15:38:38 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Табодули 191 асир дар шарқи Украина

Нахустин табодули асирон байни тарафҳои даргир дар шарқи Украина баъди оташбаси 12 феврал умедҳоро ба ором шудани вазъ дар ин минтақаи ҷангзада дигарбора каме зинда кардааст.

opolchensiy-4523221.jpgШаби 21 феврал байни ҳукумати Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия табодули асирон сурат гирифтааст. Бино ба таъйиди ҳарду ҷониб, дар ҷараёни ин табодул, ки баъди имзои қарорододи оташбаси 12 феврал бори аввал сурат мегирад, дар як макони воқеъ дар тақрибан 20-километрии шаҳри Луҳанск 139 сарбози украинӣ ва 52 тан аз ҷудоиталабон иваз карда шудаанд.

Қабл аз табодул асирони украиниро ба маҳалле дар наздикии Жолобок оварда, саф кашонданд. Баъдан онҳо суханронии як намояндаи ҷудоиталабонро шуниданд, ки ба онҳо амр дод, то қаламрави, ба иддаои онҳо, марбут ба ҷудоиталабон дар вилоятҳои Донетску Луҳанскро тарк кунанд. Ба дунбол, ин сарбозон, ки баъзеаш бо асобағал роҳ мегашту яке аз онҳо ҳатто рӯи замбар буд, тақрибан 3 километр роҳ то ҷои табодули асиронро пиёда тай кардаанд.

Табодули асирон дар баробари қатъи амалиётҳои низомӣ ва қафо кашидани силоҳҳои вазнин аз ҷумлаи шартҳои асосии қарордоди оташбасест, ки рӯзи 12 феврал дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус дар пайи 16 соат музокироти тунди сарони Русияву Украина ва Олмону Фаронса ба имзо расид. Тибқи ин қарордод, табодули асирон бояд бар асоси шарти “ ҳама - ба ҳама” сурат гирифта, дар даҳаи якуми моҳи март пурра ба анҷом расонда шавад.

Аммо раванди иҷрои ин оташбас бо хеле мушкилот пеш меравад ва умедҳоро ба ором шудани вазъ дар шарқи Украина торафт камтару камтар мекунад. Дар чунин шароит сурат гирифтани нахустин табодули асирон умедҳои хомӯшшуда дар робита ба ояндаи сулҳ дар шарқи Украинаро дигарбора як каме зинда кардааст.

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри бо ин ҳол гуфт, Амрикову муттаҳидини аврупоияш мавзӯи таҳримоти сангинтар алайҳи Русияро баррасӣ мекунанд. Керри гуфт, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар рӯзҳои наздик ба қадамҳои баъдӣ дар робита ба низоъ дар шарқи Украина расидагӣ хоҳад кард. Керри ҳамлаи ҷудоиталабон ба шаҳри Дебалтсево ва таъмини ҷудоиталабон бо муҳимоти низомӣ аз сӯи Русияро аз мавридҳои бадтарини поймоли қарордоди ахири оташбас номид.

Аммо Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, Русия рӯи ҳимоят аз қарордоди оташбас дар шарқи Украина тамаркуз кардааст.

Вазири хориҷаи Амрико, ки дар Лондон сӯҳбат мекард, Русия ва ҷудоиталабонро ба нақзи оташбас дар чанд минтақа айбдор кард: “Мо равшан медонем, ки Русия чӣ кор карда истодааст ва ягон навъ пропаганда инро пинҳон карда наметавонад.”

Ҷон Керри гуфт, пешниҳодҳое , ки дар дасти баррасии президент Обама қарор доранд, аз ҷумла таъмини нирӯҳои Украина бо силоҳ ва ҷорӣ кардани таҳримоти сангинтар алайҳи Кремлро дар бар мегиранд. Керри аз ҷумла ба шаҳри бандарии Мариупол таъкид кард, ки ба гуфтаи низомиҳои Украина баъди бо силоҳҳои нав таъмин шудани ҷудоиталабон таҳти хатари афзояндаи ҳамла қарор гирифтааст.

Аммо Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо радиои “Эхо Москви” алайҳи таҳримоти нав ба зидди Русия ҳушдор дод ва гуфт, ин ба ҳалли вазъ дар ҷанубу шарқи Украина мусоидат намекунад.

Нирӯҳои Украина рӯзи 21 феврал хабар доданд, ки бар асари ҳамлаҳои як рӯзи охири ҷудоиталабон як сарбоз кушта ва 40 тани дигар захмӣ шудаанд. Бино ба ин манбаъ, дар ин як рӯзи охир чанд минтақаи Мариупол ва манотиқи дигар ҳадафи ҳамлаҳо қарор гирифтаанд.

Хабаргузории Ройтерс хабар дод, ки ҷудоиталабон дар як маҷтамаи манзилӣ бо номи Безименний дар соҳили Мариупол пойгоҳ сохтаанд. Ба гуфтаи хабарнигори Ройтерс, бисёре аз ҷанговарони инҷо камингирифта ба нирӯҳои вижаи артиши Русия мемонанд ва либоси низомиву погонҳои нирӯҳои вижаи артиши Русияро доранд.

Аммо яке аз ҷангиён бо лақаби Боксёр дар сӯҳбат бо Ройтерс ба ин минтақа рехтани ёриҳову нирӯҳои низомии бештар аз Русияро рад карда, гуфтааст: “Ин ҳама дурӯғ аст. Ин ҷанговароне, ки инҷо меҷанганд, ҳама фақат ангиштканҳову трактористҳо ва деҳқонҳоянд.”

Ҷудоиталабони тарафдори Русия бо илҳом аз тасарруфи нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия дар моҳи марти соли 2014, моҳе баъд бо талаби ҷудоӣ аз Киев дар вилоятҳои нисфи аҳолиашон русзабони Донетску Луҳанск ошӯб бардоштанд. Тайи 10 моҳи даргириҳо дар шарқи Украина , ба ҳисоби СММ, беш аз 5600 нафар ҷон бохта, шарқи Украина – минтақаи аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи ин кишвар – ба харобазор табдил ёфт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi