22:54:15 20-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Украина Дебалтсеворо "месупорад"

Украина мегӯяд, аллакай то 80 дарсади нирӯҳои низомиаш аз шаҳри ҷангзадаи Дебалтсево хориҷ шудаанд.

artishi-ukraina-655642.jpgРаисиҷумҳури Украина Петро Порошенко гуфт, нирӯҳои давлатӣ “тибқи барнома ва ба таври муназзам” шаҳри Дебалтсево – маркази даргириҳои ахир байни нирӯҳои Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русияро тарк мекунанд. Порошенко гуфт, “то ин лаҳза метавонем бигӯем, ки 80 дарсади нирӯҳои мо берун омадаанд.”

Ӯ афзуд, интизор меравад, нирӯҳои давлатӣ боз дар ду корвони дигар Дебалтсево, як нуқтаи муҳими воқеъ дар шоҳроҳи асосии байни шаҳрҳои Донетску Луҳанск – ду маркази асосии таҳти назорати ҷудоиталабонро тарк кунанд.

Даргириҳо дар Дебалтсево бо вуҷуди онки оташбаси имзошуда дар натиҷаи 16 соат музокироти шадиди сарони Русияву Украина ва Олмону Фаронса дар Минск имзошуда ҳанӯз аз 15 феврал ба ҳукми иҷро даромад, то ҳол идома доранд.

Микола Колесник, фармондеҳи як воҳиди ниманизомии тарафдори ҳукумати Украина дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии 112 тасдиқ кард, ки нирӯҳои Украина аз Дебалтсево берун меоянд, вале ҳанӯз хуруҷи ин нирӯҳо ба поён нарасидааст: “Мо танҳо дар бораи нирӯҳое сӯҳбат дорем, ки дар манотиқи аҳолинишин дар дохил ва атрофи шаҳр муҳосира шудаанд.”

Семён Семёнченко, вакили порлумони Украина ва фармондеҳи як баталйони дигари нирӯҳои тарафдори давлат дар Фейсбук хабар дод, ки ҷудоиталабон талош доранд, то монеи хуруҷи нирӯҳои Украина аз Дебалтсево шаванд. Шоҳидон мегӯянд, даҳҳо тонку корвонҳои нирӯҳои Украина аз ин шаҳр берун мешаванд.

Раҳбарони ҷудоиталабон мегӯянд, онҳо ҳам ҷангиён ва тӯпхонаҳои худро аз баъзе минтақаҳои хатти ҷабҳа қафо кашида истодаанд. Онҳо иддао доранд, ки садҳо тан аз нирӯҳои Украина таслим шудаанд. Тавассути телевизиони давлатии Русия наворе нишон дода шуд, ки дар он чирикиҳо даҳҳо сарбози украинии асирро аз як роҳи рустоӣ мебурданд. Мақомоти Украина асир афтодани миқдоре аз нирӯҳояшон дар Дебалтсеворо тасдиқ карданд, вале рақаме наоварданд.

Шабакаи якуми телевизиони Русия хабар дод, ки ҷудоиталабон парчами худро дар боми як бинои баландошёнаи Дебалтсево насб кардаанд.

Стеффен Шейберт, сухангӯи садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар Берлин гуфт, Олмон “иқдомҳои низомии ҷудоиталабон дар Дебалтсеворо шадидан маҳкум мекунад.” Ӯ ин аъмолро “нақзи ҷиддӣ”-и оташбаси ахир ва “зарбаи сангин” ба умеди сулҳ дар шарқи Украина номид. Сухангӯи ҳукумати Фаронса Стефан Ле Фолл гуфт, созиши оташбас “намурдааст” ва кишвари ӯ “тамоми корро хоҳад кард, то ин қарордод ҳифз шавад.”

Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд аз ташаббускорони асосии музокироти рӯзи 12 феврал дар пойтахти Беларус бо руасои ҷумҳуриҳои Русияву Украина Владимир Путин ва Петро Порошенко ва имзои қарордоди нави оташбас ба хотири истиқрори сулҳу оромӣ дар шарқи Украина буданд. Тибқи он созиши оташбас, бояд аз 15 феврал тамоми иқдомоти низомӣ дар хатти ҷанги байни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои Донетску Луҳанск қатъ шуда, аз 17 феврал тарафҳои даргир бо ҳадафи сохтани минтақаҳои буферӣ силоҳҳои вазнини худро аз ҷабҳа қафо мекашиданд ва дар зарфи 3 ҳафта ҳамаи асиронро раҳо мекарданд.

Ҳарчанд оташбас дар аксари минтақаи низоъ дар шарқи Украина риоят мешуд, вале  дар Дебалтсево даргириҳои шадид ҳамчунон идома доранд.

Интизор меравад, сарони Фаронсу Олмон ва Украинаву Русия рӯзи 18 феврал дар як тамоси телефонӣ дигарбора вазъи мавҷуда дар шарқи Украинаро баҳс кунанд. Таҳаввулоти ахир дар ҳолест ки Владимир Путин ахиран аз нирӯҳои Украина дар Дебалтсево даъват кард, ки таслим шаванд.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 18 феврал гуфт, оташбас ба истиснои Дебалтсево дар боқӣқисматҳои минтақаи низои шарқи Украина риоя мешавад. Ӯ гуфт, қазияи Дебалтсево набояд барои тахриби раванди сулҳ дар Украина истифода шавад.

Қаблан ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден Русияро ба поймол кардани созиши Минск айбдор кард.

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могерини низ амалиёти ҷудоиталабон дар Дебалтсеворо ҳамчун “нақзи ошкор”-и оташбас маҳкум карда, дар баёнияе гуфтааст, “убури амн барои тамоми онҳое, ки мехоҳанд минтақаро тарк кунанд, бояд замонат дода шавад.” Ӯҳамчунин хостори таъмини шароит барои идомаи фаъолияти миссияи вижаи нозирони САҲА дар Дебалтсевову атрофи он ва дар ҳар шаҳри дигари минтақа шудааст.

Ҷудоиталабон аммо нирӯҳои Украинаро ба нақзи оташбас айбдор мекунанд ва мегӯянд, созиши оташбас Дебалтсеворо фаро намегирад, чунки он дар дохили қаламравҳои таҳти назорати ҷудоиталабон аст ва бахше аз қарордоди оташбас нест. Ҷудоиталабон ҳамчунин монеи вуруди нозирони САҲА ба Дебалтсево шудаанд.

Бо ин ҳол, рӯзи 18 феврал “хадамоти додситонӣ”-и ба ном “Ҷумҳурии мардумӣ”-и Донетск аз кушодани “парвандаҳои ҷиноӣ” алайҳи раҳбарони аввали Украина хабар дод. Ҷудоиталабон раисиҷумҳур Петро Порошенко, сарвазир Арсений Ятсенюк ва дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ Олександр Турчиновро ба “барномарезӣ, омодагӣ ва ташкили таҷовуз ва ҷанг” дар шарқи Украина айбдор кардаанд.

Ҷудоиталабони тарафдори Русия бо илҳом аз тасарруфи нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия дар моҳи марти соли 2014, моҳе баъд бо талаби ҷудоӣ аз Киев дар вилоятҳои нисфи аҳолиашон русзабони Донетску Луҳанск ошӯб бардоштанд. Тайи 10 моҳи даргириҳо дар шарқи Украина , ба ҳисоби СММ, беш аз 5600 нафар ҷон бохта, шарқи Украина – минтақаи аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи ин кишвар – ба харобазор табдил ёфт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi