Маҳмудбек Назрибеков, Сайфулло Пулодов, Адолат Раҳмонова, Мастибек Раҷаббеков, Абуҳаким Ҳалимов ва дигарон чун сиёсатмадори варзида миёни мардум маҳбубият доранд.
Мураттибон: Ёр Муҳаммад, Ҷамил Валиев - кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №23, 05 ноябри соли 2013
-
20.10.2026 15:45
222
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
209
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
324
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
833
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
179
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
355
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
180
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
287
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
265
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
194
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
299
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
182
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
255
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
427
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
235
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
348
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
573
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
262
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2454
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
441
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
317
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
484
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
394
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
385
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































