ИНТИҚОДИ ОIC АЗ ҚАБУЛИ ҚОНУНИ МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН
08.08.2011 14:35
1884
Созмони ҳамкориҳои исломӣ ё OIC аз қабули Қонуни масъулияти волидайн дар Тоҷикистон нигаронӣ кардааст. Фотеҳ Окай, сухангӯи ин созмон, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, дар ин бора ба РО гуфт: "Созмони Конфронси Исломӣ ин масъаларо бо мақомоти Тоҷикистон дар миён гузошта ва аз онҳо ҷӯёи шарҳи ин қазия шуд.”
ОТАШСӮЗӢ ДАР ФУРӮШГОҲИ "ЭЛЕГАНТ"-И БОЗОРИ "КОРВОН"
08.08.2011 14:33
1803
Дар фурӯшгоҳи дуошёнаи мавсум ба "Элегант"-и бозори Корвон оташсӯзии бузурге ба амал омадааст. Ба гуфтаи подполковник Рустам Сафаров, раиси Хадамоти оташнишонии ноҳияи Фирдависии шаҳри Душанбе оташсӯзӣ соъати 6-и субҳи душанбе, 8 август шурӯъ шуда ва нахуст ниҳоди оташнишонии бозор талош кардааст, то бо нерӯи худӣ оташро муҳор кунад.
ТАЛОШИ ҚАЗОҚИСТОН БАРОИ ҲАЛЛИ БӮҲРОНИ ОБ БО КӮМАКИ ҚИРҒИЗИСТОН
08.08.2011 13:57
1413
Бино ба гузориши хабаргузории «Форс» ҳайате аз вилоятҳои ҷанубии Қазоқистон ба Қирғизистон сафар карданд ва дар дидор бо мақомоти Бишкек масъалаи камбуди шадиди об дар фасли тобистон дар Қазоқистон ва роҳҳои таъмини оби мавриди ниёз ба истифода ...
ОТАШСӮЗИИ БУЗУРГ ДАР БОЗОРИ КОРВОН
08.08.2011 09:31
2007
Дар Корвон, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳумаи он, оташсӯзии бузурге ба амал омадааст. Иттилоъе дар бораи хисорот ва талафот аз ин оташсӯзӣ ҳанӯз пахш нашудааст.
КАРЗАЙ ДАСТУРИ ТАҲҚИҚИ ҚАТЛИ ҒАЙРИНИЗОМИЁН ДАР ҲИЛМАНДРО ДОД
08.08.2011 09:30
1435
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дастур додааст то дар мавриди кушта шудани ҳашт нафар ғайринизомӣ, аз ҷумла кӯдакон ва занон дар як зарбаи ҳавоии НАТО таҳқиқот анҷом шавад.
РАВОБИТ БО ЭРОН БОЯД АВЛАВИЯТИ АВВАЛИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БОШАД
06.08.2011 17:08
2129
Ба гузориши хабаргузории «Форс», ширкаткунандагон дар як назарсанҷии расонаӣ, ки тавассути яке аз пойгоҳҳои муҳими хабарии Тоҷикистон сурат гирифта, мӯътақиданд, ки Теҳрон муҳимтарин шарики хориҷии Душанбе аст.
МАСКАВ МУХОЛИФИ ИҚДОМИ НИЗОМИИ НАТО АЛАЙҲИ СУРИЯ МЕБОШАД
06.08.2011 16:50
1649
Намояндаи Русия дар НАТО рӯзи ҷумъа таъкид кардааст, ки кишвараш бо бакоргирии нерӯи низомӣ алайҳи Сурия мухолиф аст. Ба гузориши хабаргузории «Ирно» ва ба нақл аз пойгоҳи хабарии «Аллам», Дмитрий Рагозин, намояндаи Русия дар НАТО ёдовар шудааст ...
ТОҶИКИСТОН ДАР МАҚОМИ 41-УМИ ШОХИСИ ТЕРРОР-2011
05.08.2011 17:18
1454
Як гузориши коршиносӣ мегӯяд, ки соли гузашта шумораи ҳамлаҳои террористӣ дар ҷаҳон 15 дарсад афзудааст. Тибқи ин гузориш, 75 дарсади ҳамлаҳои даҳшатафканон ба чор кишвар: Сомалӣ, Покистон, Афғонистон ва Ироқ рост меояд.
БОЗДОШТИ АФРОДИ МУТТАҲАМ ДАР ИРТИБОТ БО “ТЕРРОРИСТҲО” ДАР ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН
05.08.2011 17:16
1627
Додгоҳҳо ахиран ҳукми боздошти чанд нафари мазнун дар иртибот доштан бо ҷонибдорони ҶИӮ дар шимоли кишварро содир кардаанд. Вакилони мудофеъи бархе аз ин афрод мегӯянд, муввакилонашон умдатан барои огоҳ насохтани мақомот аз буду бош ва ё фаъолиятҳои “террористон” муттаҳам шудаанд.
АБДУЛҚОДИРЗОДА СОҲИБКОРОНРО БА АДЛУ ИНСОФ ҲИДОЯТ КАРД
05.08.2011 17:15
1475
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бо соҳибкорони бозори «Шоҳмансур» - и пойтахт мулоқот анҷом дод.
ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТИ ҶАДИДИ ҲАВОИИ “ХАТЛОН ЭЙР”
05.08.2011 17:13
1499
“Хатлон Эйр” ширкати ҷадиди ҳавоии Тоҷикистон барои анҷоми парвозҳо муҷаввиз Созмони Ҳавонавардии Байналмиллалиро (ИКАО) дарёфт кардааст. Ба гуфтаи Анвар Давлатов, раиси “Хатлон Эйр”, ин ширкат акнун метавонад ба интиқоли мусофирон ва колову маводд тавассути чархбол ба Афғонистон машғул шавад.
МАҚОМИ 41-УМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШОХИСИ ТЕРРОР-2011
05.08.2011 17:11
1602
Пажӯҳишгоҳи Мейплкрофт, мақараш дар Лондон, гузориши солонааш таҳти унвони «World Terrorist Index -2011”-ро нашр кард, ки дар он Сомаливу Афғонистон хатарноктарин маконҳои дунё аз нигоҳи хатари ҳамлаҳои террористӣ ном бурда шудаанд.
МЕДВЕДЕВ ТАЛАБИ ХУРУҶИ НИРӮҲОИ РУСИЯРО РАД КАРД
05.08.2011 17:11
1403
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев Сенати Амрикоро ба маҳзи тасвиби қароре, ки Маскавро ба хуруҷи нирӯҳояш аз вилоёти ҷудошудаи Гурҷистон даъват мекунад, ба боди интиқод кашид.
БОЗ ЯК ФАРЗАНДИ ҚАЗЗОФӢ КУШТА ШУДААСТ
05.08.2011 17:10
1684
Чирикиҳои Либия мегӯянд, шаби гузашта бар асари ҳамлаи ҳавоии НАТО дар шаҳри Зилтон Хамис, боз як фарзанди дигари Муаммар Қаззофӣ кушта шудааст.
РОБИН ОРД-СМИТ САФИРИ ОЯНДАИ БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР ТОҶИКИСТОН
05.08.2011 09:59
1435
Чоруми август аз Сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон ба сомонаи “Рӯзгор”хабар доданд, ки сар аз моҳи марти соли 2012 вазифаи сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистонро ба ҷои ҷаноби Тревор Чарлз Мур, ки барои хизмат ба хадамоти дипломатии ...
















