16:41:30 21-уми Августи 2025 сол
Шӯрои Хуросон: 'Давлати исломӣ' дар ҷавори Осиёи Миёна? 05.02.2015 21:02 1300
Хабари таъсиси "Шӯрои Хуросон" аз сӯи гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (ё Доъиш) дар маҳофили сиёсию коршиносии Тоҷикистон ба ин нигарониҳо доман зада, ки ин гурӯҳ беш аз пеш ба марзҳои Осиёи Миёна наздиктар мешавад.
Аврупо алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад 05.02.2015 20:59 1001
Иттиҳодияи Аврупо ҷиҳати эъмоли таҳримоти нав алайҳи Русия тавофуқ карда, паймони НАТО рӯи барномаи истиқрори воҳидҳои нави низомӣ дар Аврупои шарқӣ меандешад.
AsiaTerra: Хеши Ислом Каримов ба тасарруфи 800 миллион $ айбдор мешавад 03.02.2015 21:00 947
AsiaTerra менависад, ҷияни ҳамсари президенти Узбакистон Акбаралӣ Абдуллоев ба тасарруфи беш аз 800 миллион доллар айбдор мешавад. Як хабарнигори мустақили узбакистонӣ мегӯяд, яке аз хешовандони наздики ҳамсари президенти Узбакистон ба тасарруфи беш аз 800 миллон доллар пули нақди чандин корхона айбдор мешавад.
Таъин шудани "амир"-и Хуросон аз сӯи "Давлати исломӣ" 02.02.2015 17:11 1150
“Давлати исломӣ” нафареро бо номи Ҳофиз Саид Хон “амир”-и “Хуросон” таъин кардааст. “Хуросон” дар “харита”-и ин созмон Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистон, Ҳинд ва шарқи Эронро дар бар мегирад.
Салоҳиддин Раббонӣ ба рӯйхати номзадҳо "баргашт" 28.01.2015 07:17 1034
Cанадҳои тарки душаҳрвандии Салоҳиддин Раббонӣ ва Нурулҳаққ Улумӣ, номзадҳои пешниҳодии вазоратҳои хориҷӣ ва дохилии Афғонистон аз сӯи парлумони он кишвар қабул шуд ва онҳо барномаҳои худро шарҳ доданд.
Путин: Дар Украина "легиони НАТО" меҷангад 27.01.2015 13:04 1029
Раисиҷумҳури Русия мегӯяд, дар шарқи Украина “легиони хориҷии НАТО” амал мекунад. Дабири кулли НАТО аммо гуфт, танҳо нирӯи хориҷие, ки дар Украина тохтутоз мекунад, артиши Русия аст. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин артиши Украинаро айбдор кард ...
Исроил аз тариқи Русия Эронро ба "оромиш" даъват кард 27.01.2015 13:02 1028
Расонаҳои исроилӣ навиштаанд, ки Телавив аз тариқи Маскав ба Теҳрон паём додааст, ки дар фикри интиқомгирӣ ба хотири кушта шудани як фармондеҳи эронӣ набошад ва дар ин бора Эронро ба "оромиш" даъват кардааст.
Тоҷикистон даргузашти шоҳи Саудиро тасаллият гуфт 23.01.2015 19:38 1175
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон даргузашти подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ бин Абдулазиз Оли Саудро тасаллият гуфт. Малик Абдуллоҳ шаби гузашта пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 90 дар Риёз даргузашт.
Ҷаҳони байни “Шарлӣ” ва "На-Шарлӣ"-ҳоро кӣ бо ҳам меорад? 15.01.2015 21:52 1109
Вокунишҳо ба шумораи нави “Шарлӣ Эбдо” баёнгари амиқтар шудани вартаи ҷудоӣ дар ҷаҳон ва баҳси нави дигарбораи “марзҳои озодии баён” шудаанд.“Хашми худро фурӯ нишонед ва ин бозии нохушро нодида гиред” – хитоб карданд уламои Ал-Азҳар ...
Гӯшонаҳо дар пояи тахти шоҳи бемори Саудӣ 15.01.2015 21:43 1118
Бархе аз нашрияҳо хабари марги подшоҳи Арабистони Саудиро нашр карданд, вале мақомоти саудӣ мегӯянд, Абдулло ибни Абдулазиз ал-Сауд дар бемористон аст ва шифо меёбад.
Саҳнаи қатли ду "ҷосуси ФСБ" аз сӯи кӯдаки қазоқ 15.01.2015 21:39 1024
Дар Интернет видеои қатли ду марди муттаҳам ба “ҷосусӣ барои ФСБ” аз сӯи як ҷангии кӯдаки зоҳиран қазоқ нашр шудааст. Ин ду мард гӯё дар Сурия алайҳи “Давлати исломӣ” ҷосусӣ мекарданд.
Писари Раббонӣ вазири хориҷа мешавад 13.01.2015 07:12 1026
Кобинаи нави вазирони ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон баъд аз чанд моҳи интизориҳо ахиран эълон шуд. Рӯзи 12 январ дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон фармони президенти он кишвар дар мавриди муаррифии вазирони кобинаи нави он кишварро эълон кард.
"Gazeta Wyborcza": Муҳоҷирон рафтанд ва Маскав зери барф монд... 13.01.2015 07:10 1032
Як рӯзномаи чопи Лаҳистон менависад, ронда шудани муҳоҷирони тоҷику узбак аз соҳаи ЖКХ шаҳри Маскавро зери теппаҳои барф гузошт ва касе набуд, ки кӯчаҳои пойтахти Русияро тоза кунад. Рӯзномаи "Gazeta Wyborcza"-и чопи Лаҳистон (Полша) рӯзи 10 январ ...
Боздошти "чандин нафар" аз гумонбарони ҳамлаи Порис 08.01.2015 15:49 1065
Сарвазири Фаронса аз боздошти “чандин нафар” дар ҷараёни амалиёти “шикор”-и афроди гумонбар ба ҳамлаи хунини 7 январ ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo” хабар дод. Таъқиби ду гумонбари асосии ин ҳамла ҳанӯз идома доштааст.
Карзай: "Ҳамарӯза бо Ғанӣ мулоқот мекунам ва машварат медиҳам" 03.01.2015 00:43 1075
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон гуфтааст, ки ӯ тақрибан ҳамарӯза бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай мулоқот мекунад ва ба ӯ дар мавриди масоили муҳим машварат медиҳад.