13:57:30 13-уми Майи 2026 сол
Номаи муҷоҳидони собиқ ба президенти Афғонистон 25.06.2015 12:28 1235
Бахше аз фармондеҳон ва муҳоҷидони собиқ аз “Ҷамъияти исломӣ" ва “Ҷумбиши исломии” Афғонистон бо ироаи як нома ба президент Ашраф Ғанӣӯро аз иттиҳоди ин ду нерӯ бар зидди ҷангиён дар шимоли Афғонистон огоҳ карданд.
Эътилофи Нур ва Дӯстум алайҳи Толибон дар шимоли Афғонистон 24.06.2015 11:30 1070
Дар ҳоле, ки волии Балх Атомуҳаммади Нур ва муовини раиси ҷумҳури Афғонистон Абдурашид Дӯстум бар зидди Толибон эътилоф кардаанд, сафири он кишвар дар СММ гуфтааст, ки 7 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар Афғонистон таҷаммӯъ намудаанд.
Юмгони Бадахшонро аз дасти Толибон озод карданд 22.06.2015 00:02 1465
Генерал Бобоҷон, сардори пулиси Бадахшони Афғонистон гуфт, ноҳияи Юмгони ин вилоятро аз зери тасарруфи Толибон озод кардаанд. Ҷангиён ин минтақаро дар аввали июн ишғол карда буданд.
Ояндаи Туркия чист, ҳатто Эрдуғон намедонад 08.06.2015 23:34 1152
Ҳизбиҳокими Туркия дар интихобот раъйи кофӣ ба даст наовард ва барои ташкили ҳукумат бояд бо ҳизбҳои дигар иттиҳод бандад. Ин ҳолат Туркияро ба як марҳалаи номуайянӣ ворид мекунад.
Эрдуғон ба истеъфо меравад, агар халоҷои тилоияшро ёбанд 02.06.2015 15:53 1192
Бо нороҳатӣ аз иттиҳоми мухолифон, ки президенти Туркияро ба хушгузаронӣ айбдор мекунанд, Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом дошт, агар раҳбари мухолифон халоҷои тилоии ӯро ёбад, истеъфо хоҳад дод.
Ду парвандаи фасод алайҳи раҳбарони ФИФА 27.05.2015 21:26 1238
Додситонии Швейтсария аз оғози парвандаи ҷиноӣ дар робита ба чигуна ба даст омадани ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 ва Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 хабар дод. Рӯзи 27 май ҳамчунин 6 мақоми аршади ФИФА дастгир шуданд.
Қурби доллар дар Узбакистон ба 5000 сӯм расид 18.05.2015 21:13 1281
Қурби доллари амрикоӣ дар бозори сиёҳи асъори Узбакистон дар поёни ҳафтаи гузашта барои нахустин бор ба 5000 сӯм расид.
"Путин. Ҷанг"-и Немтсов дар бораи ширкати Русия дар ҷанги Донбасс 12.05.2015 23:24 1205
Дар қароргоҳи ҳизби РПР-ПАРНАС дар Маскав гузориши "Путин. Ҷанг" дар бораи ширкати нерӯҳои Русия дар Донбасс муаррифӣ шуд.
Дар он сӯи қазияи Гулнора Каримова "ҷанги генералҳо" сар шудааст 12.05.2015 23:22 1200
Дар Узбакистон муовини раиси Хадамоти амнияти миллии ин кишвар, ҳамзамон сардори раёсати назорат бар амнияти кормандони ин хадамот Ҳаёт Шарифхоҷаев аз мақомаш барканор шуд.
"Дар лабакам - ҳа" ва "дар дилакам - не"-и Меркелу Путин 11.05.2015 23:47 1174
​Ангела Меркел, нахуствазири Олмон ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар Маскав бо ҳам мулоқот карданд. Пеш аз мулоқот онҳо ба пояи ёдгории аскари гумном дар назди Кремл гулчанбар гузоштанд.
Тирандози озмуни танзҳои Паёмбар солҳо зери назари FBI буд 06.05.2015 21:15 1182
Ду нафаре, ки ба макони баргузории озмуни карикатураҳои Паёмбар Муҳаммад дар Техас тирандозӣ карданд, солҳо боз зери пайгарди Бюрои Федеролии Пажӯҳиш ё FBI қарор доштаанд.
Додгоҳи 49 нафар барои қатли Фархундаи 27-сола 02.05.2015 23:07 1264
Дар курсии айбдорӣ барои қатли Фархунда, зани 27-сола дар Кобул, 49 нафар, аз ҷумла чанд маъмури пулис нишастаанд. Мууҳокмаи ин афрод рӯзи шанбе мустақим тариқи телевизионҳо пахш шуд.
Интихоботи Нурсултон Назарбоев ва ду рақиби ношинохтааш 26.04.2015 22:49 1119
Рӯзи якшанбе дар Қазоқистон интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар оғоз ёфт. Дар Душанбе ва Хуҷанд низ ҳудуди 200 шаҳрванди Қазоқистон ба пойи сандуқҳои раъй рафта, овози худро хоҳанд дод.
Толибон ва "Давлати исломӣ" зидди ҳам "ҷиҳод" эълон карданд 22.04.2015 01:22 1172
Мақомот ва коршиносони умури амниятии афғон мегӯянд, гурӯҳҳои "Давлати исломӣ" ва Толибон дар Афғонистон алайҳи якдигар меҷанганд.
Ашрафғанӣ хост, афғонҳо ҷиҳоди миллӣ эълон кунанд 18.04.2015 22:44 1265
Муҳаммад Ашрафғанӣ баъди тақрибан як ҳафтаи ҳамлаи хунин дар Ҷурми Бадахшон ба ин вилоят рафт ва аз сокинон даъват кард, зидди мухолифони мусаллаҳ, ки ба гуфтаи хориҷиянд, ҷиҳоди миллӣ кунанд.