02:02:05 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАИСИ ҶУМҲУРИ ЧИН: "ДАР СУРАТИ ҲАМЛА БА ЭРОН, МО ВОРИДИ ҶАНГ ХОҲЕМ ШУД"

Раиси ҷумҳури Чин шадидан ҳушдор дод, агар Амрико ё кишварҳои дигар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамла кунанд, фавран ба ҷонибдории Эрон, вориди ҷанг хоҳанд шуд.

Ба гузориши Europian Union Times, вазорати дифои Амрико эълом кард, Владимир Путин, нахуствазири Русия ва Медведев, раиси ҷумҳури ин кишвар, фош карданд, ки Ҳу Ҷин Тоу, раиси ҷумҳури Чин, гуфтааст, ки танҳо роҳи пешгирии фишори Ғарб алайҳи Эрон, ин ба таҳдидҳои ҳарбии онҳо чунин ҷавоби ҳамвазн додан аст. Ҳу Ҷин Тоу дастури омодабоширо ба нирӯҳои баҳрии Чин вобаста ба ҳамин изҳороташ додааст.

Раиси ҷумҳури Чин ҳафтаи гузашта дар дидор бо мақомоти низомии олирутбаи Чин ҳушдор дод, ки Чин аз ҳеч гуна ҳимоятро аз Эрон дареғ нахоҳад дошт, ҳатто агар ба қимати ворид шудан ба ҷанги ҷаҳонии севвум бошад ҳам.

Вазорати дифоъи Амрико дар идома фош кардааст, ки Амрико дар ҳоли омода кардани "роҳи ҳалли ниҳоӣ" барои бӯҳрони Ховари Миёна ва истифода аз силоҳҳои биологии маргбор дар ҳамла ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сурия аст.

Нақшаи истифодаи яроқи биологиро доштани Амрико, ду ҳафта пеш тавассути Рон Фушер, вирусшиноси олмонии Маркази таҳқиқоти дармонии Еросмуси  Ҳоланд фош шуд. Ин вирус 5 бор қавитар аз вируси зукоми мурғӣ аст ва барои одамон бисёр маргбор ва кушанда аст.

Ин манбаъ ҳамчунин ифшо кардааст, ки дар сурати ҳамлаи Амрико ва истифодаи ғарб аз ин вируси кушанда, беҳтарин роҳ барои истифодаи он, истифода аз ҳавопаймои бидуни сарнишини RQ-170 аст.

Ҳавопаймои бидуни сарнишини RQ-170, ҳамон ҳавопаймое аст, ки ҳафтаи гузашта тавассути нирӯҳои мусаллаҳи Эрон ба замин нишонда шуд.

Арзёбии имконот ва вижагиҳои ин ҳавопаймо тавассути мутахассисони Эрону Русия муҳимтарин дағдағаи Амрико дар истифода аз ин ҳавопаймо алайҳи душманони худ хоҳад буд.

«Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi