21:09:58 24-уми Ноябри 2026 сол

854 пирӯзӣ: Ифтихори варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ

Аз соли 2025 то имрӯз ба шарафи ғолибияти варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ беш аз 854 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, Суруди миллӣ садо дод.

222 photo 2025-11-20 10-12-38Таҳлили натиҷаҳои варзишӣ нишон медиҳад, ки муваффақиятҳои намояндагони кишвар сол то сол афзоиш меёбанд:

Дастовардҳои соли 2025: Дар ин сол варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои дохилию хориҷӣ дар маҷмуъ 510 медал (140 тилло, 166 нуқра ва 204 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Натиҷаҳои нуҳ моҳи соли 2026: Танҳо дар нуҳ моҳи соли равон варзишгарон соҳиби 344 медал, аз ҷумла 101 медали тилло шуданд.

Парчам — рамзи ифтихор ва худшиносии миллӣ

Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон на танҳо дар майдонҳои варзишӣ, балки дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, сафоратҳо ва чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ чун нишони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ пайваста парафшон аст.

Ҳунармандону аҳли эҷоди мамлакат низ меҳру муҳаббати худро нисбат ба ин рамзи муқаддас дар шеъру таронаҳо таҷассум намуда, ба ин васила ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузоранд. Бо дастгириву роҳнамоии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонону варзишгарони тоҷик бо иродаи қавӣ ва матонати баланд дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат варзида, обрӯву нуфузи Ватанро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд.

Гиромидошти Парчами давлатӣ ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ва талқини эҳтироми он ба насли наврасу ҷавон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст ба шумор меравад.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ