07:18:56 16-уми Майи 2025 сол

ОЗОДИИ БАРОДАР ВА ЯК ХЕШОВАНДИ МИРЗО ЗИЁЕВ

Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдусамад Зиёев ва Маҳсиддин Муҳиддинов, бародар ва яке аз пайвандони Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирориро, табраа кардааст. Ба гуфтаи Санавбар Холова, қозии додгоҳи олӣ ва узви ҳайъати додгоҳи истинофӣ, ҳукми додгоҳ алайҳи Абдусамад Зиёев ва Маҳсиддин Муҳиддинов аввал ба панҷ сол коҳиш ёфта ва сипас, онҳо бар асоси қонуни афви соли 2009 маъоф шудаанд.

 

Мирзо Зиёев 1Хонуми Холова афзуд, ки аз миёни 46 нафаре, ки тибқи ин парванда маҳкум шуда буданд, 29 нафар тақозои бознигарӣ дар аҳкоми қаблии додгоҳ карда буданд ва дар канори оқоён Зиёев ва Муҳиддинов додгоҳи истинофӣ мӯҳлати маҳкумияти 27 нафари дигарро низ коҳиш додааст. Ин қозии додгоҳи олӣ асомии ин афродро нагуфт, вале гуфт, ки муӯҳлати маҳкумияти бештари онҳо 4-5-солӣ ва 7-8-солӣ коҳиш дода ва бархе дигар низ ҳукми ҳабсашон лағв шудааст. Ба гуфтаи вай, 17 нафари дигар аз маҳкумшудагон аслан тақозои истиноф накарда буданд ва дар аҳкоми қаблии додгоҳ нисбат ба онҳо таҷдиди назар нашудааст.

 

Дар ҳамин ҳол, Мирзо Сафаров, муъовини раиси ноҳияи Тавилдара, ба Би-би-сӣ гуфт, ки Абдусамад Зиёев пас аз озодӣ ба ноҳия баргашта ва се-чаҳор рӯз аст, ки дар ноҳияи Тавилдара аст. Ба гуфтаи Давлат Алиев, раиси ҷамоъати Чилдараи ноҳияи Тавилдара, Маҳсиддин Муҳиддинов низ пас аз озодӣ ба ноҳияи Панҷ рафта, вале дар натиҷаи беморӣ дубора ба шаҳри Душанбе мунтақил шудааст. Оқоён Зиёев ва Муҳиддинов, пас аз кушта шудани Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва фармондеҳи нерӯҳои мухолифи давлат дар замони ҷанги дохилӣ, дар тобистони соли 2009 дар даврони даргириҳо дар ноҳияи Тавлидара боздошт шуда буданд.

 

Мақомоти давлатӣ баъд аз ҳодисаи даргирӣ дар ин ноҳия ва кушта шудани Мирзо Зиёев, ки бештар бо лақаби "Мирзо Ҷага" маъруф буд, афроди зиёдеро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои теруристии муртабит бо Алқоъида ва ҳамчунин, ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир боздошт кардаанд. Сипас, додгоҳи олии Тоҷикистон дар тобистони соли 2010 теъдоди 46 нафар аз афроди муттаҳам ба даргириҳо дар ноҳияи Тавилдараро барои муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Дар миёни ин афрод Саидаҳмад ва Муҳаммадризо, ду писари Мирзо Зиёев, низ мутаносибан ба 30 ва 28 соли зиндон маҳкум шуданд.

 

Он замон дар ноҳияи Тавилдара дар миёни боздоштшудагон Абдусамад Зиёеви 53-сола ва Маҳсиддин Муҳиддинови 66-сола низ буданд, ки додгоҳ онҳоро дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои терурист муҷрим шинохта ва барои сӣ сол равонаи зиндон карда буд. Аммо вакилони мудофеъи онҳо аз ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ шикоят бурда ва онро то ба панҷ сол коҳиш додаанд. Вале Додгоҳи олии Тоҷикистон ахиран оқоён Зиёев ва Муҳиддиновро озод кардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4526-ozodii-barodar-va-yak-kheshovandi-mirzo-ziyoev.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ