ҲУКУМАТИ ИМА БА ДЕҲҚОНОНИ ТОҶИК ЭКСКАВАТОР ТАҚДИМ НАМУД
Ҳукумати ИМА тавассути Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об (БДИИО), ки аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, ба Федератсияи иттиҳодияҳои истифодабарандагони оби «Сароб» экскаватори чархдор тақдим намуд.
Директори минтақавии USAID дар Тоҷикистон Ҷеффри Лерер, ҷонишини раиси ноҳияи Қубодиён Зиёдали Эргашев, роҳбари шӯъбаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони обӣ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об Исмат Эшмирзоев, намояндагони иттиҳодияҳои истифодабарандагони об (ИИО) ва кормандони БДИИО дар маросими супурдани экскаватор 24-уми май дар ноҳияи Қубодиён иштирок намуданд.
Соли 2010 шаш иттиҳодияи истифодабарандагони оби ноҳияи Қубодиён ҷамъ омаданд, то ки рохҳои идоракунӣ ва дар ҳолати корӣ нигоҳдории шабакаҳои обёриро тавассути Федератсияи ИИО муҳокима намоянд. Барномаи USAID оид ба дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об ин иқдомро дастгирӣ намуд ва барои ташкил намудани Федератсияи ИИО «Сароб», ки 5 ноябри соли 2010 ба қайд гирифта шуд, кӯмаки худро расонд. Баъди гузаронидани марҳилаҳои дарозмуддати баҳогузорӣ ва як қатор вохӯриҳо бо Федератсия, USAID барои таъмиркунӣ ва тозакунии чӯйборҳо ва заҳкашҳо ба деҳқонон экскаватори чархй тақдим намуд.
Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об ба деҳқонони тоҷик баҳри беҳтаргардонии усулҳои идоракунии об, ки ба баландшавии ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ мусоидат мекунад, ёрии амалӣ мерасонад. Маҳз комёбиҳои ин Барнома боиси Ҳамкории боз ҳам зичтари иттиҳодияҳои истифодабарандагони об ва дигар истифодабарандагони об гардид.
Барнома 52 иттиҳодияи истифодабарандагони об ва 4 ФИИО-ро дар ноҳияҳои Рӯдакй, Ваҳдат, Қубодиён, Ҷиликӯл, Қумсангир, Шаҳритуз, Зафаробод, Рӯшон, Роштқалъа ва Спитамен ташкил дода, дастгирй намуд.
Дар чорчӯбаи Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об USAID барои сохтмон ва таҷҳизонидани 31 утоқи кории ИИО, барқароркунии 761 дарвозаҳои обтақсимкунй, тоза намудани 170 км чӯйборҳо ва 160 км заҳкашҳо, сохтмони 1,3 км ҷӯйборҳои нав ва харидории 3 дона трактори нав барои ИИО грант ҷудо намуд.
Дар шароити бӯҳрони озуқаворй, ки зимистони қаҳратуни солҳои 2007-2008 ба вуқӯъ омад, USAID тавассути Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об 600 тонна тухмии гандум ва 660 тонна нурии минералй ба кишвар ворид намуд ва байни деҳқонон тақсим кард. Маросими супурдани техникаи хоҷагии қишлоқ марҳилаи охирини фаъолияти бомуваффақияти Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об гардид.
Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакдиҳандаи USAID мебошад. Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар Душанбе зиёда аз 984 миллион доллари ИМА-ро ба барномаҳои кӯмакдиҳандаи рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва иктисодиёти Тоҷикистон таъмин кардааст.
«Рӯзгор»