05:52:14 01-уми Июли 2025 сол

ДОДСИТОНӢ МУТТАҲАМОН БА ҚАТЛИ ПУЛИСРО БА ДОДГОҲ КАШИД

Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ дар мавриди қатли як корманди пулиси ин кишварро барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ирсол кардааст. Равшан Шарипов, маъмури пулиси роҳ, дар баҳори соли ҷорӣ мавриди ҳамлаи ду нафар қарор гирифта ва дар натиҷаи лату кӯб ҷони худро аз даст дод.

Додситонӣ Озодбек Одинаев ва Саидмухтор Мирҷоновро тибқи чаҳор моддаи Қонуни кайфарӣ ё ҷазои Тоҷикистон ба авбошӣ, талош барои ришвадиҳӣ, истифода аз зӯр алайҳи корманди давлатӣ ва қатл дар натиҷаи беэҳтиётӣ муттаҳам кардааст. Дар ин бора Шодӣ Шарипов, падари Равшан, ба хабаргузориҳо иттилоъ додааст.

Аммо вакили мудофеъи оқоён Одинаев ва Мирҷонов иттиҳомоти ворида алайҳи муваккилонашро нодуруст хонда ва гуфтааст, ки таҳқиқоти ин қазия амиқ анҷом нашуда ва вай муваккилонашро тибқи моддаи 108 яъне қатл аз беҳтиётӣ гунаҳкор намедонад.

Равшан Шарипов баъд аз зӯҳри рӯзи 27 апрел ба ҳангоми ифои вазифа дар яке аз хиёбонҳои Душанбе ҳадафи ҳамлаи як ронанда ва ҳамроҳаш қарор гирифта ва баъд аз чанд рӯз дар бемористон даргузашт.

Шоҳидони айнии ин ҳодиса гуфта буданд, ки ин маъмури пулис як худрави Мерседесро дар хиёбони Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе барои риъоят накардани қавоъиди роҳ нигоҳ дошт ва мехост ронандаро ҷарима кунад. Аммо ронанда ва ҳамроҳи вай Равшанро мавриди лату кӯб қарор дода ва ӯро шадидан захмӣ кардаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ