21:09:56 24-уми Ноябри 2026 сол

Дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон дар нахустин форуми СҲШ

Рӯзҳои 20-21 ноябр дар Ҷумҳурии Ҳиндустон нахустин форуми Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти унвони «Тақвияти муколамаи тамаддунҳо тавассути фарҳанг ва мерос» баргузор гардид. Ин ҳамоиши сатҳи баланд бо суханронии ифтитоҳии Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ оғоз ёфта, намояндагони воломақоми давлатҳои аъзои СҲШ, ходимони илму фарҳанг ва коршиносони соҳаро ба ҳам овард.

333 2372096987088892198 n-1Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ҷаласаи рӯзи 21 ноябр Вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён суханронӣ намуда, нақши чунин ҳамоишҳоро дар шароити кунунии ҷаҳон барои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муколамаи созанда миёни давлатҳо муҳим арзёбӣ кард.

Зимни баромад ва рафти форум ба нуктаҳои калидии зерин таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд:

- Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан ва мероси ғании фарҳангӣ ҳамеша ҷонибдори эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, ҳифзи гуногунрангии фарҳангӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо мебошад.

- Истифодаи имкониятҳои дипломатияи фарҳангӣ барои ҳифзу тарғиби мероси таърихӣ ва тақвияти робитаҳои башардӯстона дар фазои СҲШ аз ҳадафҳои асосии нишаст унвон шуд.

Мулоқотҳои дуҷониба дар ҳошияи форум

Дар доираи ин сафар Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо ҳамтоён ва мақомоти баландпояи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Вазири федералии тағйирёбии иқлим ва муҳити зисти Покистон, Вазири фарҳанг, сайёҳӣ ва авиатсияи граждании Непал ва Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон вохӯриҳои судманд анҷом дод. Дар ин дидорҳо дурнамои робитаҳо ва тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.

Иштироки фаъоли ҳайати Тоҷикистон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба рушди ҳамкориҳои фарҳангии бисёрҷониба ва густариши пайвандҳои маънавӣ бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон мебошад.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ