17:30:33 11-уми Сентябри 2026 сол
Э.РАҲМОН АЗ САФИРОНИ БЕЛОРУС, ҚАЗОҚИСТОН ВА ПОКИСТОН ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД 19.08.2011 15:50 1455
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус ва сафирони нави Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.
СОЗИШНОМАИ БАЙНИ КЕН ГРОСС ВА САЙМӮМИН ЯТИМОВ 19.08.2011 09:56 1621
Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гросс ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов Ислоҳоти рақами 11 ба Созишномаи байни Ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи мухаддир...
ТОРИҚ АЗИЗ ХОҲОНИ ЭЪДОМИ ҲАРЧӢ САРЕЪТАРИ ХУД ШУД 18.08.2011 16:35 1400
Ториқ Азиз, вазири собиқи умури хориҷаи Ироқ ва муовини Саддом Ҳусейн дар номае ба Нури Моликӣ нахуствазири ин кишвар, хоҳони иҷрои ҳарчӣ сареътари ҳукми эъдоми худ шуд. Тибқи хабаргузории «Ирно», пойгоҳи хабарии «Ал-ҷазира» субҳи панҷшанбе ...
ИХТИРОЪИ НАВЪИ БЕСОБИҚАИ ПАХТА ДАР ТОҶИКИСТОН 18.08.2011 15:43 1639
Гурӯҳи донишмандони Пажуҳишгоҳи замини Академияи кишоварзии Тоҷикистон навъи нави пахтаеро офариданд, ки дар ҷаҳон собиқа надорад.
ҲАЛОКАТИ 20 НАФАР ДАР ТАРКИШЕ ДАР ҲИРОТ 18.08.2011 15:42 1579
Бар асари таркиши бомби рӯи раҳ дар вилояти Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон, дасти кам 20 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар маҷрӯҳ шуданд.
ДАСТИКАМ 30 НАФАР ДАР ХУШУНАТҲОИ КАРОЧӢ КУШТА ШУДААНД 18.08.2011 15:41 1473
Ба гузориши манобеъи пулиси Покистон, тайи ду рӯзи гузашта, дастикам 30 нафар дар Карочӣ, бузургтарин шаҳри Покистон, кушта шудаанд ва шароити аҷсоди кашфшуда тавассути нерӯҳои пулис ба вузуҳ нишон медиҳад, ки ин афрод қабл аз марг шиканҷа шуда буданд.
КУШТА ШУДАНИ ЯК САРВОНИ МАРЗБОН ДАР ШӮРООБОД 17.08.2011 18:26 1621
Ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон аз кушта шудани як сорвони ин нерӯҳҳо дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон хабар додаанд. Як манбаъ аз ин нерӯҳҳо мегӯяд, ки ҳодисаи кушта шудани Рамзӣ Гулобов, муъовнини раиси постгоҳи марзии ноҳияи Ҳамадонӣ дар назди рустои Шоуни ноҳияи марзии Шӯрообод рух додааст.
АМРИКО: ДАВРОНИ ҲУКУМАТИ ҚАЗЗОФӢ РӮЗҲОЕ БА ШУМОР МОНДААСТ 17.08.2011 13:59 1631
Мақомҳои Кохи сафед мегӯянд, ки Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия вопасин рӯзҳои худро мегузаронад ва даврони ҳукумати ӯ рӯзҳое ба шумор мондааст, хабар медиҳад, хабаргузории «Ирно». Ба гузориши хабаргузориҳо, Леон Понетто, вазири дифои Амрико ...
АҲМАДИНАЖОД ПЕШНИҲОДОТИ РУСИЯ БАРОИ ҲАЛИ МАСОИЛИ ҲАСТАИИ ЭРОНРО ПАЗИРУФТ 17.08.2011 09:56 1444
Маҳмуд Аҳмадинажод президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, пешниҳодоти Русия барои ҳалу фасли авзоъ дар атрофи барномаи ҳастаии кишвари худро пазируфт, хабар медиҳад, РИА «Новости».
ИФТИТОҲИ ПУЛИ МУҲИМИ МАРЗИИ ТОҶИКИСТОН БО АФҒОНИСТОН 16.08.2011 23:32 1770
Имрӯз 16-уми август, тайи маросими хосе бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пули бузурге эҳдо шуда ба рӯи руди Панҷ дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ 15.08.2011 23:00 1464
Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуд. Дар машварат Сарвазири малакат Оқил Оқилов, муовинони сарвазир, аъзои ҳукумат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
БОЗДОШТИ ЯК ҚОЧОҚЧИИ АФҒОН ДАР ТОҶИКИСТОН 15.08.2011 22:59 1488
Нерӯҳои интизомии Тоҷикистон мегӯянд як қочоқчии афғонро боздошт ва аз ӯ миқдори зиёди маводди мухаддирро мусодира карданд.
ТАСЛИМИ ДОВТАЛАБОНАИ АСЛИҲА ДАР БАДАХШОН 15.08.2011 16:32 1583
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз таслими довталабонаи аслиҳа дар вилояти Бадахшони ин кишвар хабар додааст. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъотии ин вазоратхона, мақомоти зарабти ин вилоят то ҳол беш аз 30 адад силоҳро аз сокинон ҷамъоварӣ кардаанд. Ниҳодҳои интизомии шаҳри Хоруғ хабар медиҳанд, ки аз ин миқдор аслиҳа 11 худкори ....
МАРГИ ДУ НАФАР БАР АСАРИ ҒАРҚШАВӢ 15.08.2011 12:40 1455
Дар чор рӯзи ахир дар Тоҷикистон ду нафар дар рӯдхонаҳо ғарқ шудаанд. Бино ба иттилоъи Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 13 август, Сайвалӣ Шералиев, сарбози Вазорати дифоъи ин кишвар дар рӯдхонаи Зарафшон, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ дар шимоли Тоҷикистон ғарқ шудааст.
ВАЗИРИ КИШВАРИ ПОКИСТОН: МУНОҚИШАИ КАРОЧӢ МАНШАЪИ ҚАВМӢ ВА СИЁСӢ ДОРАД 15.08.2011 11:45 1639
Вазири кишвари Покистон, бо таъкид бар ин, ки мушкилоти Карочӣ маншаъи қавмӣ ва сиёсӣ дорад, гуфт: «Як кумитаи муташаккил аз намояндагони порлумон ва давлат ба зудӣ барои ҳалу фасли мушкилоти ин шаҳр ташкил хоҳад шуд».