11:13:30 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Боз як интихоботи пеш аз мӯҳлат барои Назарбоев

Анҷумани халқ, як ниҳоди машваратии наздик ба Нурсултон Назарбоев баргузории интихоботи президентии пеш аз мӯҳлатро дар Қазоқистон пешниҳод кардааст.

nazarbaev_565689898.jpgАнҷумани халқи Қазоқистон, як ниҳоди машваратии таҳи раҳбарии раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баргузории интихоботи президентии пеш аз мӯҳлат дар ин кишвари Осиёи Марказиро пешниҳод кардааст. Шӯрои ин анҷуман(ассамблея) рӯзи 14 феврал якдилона аз ин пешниҳод пуштибонӣ кардааст.

Дар муроҷиатномаи ин Шӯро ба мардуми Қазоқистон аз ҷумла гуфта мешавад, “дар шароити бӯҳрони иқтисодии афзоянда дар ҷаҳон ва вазъи мураккаби байналмилалӣ ташаббуси мардум барои баргузории интихобот талаби рӯз аст. Ба раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев додани мандати нави эътимоди саросарӣ барои  бомуваффақият гузаштани кишвар аз даврони чолишҳои ҷаҳонӣ лозим аст. Дар давраи наву мушкили сӯитавозунҳои ҷаҳонӣ зарурат аст, ки ба Элбошӣ Н.А.Назарбоев изҳори боварӣ карда шавад, то ки кишвар аз роҳи стротегиаш берун наояд ва ҳаракаташ ба сӯи навсозии фарогир ва расидан ба сафи 30 давлати аз ҳама пурқуввати дунёро идома диҳад.”

Назарбоев ҳамагӣ 4 сол пеш, дар баҳори соли 2011 бо баргузории чунин як интихоботи пеш аз мӯҳлат давраи раҳбариашро бар Қазоқистон барои 5 соли дигар тамдид карда буд. Он дуруст соли инқилобҳои маъруф баа “Баҳори Араб” буд, ки чандин ҳокими мисли Назарбоев дарозумр дар кишварҳои арабиро аз тахт афканд ва бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки Назарбоеви дар соли 2011 аллакай 70-сола бо чунин интихоботи пеш аз мӯҳлат курсиро аз зери пои довталабони кӯчондани чунин “инқилоб” ба сарзаминаш аз пеш бизанад.

Як узви Анҷумани халқи Қазоқистон раҳбари ҷамъияти курдҳо Княз Мирзоев дар сӯҳбат бо мо гуфт, дар ҷаласаи Шӯро пешниҳоди баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат аз забони муовини раиси ин созмон Анатолий Башмаков садо дод ва ҳама аз он якдилона пуштибонӣ карданд: “Ман ҳам тарафдорӣ кардам. Ман пурра ба раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев боварӣ дорам.” Ӯ афзуд, худи Назарбоев, ҳарчанд раиси Анҷумани халқ аст, вале дар ҷаласаи рӯзи 14 феврал худаш ҳузур надошт.

Муаллифи ин ташаббус – Анатолий Башмаков дар сӯҳбат бо маҷаллаи интернетии “Vласть» гуфтааст, дар соли 2016 интихоботи президентӣ ва порлумонӣ дар як вақт иттифоқ меуфтод ва бояд якеи онҳоро пеш ё қафо мекарданд. Ба гуфтаи Башмаков, “бар илова, дар соли 2016, ба ҳисоби коршиносон, нуқтаи авҷи бӯҳрони моливу иқтисодӣ ва ҳам бӯҳрони низому тамаддун ва ҷаҳонбиниҳо фаро мераасанд. Ва, албатта, тамоми таваҷҷӯҳи раҳбарони кишвар бояд ба ҷилавгирӣ аз зуҳуроти бӯҳронӣ дар иқтисод ва дар ҷомиаи Қазоқистон равона шавад.”

Аҳмад Муродов, узви гурӯҳи депутатии Анҷумани халқ гуфтааст, сабаби асосии ин ташаббус роҳ надодан ба баргузории ду интихоботи президентӣ ва порлумонӣ дар як вақт буд: “Ва он гоҳ, бо назардошти нақшу шахсият ва вазъи атрофи кишвари мову ширкати мо дар масоили байналмилалӣ, салҳо дониста шуд, то интихоботи президентиро пеш аз мӯҳлат барпо кунем.”

Аз ин сӯҳбатҳо чунин бармеояд, ки Нурсултон Назарбоев дар ин интихоботи пеш аз мӯҳлат низ зоҳиран номзади асосист ва танҳо ҳадафаш аз як сол пештар барпо кардани интихобот таҳкими мавқеъ ва касби қонунмандии бештар дар мақоми раҳбарии Қазоқистон мебошад. То ҳол ҳеҷ як аз коршиносон ҳатто эҳтимоли ночизи ба ягон ворисаш супурдани тахти раёсати Қазоқистон аз сӯи Назарбоевро, ки рӯзи 6 июл ба синни 75 мерасад, арзёбӣ намекунад.

Нурсултон Назарбоев соли 1940 ба дунё омада, аз соли 1989, инак 26 сол боз бо ислоҳи пайвастаи Қонуни асосӣ бар Қазоқистон, бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ аз лиҳози қаламрав, захираҳои табиӣ ва ҳаҷми иқтисод раҳбарӣ мекунад. Дар ин муддат танҳо як дафъа – дар соли 2005 интихоботи президентии Қазоқистон дар замони барояш муқарраршуда доир шуд ва низ бо пирӯзии Назарбоев анҷмо ёфт. Дар навбатҳои дигар ӯ бо баргузории ё интихоботҳои пеш аз мӯҳлат (дар солҳои 1991, 1999, 2011) ваё аз тариқи референдум (дар соли 1995) замони раёсаташро тамдид кардааст. Ӯ бори охир дар моҳи апрели соли 2011 бо касби 95,5 дарсади овозҳо дигарбора раисиҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд.

Дар соли 2010 бо таҳия ва тасвиби як қонуни вижа ба Нурсултон Назарбоев унвони Раисиҷумҳури нахустини Қазоқистон ва Пешвои Миллат (Элбошӣ) дода шуд. Қонуни асосии Қазоқистон замони раҳбарии як шахс бар ин кишварро бо ду давраи панҷсола маҳдуд кардааст, вале бар асоси қонуни соли 2010 ин маҳдудият  раисиҷумҳури нахустин ва Пешвои Миллат, яъне ба Назарбоевро фаро намегирад.

Тарафдорони Назарбоев мегӯянд, ки ӯ тавонист суботи иҷтимоӣ ва сиёсиро дар ин кишвари аз нигоҳи ҳам қаламрав ва ҳам таркиби қавмӣ хеле мураккаб ҳифз кунад ва ба пешрафтҳои зиёди иқтисодӣ даст биёбад. Назарбоев ҳоло як барномаи пуриддаои то соли 2050 ба сафи 30 кишвари пурқувваттарини дунё расондани Қазоқистонро дар сар дорад.

Аммо мухолифон  Назарбоев ва ҳукумати вайро ба сохтани як низоми худкомаи мабнӣ бар шахспарастӣ ва беш аз будаш нишон додани натиҷаҳои воқеии ҳукмронии ӯ айбдор мекунанд ва мегӯянд, ин 90-у 95 дарсаде ки гӯё аз Назарбоев ва атрофиёни ӯ дар интихоботҳо ҷонибдорӣ мекунанд, дар асл рақамҳои ҳавоист, ки аз роҳи тахаллуф ва истифодаи манобеи маъмурӣ ба даст меоянд.

Нурсултон Назарбоев 3 духтар, 8 набера ва 2 абера дорад. Духтари калониаш Дориға вакили порлумон, духтари дуюмаш Динора бо 1, 3 миллиард доллар дорӣ бойтарин зан дар Қазоқистон ва духтари хурдиаш Алия раҳбари ширкат сохтмонии “Элитстрой” аст.

Домоди калонии ӯ – Роҳат Алиев, ки як муддат вазири андозу баъдан вазири амнияти Қазоқистон буд, баъди “гурехтани гапаш” бо Назарбоев тарки Қазоқистон кард ва дар Австрия алайҳи падарарӯси собиқаш фаъолияти сиёсӣ мебарад. Дар муқобил мақомоти Қазоқистон алайҳи ӯ чандин парванда кушодаанд.

Домоди дуюмаш Тимур Қулибоев раиси Иттиҳодияи “Қазэнержӣ”-ст, ки ҳамаи корхонаҳои соҳоти нафту газ ва энержии Қазоқистонро муттаҳид мекунад. Қулибоев ҳоло яке аз пурнуфузтарин мӯҳраҳо дар арсаи сиёсии Қазоқистон ба шумор меояд.

Алия – духтари хурдии Назарбоев, ки ҳоло 35 сол дорад, дар соли 1998, дар синни 18-солагиаш ба Ҳайдар Оқоев, писари раисиҷумҳури вақти Қирғизистон издивоҷ карда буд. Вале онҳо дар соли 2001 ҷудо шуданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi