16:44:26 11-уми Сентябри 2026 сол
ДАР УКРАИНА ДАР ҲОДИСАИ ДУ КОНИ АНГИШТ 17 КАС КУШТА ШУД 29.07.2011 14:56 1843
Вазорати умури изтирории Украина мегӯяд, имрӯз дар ду ҳодисаи алоҳида дар конҳои ангишт 17 нафар кушта шудаанд. Дар кони Луганск 16 нафар кушта, 2 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
ДАР ДУШАНБЕ 18 НУҚТАИ ДАНДОНПИЗИШКӢ БАСТА ШУД 29.07.2011 14:55 1519
Хабаргузории REGNUM иттилоъ додааст, ки дар шаҳри Душанбе 18 нуқтаи хусусии дандонпизишкӣ баста шудааст.
ФАРМОНДЕҲИ МУХОЛИФОНИ ҚАЗЗОФӢ КУШТА ШУД 29.07.2011 09:58 1673
Мухолифони мусаллаҳи раҳбари Либӣ эълом кардаанд, ки Абдулфаттоҳ Юнус, фармондеҳи низомии аршади онҳо кушта шудааст. Мустафо Абдулҷалил, раиси Шӯрои интиқолии миллии Либӣ, ин хабарро панҷшанбе дар як кунфронси хабарӣ дар шаҳри Бенғозӣ, маркази мухолифон, эълом кард.
ЯК ДУРӮҒ ВА САРГАРДОНИИ ДАҲҲО ПУЛИС 28.07.2011 18:44 1710
Хабари бардурӯғе сабаби оворагии чандрӯза ва бефоидаи кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб шудааст. Марде, ки ин хабари бардурӯғро паҳн кардааст, барои ба даст овардани 500 сомонӣ мукофотпулӣ ба нерӯҳои пулис гуфтааст, ки макони будубоши чанд маҳбуси фирориро медонад.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶАИ АФҒОНИСТОНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ 28.07.2011 12:55 1764
Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зулмай Расулро ба ҳузур пазируфт.
РАИСИ ХАДАМОТИ МАТБУОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ДОҒИСТОН КУШТА ШУД 28.07.2011 12:22 1984
Дар Махачкала Раиси хадамоти матбуотии президенти ҷумҳурии Доғистон Ҳорун Қурбоновро парронданд, гузориш медиҳад РИА «Новости» бо истинод ба як манбаъи ҳукуматӣ. Имрӯз, панҷшанбе 28 июл, соати 08:15 бо вақти Маскав дар кӯчаи Монташев афроди ...
МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ УМУРИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН 27.07.2011 23:01 1813
Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон имрӯз дар Душанбе дидору гуфтугӯ анҷом доданд. Зулмай Расул, вазири умури хориҷии Афғонистон баъд аз мулоқоташ бо Ҳамроҳхон Зарифӣ, ҳамтои тоҷикаш гуфт, дар ин мулоқот ...
ДАР ЯК ЛАҒЖИШИ КӮҲ ДАР КОРЕЯИ ҶАНУБӢ 18 НАФАР КУШТА ШУД 27.07.2011 15:20 1699
Бино ба иттилои хабаргузории Фаронса дар натиҷаи лағжиши кӯҳ дар Кореяи Ҷанубӣ 18 нафар кушта шудааст. Дар осоишгоҳе, ки дар наздикии шаҳри Чхунчхон, ки дар шимоли кишвар қарор дорад, 12 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
ВАЗИРИ УМУРИ ХОРИҶИИ АФҒОНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ ОВАРД 27.07.2011 13:11 1676
Имрӯз, 27-уми июл дар нимаи аввали он, вазири умури хориҷаи Афғонистон доктор Залмай Расул бо сафари чаҳоррӯза ба Тоҷикистон омад. Бино ба иттилои сардори департаменти иттилоот ва таҳлилу барномарезии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ...
ҶУЗЪИЁТИ НАВ ДАР БОРАИ IRS 27.07.2011 12:19 1933
Як ниҳоди таъмини хадамоти нақлиётӣ мегӯяд, бино ба ихтиёри IRS гузаштани ҳудуди дарвозаи шимолии Душанбе, наметавонад дар ин макон тавқифгоҳ бунёд кунад. Яке аз масъулини «Душанбенақлиётхадамотрасон», ки дар ҷаласаи шаҳрдорӣ чанде қабл сӯҳбат кардааст, мегӯяд, соли 2010 як қарори махфӣ баромад ва шартномаи байналхалқӣ байни ширкати хориҷии IRS ва ҳукумати ....
ЗАМИНЛАРЗА ДАР ТОҶИКИСТОН 27.07.2011 12:18 1735
Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон соати 8:16 дақиқаи субҳи чаҳоршанбе як заминларзаи 4,4 дараҷаиро сабт кардааст.
БА ХОТАМӢ ИҶОЗАИ ХУРӮҶ АЗ ЭРОНРО НАДОДАНД 27.07.2011 12:17 1617
Мақомоти Эрон ба раисиҷумҳури пешин ва яке аз мухолифини ҳукумат Муҳаммад Хотамӣ хурӯҷ аз кишварро манъ карданд.
СУҚУТИ ҲАВОПАЙМОИ НИЗОМӢ ДАР МАРОКАШ 78 КУШТА БАР ҶОЙ ГУЗОШТ 27.07.2011 12:16 1390
Артиши Марокаш дар эъломияе, ки аз телевизиюни давлатии ин кишвар пахш шуд, эълом кард, ки 78 нафар бар асари суқути як ҳавопаймои низомии ин кишвар кушта шудаанд.
БИСТ ПАЙКОРҶӮИ ТОЛИБОН ДАР ҲИЛМАНД КУШТА ШУДАНД 27.07.2011 12:15 1371
Дар даргириҳои тозаи пайкорҷӯёни Толибон бо нерӯҳои афғон дар вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон дастикам бист нафар аз шуришиён ва ду маъмури пулис кушта шуданд. Дафтари устондори вилояти Ҳилманд гуфтааст, ки ин даргириҳо дирӯз дар вулусволиҳои Нодалӣ ва Мусоқалъаи ин вилоят рух дод.
МУҲОҶИРИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ӮЗБАКТАБОР МУТТАҲАМ БА ҚАСДИ КУШТАНИ ОБАМА ШУД 27.07.2011 11:58 1452
Дар Амрико шаҳрванди 21-солаи Ӯзбакистон Улуғбек Қодировро муттаҳам ба доштани аслиҳаи ғайриқонунӣ ва маводи тарканда, ки борҳо қасд ба куштани Барак Обама доштааст, дастгир намуданд. Дар ин бора рӯзи сешанбе 26 июл сомонаи Аl.com хабар дод.