ҶИНОЯТКОРӢ МИЁНИ ҶАВОНОН ДАР ТОҶИКИСТОН АФЗОИШ ЁФТААСТ
Аз аввали соли равон то ба ҳол аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонони ҷумҳурӣ 343 ҷиноят ба вукӯъ пайвастааст, ки нисбат ба соли гузашта 64 ҷиноят зиёд мебошад. Ин нуктаро Зебунисо Холдорбекова, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон зимни мулоқоташ бо хонандагони мактаби№ 10-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иброз дошт.
Номбурда зимни баромадаш падару модаронро ба вазъи имрӯзаи ҷинояту ҷинояткориҳо байни хонандагон аз наздик ошно намуд ва таъкид кард, ки мақсад аз баргузории ин мулоқот - паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон ва ҳимояи ҳуҳуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон мебошад.
Дар ин вохурӣ гуфта шуд, ки вақтҳои ахир гашту гузори шабонаи ноболиғон дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе зиёд гардидааст, ки ин оқибати хуб надорад.
Масъалаи ба марказҳои бозиҳои бурднок, ҷойҳои дилхушӣ, марказҳои кампютерӣ рафтани ноболиғон, риоя нанамудани либоси ягонаи мактабӣ ва истифодаи телефонҳои мобилӣ дар дарс низ мавриди муҳокимаи иштирокдорон қарор гирифт.
Ҳамчунин зимни ин мулоқот қайд гардид, ки чунин сӯҳбату вохуриҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо дигар хонандагони мактабҳои миёна ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт минбаъд низ сурат мегирад.
Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»
Шарҳҳо
RSS Обуна