ОЗМУНИ "ЧАКОМАИ ГЕСӮ" БО ШИРКАТИ РАҲМОН ВА ХОНАВОДААШ
Ҷашнвора ва озмуни ниҳоии "Чакомаи гесӯ" бо ширкати Президент Раҳмон ва аҳли хонаводааш дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе доир шуд. Иддае аз аъзои хонаводаи оқои Раҳмон 30 дақиқа қабл аз оғози озмун дар ин ҷо ҳозир шуда ва аз дарҳои вурудӣ вориди Кохи Борбад шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз чанд дақиқаи дигар ба Кохи Борбад омад ва духтарон бо гулдастаҳо аз вай истиқбол карданд. Баъд аз он, ки оқои Раҳмон ба бинои Кохи Борбад, макони баргузории озмун ворид шуд, кормандони амниятии Тоҷикистон аз ворид шудани теъдоде аз хабарнигорон ба толор бо баҳонаи "надоштани даъватнома" монеъ шуданд.
Дари баста ба рӮйи хабарнигорон
Дарҳои аслии вурудӣ ба Кохи Борбад танҳо дар ихтиёри мансабдорон гузошта шуда буданд ва мардум танҳо аз дари ба истилоҳ "паҳлуӣ" вориди толор мешуданд. Ба гуфтаи як маъмури амниятӣ, онҳо дастури вижае гирифтаанд, ки танҳо ба афроди дорои даъватномаҳо ва ҳамчунин онҳое, ки дар феҳристи вижае худро сабти ном кардаанд, иҷозаи вуруд диҳанд.
Дар гузашта дар озмунҳои дигаре, ки дар Тоҷикистон баргузор мешуд, барои ширкати хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ нишон додани корти хабарнигорӣ кофӣ буд. Бархе аз мардуми одӣ, ки барои тамошо ва ҳимоят аз ширкати духтарон дар ин озмун омада буданд, дар берун аз Кохи Борбад мунтазир монданд.
Як хонум гуфт, ки сокини Душанбе нест ва ба ин шаҳр танҳо барои тамошои ин озмун омадааст, вале даъватнома надорад. Вай мегӯяд, ки ба онҳо гуфта буданд, ки "озмун бо дарҳои боз баргузор мешавад ва ҳеҷ даъватнома ё билете лозим нест." Хабарнигорони бархе аз расонаҳо аз як дари вурудӣ ба дари дигаре мерафтанд, аммо кӯшиши ворид шудани онҳо ба Кохи Борбад ва талош барои пӯшиши хабарии озмуни "Чакомаи гесӯ" бенатиҷа монд.
Як аккос аз расонаҳои дохилии Тоҷикистон низ натавонист ба толор ворид шавад. Вай гуфт: "Мо қаблан метавонистем ба ин гуна озмунҳо бидуни ҳеҷ мушкиле ворид шавем. Вале намедонам, ки чаро имрӯз барои ворид шуданам ин қадар дар ин ҷо мушкил эҷод кардаанд."
Ба гуфтаи ин аккос, вай мехост дар бораи озмуни "Чакомаи гесӯ" олбуми акс омода кунад. Бештари хабарнигорон ин суолро матраҳ мекарданд, ки чаро масъулон, ба ҷуз аз хабарнигорони расонаҳои давлатӣ, аз ширкати расонаҳои дигар ва пӯшиши ин мавзӯъ монеъ мешаванд.
ГесӮи баланд: нишонаи зебоӢ?
Озмуни "Чакомаи гесӯ" аз як моҳ қабл оғоз ёфта ва нахуст дар сатҳи ноҳияҳо ва вилоёт доир шуд. Рӯзи ҷумъаи 5 ноябр барандагони озмунҳои маҳаллӣ дар озмуни ниҳоӣ дар Кохи Борбад ширкат карданд. Бархе аз ширкаткунандагони озмун, ки гесӯвони дарози худро оро дода ва либосҳои мулавване бар тан доштанд, ҳангоми вуруд ба Кохи Борбад ба сабаби тарокуми ҷамъият бо мушкил рӯбарӯ шуданд. Вале издиҳом пӯшиш ва гесӯи баланди онҳоро дида, иҷоза доданд, ки нахуст онҳо ба толор ворид шаванд.
Зимнан, ин озмун ба ибтикори Кумитаи кор бо занон ва хонаводаи давлати Тоҷикистон баргузор мешавад. Шарти аслии он доштани гесӯи баланд ё мӯйи беш аз як метр будааст. Гесӯи баланд яке аз нишонаҳои "нафосат ва зебоии бонувон" дар ҷомеъаҳои падарсолор ва суннатии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Бархеҳо гесӯи баландро дар канори либосҳои рангин ва пурзарқу барқ нишонаи ҳувияти миллӣ медонанд, ҳарчанд занон ва духтарони таҳсилкарда ва мудерн сарфи назар аз фишорҳои хонавода ва ҷомеъа тарҷеҳ медиҳанд кокулони худро бибуранд ва бо сару чеҳраҳои боз дар малои умумӣ зоҳир шаванд.
Баргузории озмуни гесӯи баланд дар сатҳи давлатӣ дар Тоҷикистон ва ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, бо аҳли хонаводааш дар он нишон медиҳад, ки давлат аз ин гуна суннатҳои ба истилоҳ миллӣ ба таври ошкор ҳимоят мекунад.
Сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ин озмун менависад: "Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо таассуроти бепоёни фораму дилнишин аз ин намоиши пурҷилои фарҳангӣ ва гесувони дарозу зебои духтарону бонувони тоҷик ба ҳамаи онҳое, ки дар таҳия ва пешкаш кардани он саҳм гузоштаанд, самимона арзи сипосу миннатдорӣ кард."
Ғолибони ин ҷашнвора ҳанӯз эълом нашудааст, вале ба навиштаи ин сойт, ҳамроҳ бо ҷашнвораи "Чакомаи гесӯ" дар Кохи Борбад ҳамчунин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуда ва оқои Раҳмон аз он ҳам дидан кардааст.
Ин сойт менависад: "Дар намоишгоҳ анвоъи гуногуни либосҳои миллии занонаю мардона ва кӯдакона, аз ҷумла пероҳану тоқиҳои гулдӯзию зардӯзӣ, ҷӯробу пойафзоли мухталиф ва ҳам асбобҳои миллии мусиқӣ, зарфҳои рангоранги зебо, матоъҳои миллии тоҷикӣ ва ғайра дар маърази тамошобинон қарор доштанд."
Сойти раисҷумҳур ҳамчунин менависад, ки ширкаткунандагони озмуни "Чакомаи гесу" бо иҷрои як барномаи дилнишини фарҳангӣ талош кардаанд, ки чаҳор фасли соли табиъати Тоҷикистон, либосу ороишҳои миллии занона ва фарҳанги рақсу суруди тоҷикиро ба тамошогарон намоиш диҳанд.
Зоиқаи раисҷумҳур
Оқои Раҳмон дар гузашта низ таваҷҷуҳи зиёде ба зоҳири мардум нишон додааст. Вай чанд сол пеш дар як суханронӣ аз занону духтарони дорои дандонҳои тилоӣ башиддат интиқод карда ва доштани ин гуна дандонҳоро барои омӯзгорон ва кормандони давлат мамнӯъ карда буд. Ду-се моҳ пеш аз ин, вай дар як суханронии дигари худ занону духтаронро даъват кард, ки аз пӯшидани рӯсарӣ ва ҳиҷоби исломӣ парҳез кунанд ва ба ҷойи он анвоъи мухталифе аз "либосҳои миллиро" бипӯшанд.
Вай ҳиҷобу рӯсариҳоеро, ки тоза дар миёни занону духтарон дар Тоҷикистон муд шудаанд, "фарҳанги бегона" хонда ва хитоб ба занон ва духтарон гуфт: "Дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, ман мебинам, баъзан ҷавонони мо, бахусус духтарон, занҳои тоҷик, тақлидкорӣ мекунед ба либоспӯшии дигар кишварҳо!"
"Шукронаи ин сарзамин кунед, шукронаи ин тамаддуну ин фарҳанги миллати бостонӣ кунед, сер мешавед. Агар кадомат завқ дошта бошед ба либоспӯшии ягон кишвари дигар, равон мекунам..."
Аммо мунтақидони Президент Раҳмон ӯро ба популисм муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ ба ҷойи муборизаи ҷиддӣ бо фақру фасод вақт ва энержии худро бештар сарфи масоиле мекунад, ки чандон аҳаммияте барои пешрафти кишвар надоранд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/3544--q-q-----.html
Шарҳҳо
RSS Обуна