08:38:50 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 27
28 29 30        

ҚАДАМЕ БА СӮИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ФИКРӢ

7-уми июни соли 2011 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби нави мутахассиси пешбари ин марказ, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо баргузор шуд.

Муаррифинома

abdulla-rahnama_6677.jpgАбдуллоҳи Ҳаким Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, коршиноси масъалаҳои муносибати дин ва давлат давраҳои таҳсилоти олӣ ва такмили ихтисоси худро дар риштаҳои муҳандисӣ, сиёсатшиносӣ ва диншиносӣ дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, ИМА ва Русия гузаронида дар соли 2007 пас аз хатми аспирантура дар назди кафедраи сиёсатшиносии ДМТ дар мавзӯи «Масъалаи ҳокимият дар равандҳои сиёсии Тоҷикистони муосир» рисолаи илмӣ ҳимоя намудааст.

Солҳои 1999-2005 дар Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ ба унвони ёвари муовини аввали Сарвазири ҶТ кор карда, ҳоло ҳамчун мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили равандҳои сиёсӣ ва этнополитикии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ фаъолият дорад. Муаллифи китобҳои «Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ» (Душанбе 2008), «Уламои исломӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе 2009) ва беш аз 100 мақолаи илмию таҳлилӣ дар мавриди таҷрибаи сулҳи тоҷикон, равандҳои сиёсии Тоҷикистон, муносибатҳои дину давлат, маорифи динӣ, равандҳои муосири ҷаҳони ислом ва ғайра буда, навиштаҳои ӯ илова бар Тоҷикистон дар нашрияҳои илмии кишварҳои Русия, ИМА, Олмон, Британия, Шветсария, Шветсия, Эрон, Афғонистон, Индонезия, Туркия, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва ғайра ба чоп расидаанд.

Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳаррири масъули китоб дар суханронии ифтитоҳии худ аз ҷумла қайд намуд, ки баъзе аз пешиҳодҳо ва фикрҳои навоваронаи шахсии муаллифро метавон мавриди баҳс қарор дод, вале аз саросари китоб метавон дарёфт, ки муаллиф дар он маҳз дар сатҳи масъулияти миллӣ андешида, маҳз аз мавқеи давлатӣ фикр ва мавқеъгирӣ мекунад.

Дар муаррифии китоб олимон, таҳлилгарон, муҳаққиқони масоили сиёсӣ ва динӣ Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, Рустам Ваҳҳобов, Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, Абдуллоҳи Муҳаққиқ, Абдунабӣ Сатторзода, Файзи Олӣ, Абдуғаффори Камол ва дигарон  фикру андешаҳои худро атрофи мӯҳтавои ин китоб иброз доштанд.

abdulla-rahnama_6666.jpgЧуноне, ки аз хулосаи мубоҳисон бармеояд, масъалаи  марказии китоб расидан ба истиқлолияти фикрӣ ва арзишӣ буда, муаллиф рӯи он таъкид дорад, ки дар шароити истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории миллӣ бояд андеша ва тафаккури ҷомеаи мо таҳаввул ёфта, моҳиятан хусусиятҳои миллӣ гиранд.

Дар ин масъала хусусан, миллӣ шудани нигоҳи ниҳодҳои давлатӣ ба воқеиятҳои ҷомеа ва миллӣ шудани нигоҳи ҷомеа ба ниҳодҳои давлатӣ дар мисоли нигоҳи дуҷонибаи ҷомеа ва дастгоҳи амнияти миллии кишвар ба ҳамдигар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Масъалаи дуввуми китоб  масъалаи таъмини амнияти миллист, ки дар раванди бунёди давлати миллӣ ва мавзӯъҳои усулӣ ба ҳисоб меояд. Зеро фақат дар сурати ҳалли масъалаи субботу амнияти миллӣ давлатҳои миллӣ метавонанд ба ҳадафи аслии худ, яъне таъмини рушди устувори сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ даст ёбанд. Ба назари муаллиф дар шароити ноамни ҷаҳонӣ расидан ба фаҳмиши миллии амнияти миллӣ ва такя ба манбаъҳои дохилии таъмини суботу амният аҳаммияти боз ҳам бештар касб мекунад. Ва яке аз чунин манбаъҳо ислом ва фарҳангу ахлоқу маърифати исломии мардум мебошад.  Ҳамин тариқ масъалаи сеюми китоб масъалаи дин аст.

Муаллиф масъалаи таносуби дин ва суботу амнияти миллиро ба миён мегузорад, то ба таври мушаххас маълум намояд, ки ин омили воқеӣ то чӣ андоза метавонад ба амнияти миллии кишвари мо таъсири мусбат  ва ё таъсири манфӣ дошта бошад. Бар хилофи дидгоҳи пешин нигоҳи воқеъбинона ва воқеияти навини таърихие, ки давлат ва миллати мо дар он қарор гирифтааст, нишон медиҳад, ки акнун бидуни дар назар гирифтани омили дин ва сатҳи маърифати динӣ таъмини суботи устувор ва амнияти миллии кишвар имконпазир намебошад.

Илова бар ин ин, нақши омили динию тамаддунӣ дар ояндаи равандҳои ҷаҳонӣ афзоиш ёфта, худшиносии тамаддунӣ ва динии давлатҳо ва миллатҳо амиқтар мегардад ва аксари соҳибназарони ин вазъиятро  як аксуламали ногузири миллатҳо дар баробари раванди глобализатсия медонанд. Яъне дар сурати аз даст додани ҳуввияти динӣ, имкон дорад, ки баъзе миллатҳо дар раванди ҷаҳонишавие, ки асосан дар доираи арзишҳои ғарбӣ идома дорад, ҳамчун падидаи фарҳангӣ ба осони ҳазм ва маҳв гарданд. Дар чунин раванд унсури динӣ барои онҳо нақши як унсури бақои миллиро низ касб мекунад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин хусусияти ҷаҳонишавӣ, огоҳии дуруст аз моҳияти омили дин ва ба роҳ мондани муносибати дуруст бо он барои ҳифзи ҳуввияти миллии тоҷикон низ бисёр муҳим мегардад.

Дар кулл, китоб ҳамчун як тарҳе барои худию мустақил шудани тафаккури ҷомеъа, таҳкими давлатдории миллии тоҷикон ва таъмини суботу амнияти Тоҷикистон таҳия шудааст.

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #6 Guest 19.06.2011 13:54
Гар Эрон набошад тани ман мабод ё тан сухта бод,
Бадин марзу бум аз дасти катаган як тан зинда мабод.

Точикистон ба чуз Эрон гамхори асил надорад ва нахохад ёфт.
Дигарон ахдофи гаразнок доранд ва дар пайи истисмор ва нобудии миллати Точиканд. Густариши хамкори ва муносибот бо ин кишвари бародар, хамзабон ва мусалмону хамфарханг барои худшиноси ва бедориву баргаштан ба асли хеш ба мо кумак ва мусоидат хохад кард. Эрон омода хаст дар хама чанбахо миллати моро дастгири намояд.
Дустии бародарони Эрону Афгону Точик поянда бод.
Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Ки бо мо хар чи кард, он ошно кард.
 
 
0 #5 Guest 12.06.2011 10:29
Холо хам устод Султон Хамад он суханонеро ки дар призентатсия дар бораи Рахнамо гуфта буд, нагуфтааст дар сайт. Гуед устод, дуруст мешавда.
 
 
0 #4 Guest 09.06.2011 18:24
чомеаи мо ва кормандони сохахои кудратии мо аз ин китоб дах сол кафотаранд. Хатман рози намешавад.
Худо муаллифро нигох дорад.
 
 
0 #3 Guest 08.06.2011 20:52
Агар мухтарам СУлтони Хамад хамон суханонеро ки дар презентатсия дар бораи Абдуллохи Рахнамо ва дар бораи китоби он кас гуфтанд, дар сайти Рузгор хам нависанд, бисёр нагз мешуд. Зеро он суханхо хам хуб буданд хам хак хам зебо.
 
 
0 #2 Guest 08.06.2011 20:33
Абдуллохи Рахнамо тахлилгари бехтарин аст. Худо уро хифз кунад. Хар касе ки дар сатхи милли тафаккур дорад, бояд уро фахмад ва дастгири намояд.
Рахмат
 
 
0 #1 Guest 08.06.2011 20:31
Агар аз руи инсоф ва аз руи манфиатхои Точикистон сухан гуем, Абдуллохи Рахнамо як андешаманди миллии мост. Мо бояд уро химоят ва парвариш кунем, охир точике ки чунин андешахо офарад, кам аст. Кадри уро бояд донем.Ин китоб хадяи наве барои тамоми касонест, ки ин кишварро амн ва осуда дидан мехоханд. Рахмат
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi