05:39:47 01-уми Июли 2025 сол

МУСОДИРАИ ЗИЁДА АЗ 120 КГ МАВОДИ МУХАДДИР

Шабонарӯзи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зимни гузаронидани амалиёт дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 120 кг маводи нашъадорро мусодира намуданд.

Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев дар рафти амалиёти муштарак дар вилояти Суғд истиқоматкунандаи 45-солаи шаҳри Душанбе бо 10 кг 270 грамм ва ду сокини  бекори ноҳияи Қайроққум яке бо 40 кг 588 гр. маводи нашъадори ҳашиш ва дигарӣ бо 9 кг.210 гр. маводи нашъадори ҳашиш ва 13 кг 460 гр. маводи нашъадори бангдона дастгир гардиданд.

М. Асадуллоев зикр намуд, ки зимни гузаронидани амалиёти дигари кормандони ВКД  дар пойтахти кишвар аз дохили автомашинаи тамғаи «Опел», ки ба Маъдихӯҷа Балаеви 39-сола тааллуқ дорад,  45,1 кг маводи нашъадори ҳашиш дарёфт шуд. Муайян гардид, ки ронанда М. Балаев маводи мазкурро аз Абдураҳим Қаюмови 32-сола, ки сокини ноҳияи Қумсангир аст, гирифтааст. Нисбат ба қоҷоқчиён парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Ҳамчунин худи ҳамон рӯз кормандони милиса аз сокини 45-солаи шаҳри Қурғонтеппа ба миқдори 3 кг 10 грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт намуданд. Бино ба маълумоти ВКД аз аввали сол инҷониб зиёда аз 1,1 тонна маводи мухаддири ғайриқонунӣ мусодира гардидааст.

Лутфия Эшонқулова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ