17:30:54 11-уми Сентябри 2026 сол
БОЗДОШТИ ЯК ҚОЧОҚЧИИ АФҒОН ДАР ТОҶИКИСТОН 15.08.2011 22:59 1488
Нерӯҳои интизомии Тоҷикистон мегӯянд як қочоқчии афғонро боздошт ва аз ӯ миқдори зиёди маводди мухаддирро мусодира карданд.
ТАСЛИМИ ДОВТАЛАБОНАИ АСЛИҲА ДАР БАДАХШОН 15.08.2011 16:32 1583
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз таслими довталабонаи аслиҳа дар вилояти Бадахшони ин кишвар хабар додааст. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъотии ин вазоратхона, мақомоти зарабти ин вилоят то ҳол беш аз 30 адад силоҳро аз сокинон ҷамъоварӣ кардаанд. Ниҳодҳои интизомии шаҳри Хоруғ хабар медиҳанд, ки аз ин миқдор аслиҳа 11 худкори ....
МАРГИ ДУ НАФАР БАР АСАРИ ҒАРҚШАВӢ 15.08.2011 12:40 1455
Дар чор рӯзи ахир дар Тоҷикистон ду нафар дар рӯдхонаҳо ғарқ шудаанд. Бино ба иттилоъи Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 13 август, Сайвалӣ Шералиев, сарбози Вазорати дифоъи ин кишвар дар рӯдхонаи Зарафшон, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ дар шимоли Тоҷикистон ғарқ шудааст.
ВАЗИРИ КИШВАРИ ПОКИСТОН: МУНОҚИШАИ КАРОЧӢ МАНШАЪИ ҚАВМӢ ВА СИЁСӢ ДОРАД 15.08.2011 11:45 1639
Вазири кишвари Покистон, бо таъкид бар ин, ки мушкилоти Карочӣ маншаъи қавмӣ ва сиёсӣ дорад, гуфт: «Як кумитаи муташаккил аз намояндагони порлумон ва давлат ба зудӣ барои ҳалу фасли мушкилоти ин шаҳр ташкил хоҳад шуд».
ЯК МАҚОМИ ИТТИЛООТИ ЛИБИЯ: ҚАЗЗОФӢ БА ИН ЗУДИҲО САРНАГУН НАМЕШАВАД 15.08.2011 11:43 1384
Яке аз афсарони баландпояи созмони иттилоот ва амнияти Либия гуфт, ки ҳукумати Муаммар Қаззофӣ ба ин зудиҳо суқут намекунад.
ОБАМА МАСОИЛИ АМНИЯТӢ ВА ҲАМКОРИРО БО КАРЗАЙ БАРРАСӢ КАРД 15.08.2011 11:42 1330
Барак Обама ва Ҳомид Карзай президенти Амрико ва Афғонистон раванди интиқоли масъулияти таъмини амният дар Афғонистон ба нерӯҳои мусаллаҳи афғониро баррасӣ карданд, хабар медиҳад, хабаргузории РИА «Новости» бо такя ба дафтари матбуотии Кохи сафед.
ТАРКИШ ДАР МАРКАЗИ ИРОҚ 15 КУШТА БАР ҶО ГУЗОШТ 15.08.2011 11:40 1386
Шабакаи телевизионии «Ал-арабия», рӯзи Душанбе эълон кард, ки вуқӯъи ду инфиҷор дар шаҳри Кут, воқеъ дар маркази Ироқ 15 кушта ва 35 захмӣ бар ҷо гузошт.
СИЛОҲИ СЕРБӢ ВА БУЛҒОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН? 11.08.2011 09:24 1597
Дафтари халъи силоҳи СММ мегӯяд, Тоҷикистон аз Сербистон ва Булғориcтон силоҳи сабук харидорӣ кардааст. Бино ба ин манбаъ, соли 2010 Тоҷикистон аз Булғористон ҳудуди 700 ва аз Сербистон беш аз 300, дар кул беш аз 1000 мил силоҳи мухталиф, аз қабили туфанг, таппонча - мусалсал, мусалсали дастӣ, норинҷакандоз ва ғайраҳо ....
САИДҚУЛ АШӮРОВ - "ҶОСУС"-И ТОҶИКИСТОН? 10.08.2011 22:34 1930
Дар Узбакистони ҳамсоя муҳокимаи шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистон Саидқул Ашӯров идома дорад. Ба гуфтаи наздикону як вакили дифоъаш, ӯ бар хилофи тамоми меъёрҳо ғайриқонунӣ боздошт шудааст ва ҳоло ӯро ба ҷосусӣ муттаҳам мекунанд.
МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ КОРИ ГУМРУКЧИЁНРО ОСОН МЕКУНАД 09.08.2011 14:38 1592
Дирӯз, 8-уми август, дар Душанбе маросими ифтитоҳи расмии фаъолияти Маркази хизматрасонӣ барои системаи автоматигардонидашудаи гумрукии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки дар он Кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Сара Пенҳюн ...
НОМАИ КУШОДИ МАСЪУД СОБИРОВ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 09.08.2011 14:31 1834
Инак 20 сол аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз неъмати бузурги Истиқлол баҳра мебардорад. Бо  вуҷуди воқеаҳои нангину фоҷеабор, хатару душвориҳои дарёфти мӯҳиту фазои муносиби зисти одамон, хориву зории қисме аз ҳамватанон, ки таи ин муддат насиби...
ИНТИҚОДИ ОIC АЗ ҚАБУЛИ ҚОНУНИ МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН 08.08.2011 14:35 1884
Созмони ҳамкориҳои исломӣ ё OIC аз қабули Қонуни масъулияти волидайн дар Тоҷикистон нигаронӣ кардааст. Фотеҳ Окай, сухангӯи ин созмон, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, дар ин бора ба РО гуфт: "Созмони Конфронси Исломӣ ин масъаларо бо мақомоти Тоҷикистон дар миён гузошта ва аз онҳо ҷӯёи шарҳи ин қазия шуд.”
ОТАШСӮЗӢ ДАР ФУРӮШГОҲИ "ЭЛЕГАНТ"-И БОЗОРИ "КОРВОН" 08.08.2011 14:33 1803
Дар фурӯшгоҳи дуошёнаи мавсум ба "Элегант"-и бозори Корвон оташсӯзии бузурге ба амал омадааст. Ба гуфтаи подполковник Рустам Сафаров, раиси Хадамоти оташнишонии ноҳияи Фирдависии шаҳри Душанбе оташсӯзӣ соъати 6-и субҳи душанбе, 8 август шурӯъ шуда ва нахуст ниҳоди оташнишонии бозор талош кардааст, то бо нерӯи худӣ оташро муҳор кунад.
ТАЛОШИ ҚАЗОҚИСТОН БАРОИ ҲАЛЛИ БӮҲРОНИ ОБ БО КӮМАКИ ҚИРҒИЗИСТОН 08.08.2011 13:57 1413
Бино ба гузориши хабаргузории «Форс» ҳайате аз вилоятҳои ҷанубии Қазоқистон ба Қирғизистон  сафар карданд ва дар дидор бо мақомоти Бишкек масъалаи камбуди шадиди об дар фасли тобистон дар Қазоқистон ва роҳҳои таъмини оби мавриди ниёз ба истифода ...
ОТАШСӮЗИИ БУЗУРГ ДАР БОЗОРИ КОРВОН 08.08.2011 09:31 2007
Дар Корвон, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳумаи он, оташсӯзии бузурге ба амал омадааст. Иттилоъе дар бораи хисорот ва талафот аз ин оташсӯзӣ ҳанӯз пахш нашудааст.