09:20:34 26-уми Июни 2025 сол

ЗОЙИРОВ: АЗ “МИНБАРИ ХАЛҚ" БА ДОДГОҲ ШИКОЯТ БУРДАЕМ

Раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон “Минбари халқ”, нашрияи ҳизби ҳокими халқӣ-демукроти Тоҷикистонро ба интишори матлаби бӯҳтономез дар мавриди ӯ муттаҳам кардааст. Раҳматулло Зойиров рӯзи душанбеи 22 феврал, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин нашрия дар матлабе бо номи “Даъвоҳои беасос ба хотири қасос” фаъолияти ҳизби сусиёл-демукротро мухолифи манофеъи миллию давлати Тоҷикистон талаққӣ кардааст.

 

Ҳамчунин, дар ин матлаб ба “ҷосуси Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон” ва дар ҳодисаи қатл даст доштани Раҳматулло Зойиров ишора шудааст.

 

Оқои Зойиров гуфт, ки дар мавриди нашрияи “Минбари халқ” ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шикоят бурда ва тақозо кардааст, ки ин нашрия ва Фаридуни Саидзода, муаллифи матлаб расман аз тариқи нашрия аз ӯ пӯзиш хоста ва барои ворид сохтани латмаи равонӣ ба миқдори 500 ҳазор сомонӣ ё болиғ ба 110 ҳазор дулор қаромат пардохт кунанд.

 

Абдураззоқ Олимов, дабири масъули “Минбари халқ” ба навбаи худ, ки дар бораи муроҷиаи ҳизби сусиёл-демукрот ба додгоҳ иттилоъ надошта ва дар ин замина аз додгоҳ ба нашрия санаде ворид нашудааст.

 

Дар ҳамин ҳол, масъулони ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар остонаи интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ дар нашрияҳои дигари давлатӣ низ дар бораи ҳизби сусиёл-демукрот ва раҳбари он матолиби тӯҳматомез мунташир шудааст.

 

Ба унвони мисол, аз матлабе бо номи “Ба осиёби кӣ об мерезед, ҷаноби Зойиров” ёдоварӣ шуд, ки дар “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии давлати Тоҷикистон чоп гардида ва дар он ба пуштибонии Раҳматулло Зойиров аз манофеъи давлати Ӯзбакистон ишора шудааст.

 

Қаблан, Ожонси иттилоотии “Ховар”-и Тоҷикистон дар матлабе таҳти унвони “Роҳе, ту меравӣ, ба Туркистон аст” ҳизби сусиёл-демукротро дар талош барои эҷоди рахна дар ваҳдати ҷомеаи ин кишвар ва нодида гирифтани манофеъи миллӣ муттаҳам карда буд.

 

Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон чопи чунин матолибро дар расонаҳои давлатӣ “фармоишӣ” ва навъе талоши ниҳодҳои давлатӣ барои ворид кардани латма ба эътибори ӯ ва ҳизбаш унвон кард.

 

Ҳамзамон, Ситоди интихоботии ин ҳизб аз мавориди фаровони нақзи қонуни интихобот тавассути ҳукуматҳои маҳаллӣ ва пулис дар қиболи номзадҳои ҳизби сусиёл-демукрот хабар дода ва гуфт, ки то кунун аз 18 мавриди нақзи қонуни интихобот ба Кумисиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон шикоят бурдааст.

 

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби дигар аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат низ дар як баёния аз эҷоди мушкилоту мавонеъ дар корзори интихоботии ин ҳизб аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва пулис хабар додааст.

 

Аз ҷумла, ду рӯзе қабл, Абдусамад Ғайратов, узви Раёсати олии ин ҳизб, номзад аз ҳавзаи ягона ва номзад ба Маҷлиси маҳаллӣ, ба ҳамроҳии се нафар аз аъзои ситоди интихоботии ин ҳизб ба ҳангоми таблиғот дар назди маркази раъйгирии шумораи 24-и шаҳри Кӯлоб, дар ҷануби Тоҷикистон муваққатан боздошт шудаанд.

 

Зимнан, мақомоти Додситонии куллии Тоҷикистон ва КМИР гуфтанд, ки ҳама гуна шикоёти аҳзобу номзадҳои инфиродӣ дар интихобот мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

 

Ҳамзамон, Додситонии кулл зимни як баёния хабари рух додани мавориди фаровони нақзи Қонуни интихоботро бепоя хонда ва гуфтааст, ки аз Шамсиддини Саид, раиси Ситоди Ҳизби наҳзати исломӣ тақозо шудааст, то феҳристи 50 шикояти ба мақомоти зирабтро нишон диҳад, вале ӯ "натавонист ин феҳристро нишон диҳад."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1802--q-.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ