12:47:05 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

КИТОБИ «МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН» АЗ ЧОП БАРОМАД

Имрӯз, 25 май, дар дафтари ҳафтаномаи «СССР» муаррифии китоби «Меъмори истиқлоли Тоҷикистон», ки ба хотираи шодравон Тоҳири Абдуҷаббор, яке аз сиёсатмадорон ва иқтисоддонҳои маъруфи кишвар, таҳия шудааст, баргузор гардид. Дар он журналистон ва сиёсатмадорон иштирок доштанд.

Tohir AbdujabborМураттиб ва таҳиякунандаи китоби «Меъмори истиқлоли Тоҷикистон», журналисти маъруфи кишвар Аҳмадшоҳи Комилзода мебошад. Дар китоб мақолаву маводҳои зиёде, ки  бахшида ба ин марди шариф  таълиф шудаанд, гирдоварӣ шудаанд. Дар ин китоб инчунин мақолаву навиштҳои худи Тоҳири Абдуҷаббор, ки дар солҳои мухталифи ҳаёташ иншо намудааст, ҷой дода шудаанд.

Ҳангоми муаррифии китоб дӯстону ҳамсангарони Тоҳири Абдуҷаббор Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи «Наҷот», Раҳматкарими Давлат, хабарнигори бахши тоҷикии радиои «Озодӣ», Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи «СССР», Толибшоҳи Сайидзода, муҳаррири ҳафтаномаи «Миллат», Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ва дигарон суханронӣ карда хотираҳои худро дар бораи ин муборизи роҳи озодии миллат баён доштанд.

Ahmadshoh KomilzodaАҳмадшоҳи Комилзода – мурратиб ва таҳиякунандаи ин китоб зимни суханронии худ гуфт, ки «ҳадаф аз чоп кардани ин китоб ин буд, ки ҳамин шахсият дар ҷомеаи Тоҷикистон мавқеъ ва ҷойгоҳи хосе дошт ва барои эҷоди як равияи тоза ва миллӣ ва ба пуштибонӣ аз кишвар ва ормонҳои миллӣ заҳмат ва талошҳои зиёде кардааст. Барои муайян кардани ҷойгоҳи Тоҳири Абдуҷаббор дар ҷомеаи Тоҷикистон мақолаҳои арзишманде ба табъ расидааст, гуфтем ҳамонҳоро дар якҷо ҷамъ биёрем ва гузашта аз ин як теъдоди аз маводҳои худи устод ҳанӯз ба нашр нарасидаанд, онҳоро ҳам ҷамъ овардем то ин ки ба дасти хонанда бирасанд. Ва фикр мекунам, ки мисли шумо хабарнигорон ва донишмандоне, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, онҳоро мехонанд, мутолиа мекунанд ва аз онҳо барои пешрафти Тоҷикистон, барои роҳҳои бурунрафт аз мушкилот истифода хоҳанд бурд».

 

Тоҳири Абдуҷаббор аз фарзандони сарсупурда ва озодаи миллат буд, ки ҳанӯз дар солҳои побарҷойи Иттиҳоди Шӯравӣ шиори истиқлолро сар медод ва ҳаракати озодихоҳӣ ва худшиносии миллиро сарварӣ кард. Замоне ӯ аз истиқлол мегуфт, ки ҳарфи истиқлол барои аксарият бегона буд. Ва ӯро барои ақидаи озодихоҳиаш маҳкум мекарданд. Ҳанӯз ҳам, вақте ки ҳукумат ба ҳарфаш амал кард, бархе аз доираҳои сиёсӣ аз гирифтани номаш ё ҳарос доштанд ва ё рашк мебурданд. Аммо сафҳаҳои таърих паёми Истиқлоли ин Ватан – Тоҷикистонро ба номи ӯ сабт кардааст. Аз ин рӯ меарзад, ки мухтасари тарҷумаи ҳолашро пешкаши муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» намоем.

Тоҳири Абдуҷаббор 10-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Тоҳири Абдуҷаббор, файласуф, ҷомеашинос ва доктори илми иқтисод, бунёдгузор ва раиси нахустин созмони ғайриҳукуматӣ дар Тоҷикистон – Ҷунбиши Мардумии Тоҷикистон – Созмони Растохез, вакили мардумии Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум буд.

Тоҳири Абдуҷаббор пас аз хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонии деҳаи Ашт соли 1962 ба факултаи ҷуғрофиёи Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, соли 1966 ин донишгоҳро хатм кардааст. Фаъолияташро пас аз хатми Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон нахуст дар Пажӯҳишгоҳи ботаника ва сипас дар соли 1968 дар Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон идома додаст. Вай дар соли 1969 ба аспирантура дохил шуда, шурӯъ аз ҳамон сол дар Маскав дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии ФУ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил кардааст. Соли 1974 дар мавзӯи «Масоили рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Покистон» рисолаи илмӣ дифоъ карда ва сазовори унвони номзади илми иқтисод шудааст. Сипас то соли 1976 дар Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кор кардааст.

Тоҳири Абдуҷаббор дар моҳи феврали соли 1976 бо роҳхати Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон хамчун мутахассиси соҳаи иқтисоди кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба Афғонистон ирсол шуда ба унвони тарҷумон ва мушовир дар сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон кор кардааст. Пас аз бозгашт аз Афғонистон дар соли 1980 дар бахши Иқтисоди мамолики Шарқи хориҷии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон фаъолияташро идома додааст. Дар соли 1983 дубора ба Афғонистон фиристода шудааст. Вай дар ҳамин давра дар баробари кор дар сафорати ИҶШС дар Афғонистон, солҳои 1985-87 дар Донишгоҳи улуми иҷтимоии Кобул ба тадрис машғул будааст. Пас аз бозгашт ба Ватан дар соли 1987 дар Донишгоҳи кооперативӣ ва Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон омӯзгор буд.

Дар соли 1989 то оғози ҷанги дохилӣ дар Шӯрои таҳқиқоти нирӯҳои истеҳсолкунандаи ФУ Тоҷикистон (СОПС) ба кори таҳқиқот пардохта ва ҳамзамон устоди арсаи иқтисодиёти кишварҳои дар ҳоли тавсеи Донишгоҳи тиҷорати Новосибирск дар Тоҷикистон кор кардааст.

Тоҳири Абдуҷаббор шурӯъ аз соли 1989 ҳамзамон дар фаъолиятҳои пинҳонии ҷунбиши демократӣ ва истиқлолхоҳӣ ба унвони созмондеҳ иштирок кардааст. Натиҷаи фаъолияти ӯ Созмони Мардумии Растохезро ба саҳнаи сиёсат овард, ки ҳукумат дар 21-уми июни соли 1991 ин созмонро ба таври расмӣ номнавис кард. Вай дар солҳои 1990 сарварии Ҷунбиши Мардумии Тоҷикистон – Созмони Растохезро бар ӯҳда дошт, ки ин созмон дар мақоми давлатӣ касб кардани забони форсии тоҷикӣ ва ба истиқлолият расидани Тоҷикистон саҳми муҳимме доштааст.

Тоҳири Абдуҷаббор 25-уми феврали оли 1990 дар нахустин интихоботи рақобатии Тоҷикистон вакили мардумии Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум интихоб шуд. Вай дар давраи вакилияш дар порлумон ва оғози ҷанги дохилӣ фаъолияти гуногунсоҳа доштааст.

Дар пайи шурӯъи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар октябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон доир шуд, ки марҳилаи дигаре аз ҷанги дохилӣ ба дунболи он оташ гирифт. Тоҳири Абдуҷаббор дар қатори дигарон кишварро тарк кард ва ба хориҷ рафт. Дар соли 1993 Иттиҳоди опозисиюни тоҷик ташкил шуд, аммо бинобар сангаргириҳои ҷонибҳои даргир ва шурӯъи муқовиматҳои низомӣ, ӯ аз ҷабҳа канор рафт ва дигар на ба ҷанг ва на ба оштӣ ҳамроҳ нашуд. Вай дар фаъолияти минбаъдааш ба тадрису таҳияи китобу мақолаҳо машғул шудааст, ки баъзе аз онҳо ба нашр расидааст.

Вай дар муддати муҳоҷират чанде дар Русия, Эрон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба сар бурдааст. Аз моҳи декабри соли 1992 то соли 1993 дар Маскав ва аз соли 1993 то соли 1996 дар шаҳри Теҳрон – пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сар бурда, дар бахши русии радиои ин кишвар кор кардааст. Соли 1996 аз Теҳрон ба Бишкек омад ва дар соли 1996 ба унвони доктори илми иқтисод дар Донишгоҳи гуманитарии Бишкек, баъдан мудири кафедраи иқтисоди байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон, устоди Академияи молӣ ва иқтисодии Бишкек, академияи мудирияти назди Президенти Қирғизистон ва ахиран профессори Академияи идораи давлатии назди Раёсати ҷумҳурии Қирғизистон фаъолият кардааст. Соли 2003-2004 дар мақоми профессори Донишгоҳи иқтисодии Алмаато кор кардааст.

Тоҳири Абдуҷаббор тобистони соли 2005 ба Тоҷикистон баргашт ва чанд муддат дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ кард. Соли 2006 ба Душанбе омад ва фаъолияти худро дар соҳаи таҳлилу тадқиқи масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ идома дод ва навиштаҳои зиёде дар матбуот дарҷ кард. Моҳи сентябри соли 2007 дар Донишгоҳи байнулмилалии Тоҷикистон ба тадрис оғоз ва то охири умр фаъолият кард.

Дар охири соли 2008 бемории саратон дар ҷисми Тоҳири Абдуҷаббор аз худ дарак дод ва чанд муддат ба табобат машғул шуд. Дар ин миён боре ҳам бо мусоидати дӯстон барои табобат ба шаҳри Теҳрон рафт.

Тоҳири Абдуҷаббор дар 21-уми апрели соли 2009 дар зодгоҳаш деҳаи Ашти ноҳияи Ашт даргузашт ва мадфанаш дар ин ҷо қарор дорад.

Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
+2 #6 RE: КИТОБИ «МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН» АЗ ЧОП БАРОМАДGuest 27.05.2011 11:51
Устод дар хакикат сазовори эхтиром хастанд. Хамаи гуфтахои воло ба ин шаходат медиханд. Ман хайрони онам, ки ин нафарони зиндае, ки имруз даст ба сина мезананду гуё ба мо сулх овардаанд баъд аз марг лоакал дахяки Тохири Абдучаббор ба еди мардум меоянд. Ман бовари дорам, ки нафароне, ки дар инчо фикри худро овардаанд аз устод ягон манфиати моли ба даст наовардаанд.
 
 
+3 #5 RE: КИТОБИ «МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН» АЗ ЧОП БАРОМАДGuest 26.05.2011 16:25
Хидмати оли кардед, Комилзода ба ин миллат. Сипос барои чопи ин китоб
 
 
+3 #4 RE: КИТОБИ «МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН» АЗ ЧОП БАРОМАДGuest 26.05.2011 13:44
Зиндаву човид монд хар ки накуном зист
К-аз акибаш зикри хайр зинда кунад номро

Рухат шоду манзили охиратат обод бод Устоди арчманд.

Рузе ки замин арзи нихон хохад дод.
Махшар ороиши дукон хохад дод.
Гуянд ки кист боби рахмат имруз,
Хак Бедили хешро нишон хохад дод.
 
 
+3 #3 RE: КИТОБИ «МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН» АЗ ЧОП БАРОМАДGuest 26.05.2011 11:01
Чи кадар шахсияти бузург будааст Тохир Абдучаббор. Ин китобро аз кучо ёфтан мумкин бошад, онро дар кадом магоза мефурушанд
 
 
+3 #2 RE: КИТОБИ «МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН» АЗ ЧОП БАРОМАДGuest 26.05.2011 10:59
Рухаш шод бодо Устод Тохир! Чаноби Комилзода ба Шумо хам ахсан, кори хайре анчом додаед. Хар чанд ин шахсият арзиши аз ин бештарро дорад аммо боз хам хуб аст ки хадди акал як гурухи хурди одамон ба кадраш расидаанд.
 
 
+3 #1 RE: КИТОБИ «МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН» АЗ ЧОП БАРОМАДGuest 26.05.2011 10:27
Ба номи офаридгори Калому Калам.
ва дуруд бар равони озодаи Устод Тохир
Аз чаноби Ахмадшохи Комилзода ва хамаи дастандаркорон барои ин кори хайр сипосгузори мекунем.Бовар дорем чопи китоб аз рузгори марди шарифе чун Тохири Абдучаббор,ки барои худбовари ва худшиносии миллат чонфарсои кард, мучиби афзоиши худогохи ва бозёфти хуввияти милли дар чомеа мегардад.То замоне,ки миллати точикфидокорихо и фарзандони фарзонаи хеш , чун Устод Тохирро ба ёд
дорад,аз сахнаи хастаи нест нахохад шуд!
Некварз
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi