САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ
Рӯзи 18-уми декабри соли равон, соати 17: 22 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳангоми боло баромадан аз тарафи деҳаи Хидорҷев ба деҳаи Сумҷеви Ҷамоати деҳоти Тавдеми ноҳияи Роштқалъа автомашинаи тамғаи Чан Ху ё худ Тангем, рақами давлатиаш В 1048 04 РТ мансуб ба шаҳрванд Нафасшоев Окимшо Булбулшоевич, соли таваллудаш 1984, сокини деҳаи Сумҷев бо се нафар мусофир аз баландии тақрибан 25 метр ба поён ғалтид, ки дар натиҷа шаҳрвандон Кароматов Кароматшо Назокатшоевич, соли таваллудаш 1962 ва Кабутаршоев Расул Давлатшоевич, соли таваллудаш 1989 сокинони деҳаи Сумҷеви ноҳияи Роштқалъа, ҳалок гардида, Душанбиев Акмал Миралишоевич, соли таваллудаш 1989, сокини деҳаи Кушки Поршиневи ноҳияи Шуғнон ҷароҳати вазнин бардошт.
Душанбиев Акмал ва Нафасшоев Окимшо ҳар ду бо ҳолати вазнин дар беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ бистарӣ шуданд. Мусофирон аз тӯйи арӯсӣ, ки дар деҳаи Ризефи Ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъа баргузор шуда буд, ба хонаашон бармегаштанд. Нозири калони БДА Зиёбеков Интизор сабаби рух додани садамаро натиҷаи фориғболӣ ва аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромадани ронанда арзёбӣ кард.
Алии Пайшанбе, «Рӯзгор», Хоруғ