03:03:05 22-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТ

Амал ба шариъати Аллоҳ, он маъне надорад, ки мо сад дар сад дар кишвари худ қонунҳои илоҳиро бубинем, гарчӣ рӯ ба он дорем. Вале мурод аз он, аз Аллоҳ тақво карда, бо қадри тавоноӣ ба шариъати Аллоҳ амал кардан аст. Мардуми хавориҷ ва такфириҳо чун амал ба шариъатро фаҳманд, танҳо дасти дуздро буридан ва шахси зинокорро сангсор кардан медонанду бас. Аммо аз инҳо авлотару ва муҳимтарро намедонанд, ки он шиносоӣ ба тавҳиди Аллоҳ ва шиносоӣ ба ширк аст. Бинобар ин ҳар кас бояд, ки қадри метавонистагияш аз Аллоҳ тақво карда ба шариъати Аллоҳ амал бикунад.

Дар Тоҷикистони мо дарҳои масҷидҳо бозанд, муллоҳоро касе аз дарс ва мавъиза кардан манъ накардааст, ба он шарт, ки аз ҳикмат берун сухан накунанд ва аз минбар монанди баъзе муллоҳои беодоб суханҳои беодоб мазанад.

Аксари масҷидҳо холианд, пас айби кист? Дар аксари масҷидҳо дарс нест, пас айби кист? Дар масҷидҳо мавъизаҳо дар мавриди ақида қариб ки нест, пас айби кист? Дар аксари масҷидҳо муллоҳо ба меросӣ ва ба муридӣ кор мекунанд, пас айби кист? Аксарашон парво надоранд, ки ба сари Тоҷисистон чӣ мусибат омада истодааст ва чӣ мусибат онро нигарон аст, пас айби кист? Оё дар ин саволҳо, “айби Давлат аст” гуфта, забонатон ҳарф зада метавонад!? Ин аст якум восита ва омил барои ба даст овардани амни томм ва пурра дар ин кишвар.

Ин амнро Аллоҳ таъоло ба касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ваъда кардааст, ки онро ба эшон ато хоҳад бахшид ва барои амалӣ гардидани он шартеро низ қарор дода аст ва мурод аз он, Аллоҳро ибодат кардан аст ва ба Он ягон кас ва ягон чизро шарик қарор надодан аст. Аллоҳ таъоло фармуд:

Яъне, “Аллоҳ ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста кардаанд, ваъда дод, ки дар рӯи замин ҷонишини дигаронашон кунад, ҳамчунон мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд ҷонишини дигарон кард. Ва динашонро ки Худ барояшон писандида аст, устувор созад. Ва ваҳшаташонро ба амн бадал кунад. Маро ибодат бикунанд ва бо Ман ягон чизеро шарик макунанд. Ва онҳо, ки аз ин пас, носипосӣ кунанд, нофармонанд!”. (Сураи Нур, ояти, 55).

Аммо омили дуюм, чуноне, ки гуфтем, ин ба роҳбари давлат гӯш кардан ва итоъат аз он кардан аст. Ба итоъат ва гӯш кардан ҳаёти инсон дар ҷамъият, аз ҳама ҷиҳат амну ором мегузарад. Гузаштагони мо аз салафи солеҳ, чун дар сарашон ягон бало ва мусибат мефаромад, айбро дар худ медонистанд ва эътироф мекарданд, ки худ дар тақвои Аллоҳ камбудиҳо содир кардаанд. Бинобарин як ду хабари росту норосте, ки аз тарафи роҳбарият, нисбати бастани масоҷид ва ё манъи ҳиҷоб ва ғайраро ки мешунавем, набояд, ки шитоб карда ба сари давлатдорон ҳамла биёварем, балкӣ ҳамла ба худ бикунем, ки мо дар тақвои Аллоҳ камбудиҳо содир кардем, аз ин рӯ Аллоҳ ба сари мо мусибат овард. Агар мо ислоҳ шавем, ин мусибатро Аллоҳ аз сари мо мебардорад.

Ҳасани Басрӣ, раҳимаҳуллоҳ, чунин гуфт: “Қасам ба Аллоҳ, Дин бе роҳбарони кор рост ва дуруст намешавад, агар чӣ эшон ҷавру ситам кунанд. Зеро қасам ба Аллоҳ, он манфаъате, ки Аллоҳ ба туфайли онҳо меорад, аз вайрониашон бештар аст”.

Мурод аз роҳбарони кор, давлатдоронанд. Воқеъан он салоҳият ва ободие, ки роҳбарони Давлат барои ин ҳамдиёрон оварда истодаанд, чунон зиёд аст, ки камбудиҳои эшон қариб, ки намоён нест, хусусан амн ва осоиштагие, ки бисёр курнамак ва ношукрон онро намедонанд. Вале ҳама банӣ одам камбудидор аст ва беҳтари онҳо касонеанд, ки хешро ислоҳ мекунанд.

Ибни Раҷаб, раҳимаҳуллоҳ, чунин гуфт: “Ба роҳбарони умури мусалмонон гӯш кардан ва итоъат аз эшон кардан, дар ин саъодатмандии дунёст. Зеро ба туфайли онҳо, масолеҳи бандагон, дар зиндагияшон дар низом медарояд ва ба туфайли онҳо Дин ва тоъати Парвардигорашонро изҳор мекунанд”.

Аз тоъати роҳбарони Давлат баромадан ва алайҳи онҳо мубориза ва ташвиқот бурдан, хоҳ дар дохили кишвар бошад ва хоҳ дар хориҷ, ин кор маъсият ва мухолафат аз Аллоҳ ва мухолифат аз Паёмбари Ӯст ва низ мухолифат аз ақидаи аҳли Суннат ва Ҷамоъат аст. Аллоҳ таъоло фармуд:

Яъне, “Эй касоне, ки имон овардаед,  аз Аллоҳ итоъат кунед ва аз расул итоъат кунед ва аз роҳбарони хеш, ки аз шумоанд. Чун дар амре ихтилоф кардед, агар ба Аллоҳу рӯзи қиёмат имон доред, ба Аллоҳу Паёмбар руҷӯъ кунед. Дар ин хайри шумост ва саранҷоме беҳтар дорад”. (Сураи Нисо, ояти 59).

ЗАРАРҲОИ ВАЙРОНШАВИИ НИЗОМИ АМН

Бе амн ҳаёти мардум осуда намегузарад! Бе амн на умури дунё ва на умури охиратро пеш бурда мешавад!

Фитна, хоҳ дар дохили кишвар бошад ва хоҳ дар берун, неъмати амнро нест мегардонад. Пас дар натиҷа ҳаёте, ки ба тоъати Аллоҳ таъоло писандида аст, ба зиндагии танге мубаддал мешавад, ки он зиндагӣ ба маъсияти Аллоҳ ва ба берун шудан аз шариъати Он мубтало хоҳад гашт. Зеро асос ва бунёди амн, чуноне, ки гуфтем, аз тақвои Аллоҳ, қадри тавоноӣ ва аз итоъат ва гӯш кардани роҳбари Давлат аст.

Бино бар ин, касе аз ин нишондоди Аллоҳ рӯгардон шавад, албатта ҳаёти писандидаи он, дар ин дунё ба зиндагии танг мубаддал мешавад ва дар охират онро Аллоҳ ба нобиноӣ маҳшур мегардонад. Аллоҳ таъоло чунин фармуд: Яъне, “Ва ҳар кас, ки аз ёди ман эъроз кунад, зиндагиаш танг шавад ва дар рӯзи қиёмат нобино маҳшураш созем”. (Сураи Тоҳо, ояти 124)

Акнун бародарон ва хоҳарони гиромӣ, дар поён ихтисоран зарарҳои вайроншавии амнро зикр хоҳам кард: Зарари якум: Дину диндорӣ аз даст меравад. Зеро ба сабаби ҳамлаи ногаҳонии ашхоси ғаразнок алайҳи ашхоси нек ва қувват гирифтани аҳли фасоду ботил алайҳи ашхоси неку ҳаққ, ҷамоъат нест мешавад ва ба нест шудани ҷамоъат, Дин нест мешавад.

Дар кадом кишваре, ки мусалмонон зиндагӣ кунанд ва дар баробари он, боз гурӯҳҳои сиёсӣ ва ғайри сиёсӣ, расмӣ, мисли: ҳизби наҳзати Исломӣ ва ғайри расмӣ, мисли: таблиғ, таҳрир ва ғайра, ташкил шавад, ҳатман аъзоёни ин ва он, кишварро ба хотири ба ҳадафи худ расидан ба харобӣ ва ба шикаст меоранд. Зеро ҳар соҳиби даста хешро ҳақ меписандад ва ҳама медонад, ки ҳақ дуто намебошад, балкӣ, яктост. Аллоҳ таъоло фармуд:

Яъне, “Пас дини худро фирқа фирқа карданд ва ҳар фирқае ба равише, ки баргузида буд, дилхуш буд”. (Сураи Мӯъминун, ояти 53).

Зарари дуюм: Мардум дар умури зиндагияшон саргардон мешаванд. Бозорҳо ва дигар хариду фурушҳо баста мешавад ва мактабҳое ки фарзандони мо, аз хурду калон хонда истодаанд, баста мешаванд ва мардум бекор мемонанд ва ҳама ба касодӣ рӯйовар мешаванд ва шак нест, ки давлат ҳам аз ин мусибат холӣ намемонад.

Зарари сеюм: Вайроншавии асаб аст. Мусибати вайроншавии низоми амн баъзан мешавад, ки мардумро ба девонагӣ ва ба қурбонӣ оварад ва низ ба дучори бемориҳои бад. Бояд, ки шумо азизон аз ёд набароварда бошед он бародаркушиеро, ки дар кишвари мо рӯй дод, яке гӯё ба фикри хоми худ давлати Исломӣ мехост, дигаре бошад коммунистӣ ва сеюм демократӣ. Чи қадар мардуми тоҷикро душманони дохилӣ ва хориҷӣ нобуд карданд, ҳатто ҳамсоякишвар, ба ивази он, ки ягон кумаке, расонад, то хуни ноҳаққ нарезад, бар акс дар рехтани хуни ноҳаққ ҳамкорӣ кард.

(идома дорад)

Бо эҳтиром Имом-Хатиб дар назди Идораи Динии Мусалмонони Қисми Осиёвии Руссия Мақсуди Ғайбуллоҳи Асарӣ



Шарҳҳо   

 
-1 #5 RE: АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТGuest 07.06.2011 14:10
бисёр дарднок аст ки чунин чаҳалае худро доништанди дини муъаррифи мекунанд. ба худо савганд инҳо алифбои динро ёд нагирифтаанд.
 
 
-1 #4 RE: АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТGuest 01.06.2011 11:47
Идома
Савол кучои ин оят далолат ба ин мекунад, ки аз ………………. итоат кунем??
Дар улуми Қуръон қоидае дорем ки дар забони араби бояд аввал ва охири сухан бо ҳам сачъ дошта бошад яъне ҳамоҳанг бошад шумо ояро диққат кунем Худованд мефармояд: Итоат кунед Худоро ва итоат кунед Расули уро инчо Худованд пок аст ва русли у низ пок аст читавр мешавад, ки касе, ки пок набошад мо онро итоат кунем агар улуламри мо бошад???? Ин бо ҳикмати Худованди муатол намесозад.
ҳечгоҳ Худованд ба мо амр намекунад, ки соҳибони амри шумо золим бошанд аз онҳо итоат кунед.
ман Ҳайрони ин Муллоҳои бесавод мешавам, ки чаро …………….ро дар ин оят ҳамроҳ мекунанд ин оят ҳеч иртиботе ба …………….. надорад.
Хоҳишан коркунони сомонаи Рузгор ҳарчиро мехоҳед дар ин сомона пахш кунед хеле диққат кунед аз шумо баъид ба назар мерасад ки ин суханҳои бепоя ва асосро пахш кунед.
 
 
-1 #3 RE: АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТGuest 01.06.2011 11:46
Ба номи Худо
Саломуналйкум ба кормандони Сомонаи Рузгор
Бовар кунед ин навиштаро дар ин сомона гузоштон обруи ин сомонаро мебарад. Ин шахсро шумо мулло гуфта навишачоташро пахш кардед ман аслани инро як олими дини намедонам ин аслан аз ислом буе набурдааст шумо ба ин оят диққат кунед:
“Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ итоъат кунед ва аз расул итоъат кунед ва аз роҳбарони хеш, ки аз шумоанд. Чун дар амре ихтилоф кардед, агар ба Аллоҳу рӯзи қиёмат имон доред, ба Аллоҳу Паёмбар руҷӯъ кунед. Дар ин хайри шумост ва саранҷоме беҳтар дорад”. (Сураи Нисо, ояти 59).
 
 
-2 #2 RE: АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТGuest 30.05.2011 22:26
дар точикистон агар амал ба бинои мусулмони куни вовчикат мегуянд.агар даьвати ислом карди,терорисат мегуянд пас чи кунем??? мусулмони вокеьи будан мехохам Худое кумакам кун ки гайр аз ту паногохе надорам.
 
 
0 #1 RE: АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТGuest 30.05.2011 17:56
Хнит чаро хомуши?Ахли тафаккур чаро об бар дахан гирифтед? Дар ин навишта фикхои бахсангезу гайри кобили кабул зиёданд. Хохишмандам ба муаллифро дар сари вакт ислох созед ,вагарна ин аробаи вайронро то кучохо кашиданист.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi