06:49:39 15-уми Ноябри 2026 сол
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат 20.10.2026 15:35 1298
Рӯзгори муосир ва рушди устувори ҷомеаро бе таҳкими пайвандҳои маънавӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва сармоягузорӣ ба насли ҷавон тасаввур кардан имконнопазир аст. Маҳз ҳамин се меҳвари калидӣ заминаи музокироти навбатии Тоҷикистонро бо яке аз кишварҳои пешрафтаи халиҷ ниҳод.
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд 19.10.2026 22:20 231
Синамо оинаи рӯзгори ҷомеа ва пуртаъсиртарин абзори муаррифии фарҳангу арзишҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Имрӯзҳо пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба маркази тавлиди ғояҳои нави синамоии минтақа табдил ёфтааст.
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд 15.10.2026 20:04 296
Кино яке аз муҳимтарин василаҳои инъикоси ҳаёти ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддуни миллат ба ҷаҳониён ба шумор меравад. Он бо забони тасвиру садо қисса мекунад, аз гузаштаи пурифтихор ёд меорад...
Ишқи заминӣ ва осмонӣ: Сирри ғазалиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 14.10.2026 23:06 438
Агар дар адабиёти муосир шеър бештар баёнгари дардҳои иҷтимоӣ ва инсонӣ бошад, дар адабиёти классикии мо он як нардбонест, ки рӯҳи инсонро аз замин ба осмонҳо мебарад. Дар ин ҷода ҳеҷ кас баландтар ва шӯълавартар аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) парвоз накардааст.
Танини шеъри тоҷику форс дар қалби Аврупо: Бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена 14.10.2026 12:31 296
Мероси гаронбаҳои адабиёти классикии мо сарҳадҳоро убур карда, ин бор дар яке аз марказҳои фарҳангии ҷаҳон — шаҳри Вена соҳиби эҳтироми хосса гардид. Шӯҳрати аввалин бонуи шоираи аҳди Сомониён ва лирики тавонои шариқ дили аврупоиёнро тасхир намуд.
Аз умқи асрҳо то ЮНЕСКО: Ҳамоиши бахшида ба “Рӯзи фалак” дар пойтахт 10.10.2026 18:49 399
Дар пойтахт “Рӯзи фалак”-ро бо баррасии мақоми ин жанри қадимии мусиқӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ ҷашн гирифтанд.
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ»: Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ шуд 06.10.2026 09:21 330
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки аҳли илму адаб ва зиёиёни мамлакат рӯнамоии асари нави ҳамосӣ доир гардид, ки дар он симои Сарвари давлат дар қолаби ҳамосаи миллӣ офарида шудааст.
Рамзу рози ишқи ҷонсӯз дар оинаи шеъри Шаҳрия Аҳтамзод 04.10.2026 21:07 471
Шеър барои инсони соҳибдил танҳо омезиши қофияву радиф ва калимаҳо нест. Шеър — тарҷумони қалби замину замон ва набзи рӯҳи одамизод аст. Он лаҳзаҳое, ки дард аз ҳад мегузарад, ё шодиву пазмонӣ маҷрои рӯҳро дигар мекунад, сухан ба кӯмаки мо меояд.
Корномаи Фурқат Саидзода дар як китоб: Аз “Сози ватандорӣ” то “Соҳибмақоми Шашмақом” 25.09.2026 00:51 439
Китоби нав бо номи “Соҳибмақоми Шашмақом”, ки ба фаъолият ва рӯзгори ҳунарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Фурқат Саидзода бахшида шудааст, аз чоп баромад.
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад 19.09.2026 11:43 327
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон: ғунҷоиши то 10 миллион китоб 13.09.2026 22:13 471
Яке аз дастовардҳои муҳим ва назарраси даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ташаккул ва таҳкими низоми нави ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва моддию техникии соҳаи китобдорӣ ба шумор меравад.
ИЗҲОРИ СИПОСИ АҲЛИ ЭҶОДИИ «РӮЗГОР» БА ҲАВОДОРОНИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН 10.09.2026 23:23 826
Ба аҳли эҷодии сомонаи "Рӯзгор" барои қадрдонӣ ва суханҳои боло ва дар айн хақиқат дар ҳаққи Нависандаи халқии Тоҷикистон Марямбонуи Фарғонӣ самимона миннатдорӣ мекунем!
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид 06.09.2026 19:10 547
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид.
Сотим Улуғзода ва қадршиносии Пешвои миллат 03.09.2026 12:30 694
Дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки осорашон аз доираи адабиёт берун рафта, ба бахше аз хотираи умумимиллӣ табдил меёбад. Устод Сотим Улуғзода аз зумраи чунин фарзонафарзандон буд.
Нури хилвати шеър: мавлуди Шаҳрия муборак! 02.09.2026 12:56 485
Имрӯз соҳибҷашн, муаллимаи забардасти калом ва яке аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти муосири тоҷик, шоираи тавоно ва соҳибмактаб Шаҳрия Аҳтамзод мелод доранд.