15:03:52 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 27 28 29 30
31            

ЗАНҲОИ САУДӢ ДИГАР ЧАШМОНАШОНРО НИШОН НАМЕДИҲАНД

Tengrinews.kz

Пулиси ахлоқи Арабистони Саудӣ дастуре таҳия кардааст, ки ба занҳои маҳаллӣ дар байни мардум намоиш додани чашмони "ҳавасангезашон"-ро манъ мекунад, хабар додааст "News.ru.coil" бо истинод ба изҳороти намояндаи кумитаи дастгирии неккирдорӣ ва мубориза бо гуноҳҳо Шайх Матлаб ал-Набид.

Худи кормандони пулис муайян мекунанд, ки кадом чашмҳо "ҳавасангезанд" ва қоидаи навро вайрон мекунанд. Истифодабарандагони арабии Интернет аллакай баҳсу мунозираи гарму ҷӯшонро дар атрофи ин мавзӯъ оғоз кардаанд. Онҳо фаҳмидан мехоҳанд, ки ранг кардани мижгонҳо манъ мешуда бошад ё не ва барои нигоҳи ҷасуронае аз зери ниқоб ҳам занҳо ҷазо мегирифта бошанд.

Занҳои саудӣ қариб аз тамоми ҳуқуқҳо маҳруманд -онҳо мошин ронда наметавонанд, дар интихобот иштирок намекунанд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ҳамроҳи ягон хеши марди худ пайдо шуда наметавонанд. Дар баъзе вилоятҳои шоҳигарӣ барои итоат накардан ба ин қоидаҳо қамчинкорӣ мекунанд.

Масалан, моҳи сентябри соли равон додгоҳи саудӣ занеро барои сари ҷилави автомобил нишастан ба қамчинкорӣ дар ҳузури одамон ҳукм кард. Ба вай даҳ зарба бо тозиёна таҳдид мекард. Лекин рӯзи дигари содир шудани ҳукм шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз дар бораи авфи ин зан қарор баровард.

Яке аз намунаҳои дурахшон бо иштироки муборизон бо бадахлоқӣ соли 2002 рух дод. Ҳамон вақт пулиси ахлоқ толибаҳои синфҳои болоиро ба баромадан аз мактаби сӯхтаистода дар Макка иҷозат надод, зеро онҳо дар сар рӯймол надоштанд. Дар натиҷа 15 духтар ҳалок шуд ва тани даҳҳо нафари дигар сӯхт.

«Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi