19:02:52 21-уми Августи 2025 сол
Ду нигоҳ ба интихоботи пеш аз мӯҳлати Назарбоев 17.02.2015 07:31 1021
Ҳизби ҳокими “Нур-Отан”-и Қазоқистон аз пешниҳоди Маҷмаи мардумии ин кишвар дар бораи баргузории интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣҳимоят намудааст. “Нур-Отан” 16 феврал эълон кард, ки аз ин пешниҳод комилан ҷонибдорӣ мекунад.
Моро бубахшед! Узрхоҳии донишҷӯёни Русия барои ҷанг дар Украина (ВИДЕО) 16.02.2015 12:36 1085
Як гурӯҳи донишҷӯёни Русия бо нашри муроҷиатномае дар Интернет аз донишҷӯёни Украина аз номи ҳукумати худ барои ҷанг дар Донетску Луҳанск узр пурсидаанд. Гурӯҳе аз донишҷӯёни Русия дар посух ба муроҷиати ҳамсабақони украинии худ ...
Боз як интихоботи пеш аз мӯҳлат барои Назарбоев 16.02.2015 12:34 1166
Анҷумани халқ, як ниҳоди машваратии наздик ба Нурсултон Назарбоев баргузории интихоботи президентии пеш аз мӯҳлатро дар Қазоқистон пешниҳод кардааст.
Ҳабси қасру виллаи Гулнора Каримова дар Фаронса 14.02.2015 22:16 1067
Мақомоти Фаронса як қасру манзил ва кӯшки Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури Узбакистонро, ҳабс кардаанд. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуда, ки худи ӯ дар ҳабси хонагӣ дар Тошканд қарор дорад.
Обама: "Набояд касе ба хотири динаш ҳадаф қарор гирад" 14.02.2015 22:14 1095
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, қатли се ҷавони мусулмон дар Королинаи Шимолиро бераҳмона номид ва гуфт, дар Иёлоти Муттаҳида ҳеч кас набояд барои динаш мавриди ҳамла қарор гирад.
Овозаҳо дар бораи вазъи саломатии Ислом Каримов 13.02.2015 20:09 1207
Овозаҳо дар бораи бад шудани саломатии Ислом Каримов ва ҳатто ба кома афтодани ӯҳадсзаниҳо дар бораи ояндаи тахти раҳбарии Узбакистонро бештар кардааст.
Назарбоев: "Русия бо сари баланд аз буҳрон берун мешавад" 11.02.2015 20:42 1102
Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, дар ҳоле ки аз таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия интиқод мекард, аз мардуми кишвараш низ хост, пули худро “ба об напартоянд”.
Оё Путин дар мулоқоти Минск гузашт мекунад? 11.02.2015 20:38 1057
Дар шаҳри Минск - пойтахти Беларус мулоқоти чаҳорҷониба барои баррасии роҳҳои қатъи ҷангҳои шарқи Украина баргузор мешавад.
Баҳси овозхонии занон дар Эрон 10.02.2015 07:38 1028
Дар Эрон дар пайи нашри як албоми таронаҳои суннатӣ бо номи “Туро, эй кӯҳан буму бар, дӯст дорам” баҳсҳо дар атрофи сарояндагии занҳо аз нав дар мегиранд.
Баҳси сулҳи Украина. 11 феврал дар Минск 09.02.2015 12:23 1017
Раҳбарони Олмону Украина ва Фаронсаву Русия роҷеъ ба бӯҳрони Украина рӯзи 11 феврал дар шаҳри Мински Беларус бо ҳам мулоқот мекунанд. Талошҳои дипломатӣ барои ҳалли бӯҳрони шарқи Украина рӯзи 8 феврал идома ёфтанд.
Талаби истеъфои И.Каримов аз сӯи Иттиҳоди мусулмонон 07.02.2015 21:25 1046
Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон бо ирсоли як нома ба Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, аз ӯ хостааст ҳанӯз ки зиндаву саломат аст, зимоми қудратро ба дасти нафари дигаре супорад.
Шӯрои Хуросон: 'Давлати исломӣ' дар ҷавори Осиёи Миёна? 05.02.2015 21:02 1300
Хабари таъсиси "Шӯрои Хуросон" аз сӯи гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (ё Доъиш) дар маҳофили сиёсию коршиносии Тоҷикистон ба ин нигарониҳо доман зада, ки ин гурӯҳ беш аз пеш ба марзҳои Осиёи Миёна наздиктар мешавад.
Аврупо алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад 05.02.2015 20:59 1001
Иттиҳодияи Аврупо ҷиҳати эъмоли таҳримоти нав алайҳи Русия тавофуқ карда, паймони НАТО рӯи барномаи истиқрори воҳидҳои нави низомӣ дар Аврупои шарқӣ меандешад.
AsiaTerra: Хеши Ислом Каримов ба тасарруфи 800 миллион $ айбдор мешавад 03.02.2015 21:00 947
AsiaTerra менависад, ҷияни ҳамсари президенти Узбакистон Акбаралӣ Абдуллоев ба тасарруфи беш аз 800 миллион доллар айбдор мешавад. Як хабарнигори мустақили узбакистонӣ мегӯяд, яке аз хешовандони наздики ҳамсари президенти Узбакистон ба тасарруфи беш аз 800 миллон доллар пули нақди чандин корхона айбдор мешавад.
Таъин шудани "амир"-и Хуросон аз сӯи "Давлати исломӣ" 02.02.2015 17:11 1150
“Давлати исломӣ” нафареро бо номи Ҳофиз Саид Хон “амир”-и “Хуросон” таъин кардааст. “Хуросон” дар “харита”-и ин созмон Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистон, Ҳинд ва шарқи Эронро дар бар мегирад.