ФУРӮШИ ФАТВО Ё НАСЛИ ЧОРУМ ЧӢ МЕХОҲАД?
Аҳмадҷони Маҳмуд, як сокини ноҳияи Рудакӣ, дар сӯҳбат ба мо гуфт: “то чанд рӯзе қабл, ҳангоми пеш омадани мушкил дар масоили динӣ, ба имомхатиби масҷид муроҷиат мекардем. Ӯ қабл аз намоз ва ё баъд аз он ба суолҳои мо посух медод ва бо забони оммафаҳм, моро мефаҳмонид. Аммо вақтҳои ахир ба мисли пешин ба суолҳои мо ҷавоб намегӯяд, балки аз мардум хостааст, ки саволҳояшонро хаттӣ ва ҳамроҳ бо “квитанция” пешниҳод кунанд. Дар ғайри он ба суолҳояшон посух нахоҳад гуфт». Ба гуфти Аҳмадҷон, мушкили асосии ин мардум, пул додану фатво ва ё посух харидан нест, балки сарфи вақт дар навиштани суол ва гирифтани ҷавоб аст. Номбурда гуфтаи худро бо омилҳои зайл асоснок карда мегӯяд:
1. На ҳамаи сокинон бо забони давлатӣ хуб навишта ва хонда метавонанд.
2. Мо дар асри ХХI зиндагӣ дорем ва бо далели ҷаҳонишавии иттилоот, ҳар лаҳза мардум метавонанд ба донишмандони ҷаҳонӣ, аз ҷумлаи донишмандони гурӯҳҳои ҷиҳодӣ, муташаддиду ифротгаро ва ё ғайри онҳо рӯ оваранд ва ин барояшон осонтар аст.
3. Сарфи вақт ва кам шудани меҳру муҳаббат ва эътимоди мардум нисбат ба муллоҳои маҳал аст.
Ҳамзамон, Файзалӣ Каримов, як масъули Маркази исломии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо мо гуфт: «суолҳои умумие, ки барои домуллохатибҳо ва имомони масоҷид дода мешавад, ба ҳамаи онҳо ба таври ройгон посух гуфта мешавад. Аммо дар бобати фатво гирифтан дар хусуси масоили дорои ҳукми ҳалол ё ҳаром фард бояд ба “Раёсати Фатвои Маркази исломии Тоҷикистон” муроҷиат намояд. Шахсони мазкур бояд суоли худро хаттӣ ҳамроҳ бо “квитанция”, ки маблағи он 80-сомониро ташкил медиҳад, ба Раёсати Фатво супоранд ва онҳо ҷавоб-фатвои худро дар муддати накамтар аз се рӯз дарёфт хоҳанд кард».
Ин дар ҳолест, ки Худои карим дар Қуръони маҷид, дар бораи қавми Бани Исроил фармудааст: “Ва оёти Маро ба баҳои андак мафурӯшед ва (танҳо) аз Ман бимнок бошед!» (Бақара, ояти 41). Ба ҳамин далел, баъзе донишмандони муосир, бар ивази фатво гирифтани маблағро ноҷоиз медонанд.
Ба гуфти Сафарбеки Сафомуҳаммад, сокини пойтахт, як ҷавони 22-сола, ки шуғли дӯстдоштааш нишастан дар назди Интернет ва ҷустуҷӯ дар ин шабака ҳасту худро аз гурӯҳи насли чаҳорум медонад: “ҷаҳони имрӯз ва ҷавононе, ки аксар ба дин ва омӯзаҳои исломӣ майлу рағбат доранд, бо ҷаҳони иттилоот, «ҷаноби олӣ», «ҳазрат»-и Интернет ва телефонҳои ҳамроҳ ошноӣ ва ба қавле он дуро зани аввал ва ё зани дуввуми худ медонанд, ин неоҷавонони исломгаро ҳар лаҳза аз воқеа ва рӯйдодҳои олам тавассути он ду ошно мешаванд. Агар тамоми суол ва посухҳои динӣ аз шифоҳӣ ба хаттӣ гузаранд, ҷавонони насли чаҳорум, бо се далел инро қабул нахоҳанд кард:
1. Донишмандони исломие, ки мо дорем, на ҳама кас дониши онҳоро эътироф мекунад. Бар замми он, аслан, харҷи зиёдатӣ ва чанд рӯзи интизориро насли чаҳорум қабул надорад.
2. «Ҳазрат»-и Интернет бо камтарин харҷ, аниқтараш чанд сент, дар як лаҳза мағзи холӣ ва нофаҳмоиҳои як ҷавони посухталабро бо ҳазорон факту рақам ва фатвоҳои зиду нақиз метавонад пур кунад.
3. Садҳо донишманди хайрхоҳ ва ё ғаразхоҳе дар ҷаҳони имрӯз вуҷуд дорад, ки ҳамаи онҳо тавассути «ҳазрат»-и Интернет ва телефонҳои ҳамроҳ, дунёи ҷавононро идора кардан мехоҳанд ва бисёриҳо барои таблиғи ғаразҳо ва таҳмили андешаи худ, дар интизори як занг ва ё пашхи тугмачае дар рӯи сомонаҳои худ интизор ҳастанд”.
Дар робита ба фатвоҳои ройгон метавон гуфт, ки ҳамакнун дар Тоҷикистони азизамон чанде аз донишмандани эътирофшудаи исломие низ дорем, ки ба суолҳои мардум бе пул ва дар фурсти кӯтоҳ посух медиҳанд. Барои мисол, бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва Маҷмаи уламои ҲНИТ тариқи сомонаҳои худ пайваста бо мардум ва мизоҷонашон дар иртибот ҳастанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ба суол ва дархостҳои муштариёни худ дар заминаи масоили динӣ расман ҷавоб гӯянд. Гарчанде онҳо худро аз насли чаҳорум надонанд ҳам, эшон бо далели он, ки ҳамеша бо мардум дар иртибот ва дар хидмати онҳо ҳастанд, худро то ҷое муваффақ медонанд.
Илова бар ҷанобони мазкур, домуллоҳои мӯҳтарами дигаре низ дар дохили кишвар дорем, ки хеле маъруфияти зиёд доранд ва мардум низ ба онҳо эътимод доранд. Барои мисол, домулло Маъруфҷон, собиқ ноиби муфтӣ Амонуллоҳ Неъматзода, домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода, Эшони Абдухалилҷон ва даҳҳо каси дигар, ки мардум ба онҳо эътимод доранд.
Бо далели надоштани иртиботи мустақим бо мардум ва қафо мондан аз технологияи навин, ҷавонони насли чаҳорум онҳоро домуллоҳои мӯҳтарами аз ҷомеа қафомонда меҳисобанд. Ҳарчанд ин азизон ва фарзонагони тоҷик дар асри бист, бо ҷаҳду толошҳои зиёде ба мардуми кишварамон хидмат кардаанд ва ба таври шифоҳию ройгон то ба ҳол ба мардум фатво ё ба суолҳои онҳо посух дода истодаанд. Шояд сабаби аслии қафомониашон аз техноологияи навин пирӣ ва ё беморӣ бошад. Ба ҳар ҳол онҳоро метавон маъзӯр донист.
Аммо бо таассуфи зиёд бояд гуфт, ки он муллоҳои курсинишини мо, ки вақти ҷаҳду талош ва хидматкарданашон ҳаст, аз ҷомеа қафо мондаанд. Аз ҷумлаи онҳо, ҳазрати домулло Абударраҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистон, ҳазрати домулло Муродулло Давлатов, раиси Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон, ҳазрати домулло муфтӣ Сайидмукаррам Абдулқодиров, раиси Маркази исломии Тоҷикистон, эшони домулло муфти Муҳаммад Сайидҷони Сорбон, раиси Шӯрои уламои вилояти Хатлон, домулло муфтӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд, бо ҳамон қадар бузургӣ ва намояндагӣ аз мардум то ҳол сомонаи интернетӣ надоранд ва мустақиман низ бо қавми худ дар иртибот нестанд.
Ин бузургони миллат то ҳол аз таҳоҷуми динии мазоҳиби ғайр бо забони тоҷикӣ ва пуркардани халогоҳи мағзи ҷавонони маорифҷӯ шояд огоҳ набошанд. Аниқтараш, шояд дар байни ҳамаи ин уламои курсинишини мӯҳтарами кишварамон як донишманди воқеан мусалмони мусаллаҳ бо илми диниву дунявӣ вуҷуд надошта бошад. Бо ҳамин далел, ба хотири роҳ надодан кашфи заъфи илмӣ ва андешаи худ, бо умеди он ки метавон аз дохили идора ҳама корро анҷом дод, бо насли чаҳорум ҳамроҳ шуданӣ нестанд ва ноогоҳона худ ва миллатро дар маърази ҳуҷуми дигарон қарор додаанд. Бо ҳамин далел сукути онҳо гувоҳи маъзӯр буданро надорад.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4463-furushi-fatvo-yo-nasli-chorum-chi-mekhohad.html
-
23.10.2026 12:48
267
Субот ва амнияти минтақавӣ: Мулоқоти дипломатҳои Тоҷикистон бо роҳбарияти САҲА дар Душанбе
-
20.10.2026 15:48
224
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
-
20.10.2026 15:45
239
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
14.09.2026 04:00
332
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
839
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
800
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
24.10.2026 13:16
435
Аз Берлин то Душанбе: Ҳайати тиҷоратии Олмон бо технологияҳои нави коммуналӣ ва саноатӣ ба Тоҷикистон меояд
-
24.10.2026 13:14
440
Аз Душанбе то Батуми: Уфуқҳои нави тиҷорат, нақлиёт ва амнияти иқтисодӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон
-
24.10.2026 13:09
316
Хатлон — меҳвари ҷалби сармояи ҷаҳонӣ: Аз агрологистика ва занони деҳот то инқилоби нассоҷӣ
-
12.10.2026 00:59
470
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
367
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
466
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:14
329
Дуздии барқ ва порагирӣ: Прокуратура нисбати даҳҳо назоратчиёни барқ парванда оғоз кард
-
21.10.2026 22:08
309
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
504
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
21.10.2026 22:17
434
Масъалаи хат ва таҳаввули таърихии забони тоҷикӣ дар муқоиса бо форсии Эрон ва дарии Афғонистон
-
20.10.2026 15:35
740
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
196
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
02.10.2026 13:53
340
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
-
30.09.2026 11:18
325
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
437
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
12.10.2026 01:06
405
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
355
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
590
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
229
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
268
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
876
“Ранҷи модар”
-
12.08.2026 23:15
1066
СУЛҲИ ТОҶИКОН: ХАТИ ВАСЛ АСТ, НА ХАТИ ФАСЛ
-
07.07.2026 12:25
641
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2462
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
19.10.2026 12:04
232
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
450
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
323
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
491
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
402
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
392
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































