05:31:33 01-уми Июли 2025 сол

МОДАР ФАРЗАНДАШРО МЕХОСТ ФУРӮШАД

Кормандони ВКД ҶТ ин навбат фурӯши ғайриқонунии одамро ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Тавре  ба мо аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, кормандони милисаи тоҷик рӯзи  25 май дар шаҳри Хуҷанд Светлана Митсики 50-соларо, ки пештар  суд шудааст, бо гумони даст доштан дар фурӯши кӯдакон дастгир намуданд.     

Сарчашма иттилоъ медиҳад, ки С. Митсик ҳангоми ба маблағи 3 ҳазор доллари ИМА фурӯхтани духтари ноболиғаш ба даст афтод. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтиш идома дорад.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ