07:08:57 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ДАР АМРИКО ВА КАНАДА БАЧАБОЗӢ ҚОНУНӢ МЕШАВАД

Vesti.ru

Ҳангоми муҳокимаи қонун доир ба педофилия (бачабозӣ) дар парлумони Канада одамони дар заминаи сексуалӣ касалии рӯҳидошта муҳофизони худро пайдо карданд. Онҳо педофилияро "тамоюли сексуалие баробари гомосексуализм" номиданд.

Дар ИМА бошад созмони махсусе вуҷуд дорад, ки барои қонунӣ кардани педофилия мубориза мебарад. Ҳангоми муҳокимаи ворид кардани дигаргуниҳо ба С-54 дар парлумони Канада, ки ворид кардани тағйиротро ба Кодекси ҷиноӣ доир ба мӯҳлати ҷазо барои ҷинояти характери сексуалӣ дошта зидди кӯдакон пешбинӣ мекунад, дар ҳузури амалдорон психологи Донишгоҳи Монреал Хуберт ван Гиҷсегхем ва доктор Венон Куинси суханронӣ карданд.

 Олимон кӯшиш ба харҷ доданд, то ҳукуматдоронро мӯътақид созанд, ки педофилия ин бемории рӯҳӣ нест, балки намуди махсуси тамоюли сексуалӣ мебошад баробари гомо ва гетеросексуализм, навиштааст "Christian Telegraph". Ба ақидаи психологҳо "табобат"-и педофилҳо бо роҳи ахтакунии кимиёвӣ ва ё зиндонӣ кардан ин ваҳшигарист.

"Ҳанӯз чанде пештар гомосексуализм беморӣ маҳсуб мешуд ва имрӯз худи одамонеро, ки гейро бемор мегӯянд, девонаашон мехонанд. Педофилия ҳам ҳамин хел аст. "Табобат кардан"-и педофил мисли табобат кардани гей аз гомосексуализм аст -шумо ба натиҷае ноил намегардед. Мо бояд педофилҳоро фаҳмем ва ба онҳо сабру тоқат аз хоҳишҳои ҷинсиро омӯзонем. Онҳоро ҷинояткор ҳисоб кардан лозим нест, онҳо одамоне мебошанд, ки ба кӯмак эҳтиёҷ доранд", -изҳор дошт профессор Гиҷсегхем.

Ҳарчи ҳам набошад, идеяи олимонро дар бораи илтифот ба педофилҳо ҳамагӣ як узви парлумони Канада дастгирӣ кард. Зимнан, психологҳои Канада дар ин бобат танҳо нестанд. Дар ИМА созмони "B4U-ACT" вуҷуд дорад, ки мақсадаш қонунӣ кардани педофилия мебошад, хабар медиҳад "Lifesitenews".

Бисёр психологҳои соҳибэҳтиром аз Гарвард, донишгоҳҳои Иллинойс ва Луисвилл узви ин созмон мебошанд. Онҳо педофилҳоро одамоне меноманд, ки диққаташонро наврасон ба худ мекашанд ва изҳор мекунанд, ки таъқиби ҷиноии чунин одамон "ғайриилмист". Намояндагони "B4U-ACT" ба мисли ҳамақидаҳояшон аз Канада педофилияро тамоюли сексуалӣ меҳисобанд.

Ҳарчанд ҳайратовар аст, ҷунбишҳое, ки ҷонибдори қонунӣ кардани педофилия мебошанд, таърихи бештар аз нимасра доранд. Яке аз аввалин созмонҳое, ки "муносибати озод бо кӯдакон"-ро тарғиб мекард, соли 1950 дар Гаага ташкил шудааст ва "Анклав" ном дошт. Лекин ҳам аъзо ва ҳам пайравони "Анклав" дар ин бобат ба ягон муваффақияте ноил нашудаанд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi